Чанд расонаи Амрико бо такя ба манбаъҳои худ хабар доданд, ки президент Доналд Трамп дар фикри фиристодани ҳазорҳо нерӯи заминӣ ба Ховари Миёна аст. Худи ӯ рӯзи 19-уми март нақшаи ҷобаҷо кардани нерӯҳои бештарро дар минтақа рад намуд, вале ҳамзамон ишора кард, ки ҳама “дарҳо боз мемонанд”.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, гуфт, “на, ман нерӯҳоро дар ҳеч ҷо мустақар намекунам. Агар ҳам мекардам, бешубҳа, ба шумо намегуфтам. Вале ман нерӯ намефиристам.”
Як манбаъ бо шарти фош нашудани номаш ба хабаргузории "Рейтерс" гуфтааст, “феълан дар бораи фиристодани нерӯҳои заминӣ ҳеч қарор вуҷуд надорад, вале президент Трамп ҳамаи гузинаҳоро дар ихтиёри худ нигаҳ медорад”.
Ин манбаъ афзудааст, президенти Амрико тамоми талошро барои расидан ба ҳадафҳои амалиёти “Хашми ҳамосӣ” равона карда, дар ин роҳ бояд тавоноиҳои мушакии Эрон, нерӯи дарёӣ ва созмонҳои террористии рӯ ба Ҷумҳурии Исломиро, ки дар бесуботсозии минтақа даст доранд, нобуд кунад ва нагузорад, ки Эрон соҳиби силоҳи ҳастаӣ шавад.
Пентагон ин мавзуъро шарҳ намедиҳад.
Пит Ҳегсет
Вазири дифоъ ё ҷанги Амрико Пит Ҳегсет рӯзи 19-уми март гуфт, ҳадафҳои Иёлоти Муттаҳида дар ҷанги зидди Эрон аз оғози ҳамла дар рӯзи 28-уми феврал дигар нашудааст.
Нашрияи The Washington Post бо такя ба як манбаи баландмақом рӯзи 18-уми март навишт, баъди он ки Кохи Сафед аз Конгресс хост, ба додани 200 миллиард доллар барои ҷанги зидди Эрон розӣ шавад, Ҳегсет гуфтааст, “барои куштани бачаҳои бад пул даркор аст”.
Хабаргузории Reuters бо такя ба се манбаъ хабар дод, ки маъмурияти Амрико инчунин имкони истиқрори нерӯҳои заминиро дар ҷазираи Хорги Эрон баррасӣ дорад. Нуқтае, ки 90% аз нафти Эрон аз онҷо содирот мешавад.
Пит Ҳегсет, вазири дифои Амрико, гуфт, "Эрон медонад, вақте ба ҷазираи Хорг ва иншооти ҳарбӣ, ки бо интиқоли бор машғуланд, зарба мезанед, коре, ки мо ҳоло мекунем, мо ҳаракати ҳама гуна бор, ҳама чизро боздошта метавонем."
"Рейтерс" бо такя ба чор манбаъ, аз ҷумла ду мақоми амрикоӣ навишт, ки нерӯҳои иловагӣ ба Трамп имкониятҳои бештар медиҳанд, аз ҷумла дар убури амни нафткашҳо тавассути гулӯгоҳи Ҳурмуз мусоидат мекунад. Манбаъҳо мегӯянд, чунин амалиёт асосан тавассути ҳаво ва баҳр метавонад анҷом шавад ва барои ин истиқрори бештари нерӯ лозим аст.