Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ариэл Коҳен: Фишори энержии Эрон "дар ниҳоят нопойдор аст"

Сиёсатшинос Ариэл Коҳен дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ нақши нафтро дар масоили геополитикии Эрон, имкониятҳои маҳдуди ин кишвар дар таъсиргузорӣ ба вазъи бозор ва далелҳояшро дар заминаи бартарияти Амрико ва ҳампаймонҳои он дар ин муборизаҳо шарҳ дод.

Алекс Рауфоғлу, Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, Вашингтон

Дар пасманзари коҳиши якбораи фаъолиятҳо дар гулӯгоҳи Ҳурмуз (бо сабаби шурӯи ҷанги Амрикову Исроил зидди Эрон ва афзоиши нархи нафт) таҳлилгарон ҳушдор медиҳанд, ки маводи сӯхт ба як бахше аз муборизаҳои стратегӣ табдил мешавад.

Эрон истеҳсолкунандаи ҳиссаи начандон бузурги нафти ҷаҳон аст, вале дар яке аз нуқтаҳои ҷуғрофии бисёр муҳими интиқоли маводи энержӣ қарор дорад. Ҳоло яке аз пурсишҳо ин аст, ки то куҷо Теҳрон мехоҳад вобастагии ҷаҳонро аз нафти Халиҷи Форс барои тақвияти мавқеаш дар муқобили душманон истифода кунад.

Ариэл Коҳен корманди калони илмии Шӯрои Атлантика, мутахассиси масоили энерживу афзоиши амният ва инчунин муассиси ширкати машваратии International Market Analysis аст. Радиои Озодӣ аз ӯ хост, дар бораи то куҷо аз бозори энержиаш ҳамчун силоҳ истифода кардани Эрон дидгоҳҳояшро дар миён гузорад.

Радиои Озодӣ: Бо назардошти коҳиши интиқоли нафт тавассути гулӯгоҳи Ҳурмуз ва афзоиши нархи он, то куҷо Эрон вобастагии ҷаҳонро аз нафти Халиҷи Форс ҳамчун василаи стратегӣ истифода мекунад?

Ариэл Коҳен: "Эрон яке аз муассисони Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт – ОПЕК аст ва ҳамеша аз мавзеъгирии сахт кор гирифтааст. Мавзеъгириаш дар ин созмон ҳамеша тундравона буд ва дар қатори Венесуэла – як муассиси дигари созмон, доим барои афзоиши нарх пойфишорӣ мекард. Масалан, Арабистони Саудӣ мехоҳад қисмати васеи бозорро дар ихтиёр дошта бошад ва барояш аз ҳад зиёд баланд будани нарх муҳим нест. Яъне Эрон таҷрибаи тӯлонии кор дар бозори нафтро дорад. Мардуми Эрон – форсҳо – 2600 сол пеш бозиҳои геополитикӣ кардаанд. Як бовари қолабие вуҷуд дорад, ки эрониҳо шоҳмотро ихтироъ кардаанд, аз ин рӯ онҳо медонанд, ки дар рӯйи тахта бо мӯҳраҳои шатранҷ чӣ гуна бозӣ кунанд. Бо ин вуҷуд, ба бовари ман, ин режим ваҳшонияти худ ва ҳам муомилаи нодуруст бо харитаи ҷаҳониро хуб намоиш дод. Ин режим тахминан 50 сол аст шиори “Марг бар Амрико” ва “Марг бар Исроил”-ро ба забон меорад ва дар ин муддат дар асл на танҳо Амрико ва Исроил, балки бисёр ҳамсояҳои дигараш – давлатҳои арабӣ, Туркия, Озарбойҷон ва дигар кишварҳоро ба душмани худ табдил додааст. Чунин муносибат беоқибат аст ва дар дарозмуддат алайҳи манфиатҳои Эрон кор хоҳад кард."

Оё Эрон стратегияи бесуботии бозори энержиро нигоҳ дошта метавонад?

Радиои Озодӣ: То куҷо стратегияи Эрон дар заминаи бесуботкунии бозорҳои энержӣ мустаҳкам аст? Оё Теҳрон фишорро дарозмуддат нигоҳ дошта метавонад?

Ариэл Коҳен
Ариэл Коҳен

Ариэл Коҳен: "Амрико бартариҳои ҳарбию ҷунбишии аён дорад. Эрониҳо хатои азиме мекунанд, чун зоҳиран, вусъати хисоротеро, ки Иёлоти Муттаҳида ва Исроил метавонанд ба Эрон расонанд, ҷиддӣ намегиранд. Мардуми Эрон режиме дорад, ки миллиардҳо долларро ба дастгирии нерӯҳои лӯхтакмонанд дар Ховари Миёна, ба бунёди барномаи ҳастаӣ, коркарди имконияти истеҳсоли мушакҳои баллистикӣ сарф кардаасту ҳоло нобуд карда мешаванд. Ҳамин тавр аз дидгоҳи сирф иқтисодӣ режим ноком шуд. Эрон метавонист бо истифода аз захираҳои нафтиаш як давлати сарватманде бигардад. Вале ба ҷойи он кишвари нодор шуд. Бисёр одамон, ки имкони фирор доштанд, яъне табибон, муҳандисон, донишмандон - ҳама муҳоҷират карданд. Ин режим на фақат пойдевор, балки захираҳои инсониро ҳам нобуд мекунад. Дар робита бо бозорҳои энержӣ бояд гуфт, ки имрӯз нархи нафт барои ҳар бушка тахминан 87 доллар нарх дорад. Агар мо ба афзоиши баланди гузашта нигоҳ кунем, яъне солҳои 2008, 2014 ва 2022, мебинем, ки он замон нархҳо хеле баландтар буданд. Нархе бо арзиши тахминан 87 доллар иқтисоди Амрикоро хароб карда наметавонад. Вазъият дар Осиё ва Аврупо мушкилтар аст, вале ин кишварҳо сарнавишти ин низоъро ҳал намекунанд. Ба назари ман, ҷанг на моҳҳо, балки ҳафтаҳои дароз метавонад давом кунад. Дар поёни ҷанг ҳам вазъи ин режим дар ҳолати беҳтар назар ба оғози ҷанг нахоҳад буд."

Устувории иқтисодии кадом кишвар муҳимтар аст?

Радиои Озодӣ: Агар ҳаракати нафткашҳо тавассути гузаргоҳи Ҳурмуз давоми ҳафтаҳову моҳҳо башиддат кам шавад, чӣ таъсире ба нархи нафт ва иқтисодҳои асосӣ бахусус дар Аврупо ва Осиё хоҳад дошт?

Ариэл Коҳен: "Аввал инки Амрико имкониятҳои ҳарбию баҳрӣ ва ҳавоӣ дорад, ки ба ин чиз роҳ надиҳад. Иёлоти Муттаҳида василаҳоеро, ки Эрон метавонад барои минагузорӣ кардани гузаргоҳи Ҳурмуз - чӣ дар замин ва чӣ дар ҳар ҷойи дигари системаи фармондеҳӣ ва раҳбарии Эрон истифода мекунад, нобуд карда метавонад, чунки ин фаъолиятҳо нопойдор хоҳанд буд."

Радиои Озодӣ: Эрон давоми даҳсолаҳо ба таҳримҳову инзивои иқтисодӣ мутобиқ шудааст, дар ҳоле, ки Амрико ва ҳампаймонҳои он ба афзоиши якбораи нархи нафт ҳассосият доранд, чун ин метавонад боиси таваррум ва вокунишҳои сиёсӣ шавад. Дар ҳамин низоъ билохира устувории иқтисодии кадоме аз онҳо муҳимтар аст?

Ариэл Коҳен: "Аз ҷиҳати ҳарбӣ масъала на фақат дар ҳамроҳӣ кардан ба нафткашҳо аст. Гап дар нобудсозии қудрати Эрон аст, чун метавонад гулӯгоҳро масдуд кунад, яъне системаи баҳрӣ, тӯпхона, василаҳои ҳавоӣ, мушакҳо, яъне ҳар чизе, ки ба роҳҳои баҳрӣ таҳдид мекунад. Аз ҷиҳати иқтисодӣ ИМА ва иқтисодҳои азим абзор доранд. Захираҳои нафти стратегӣ дар ИМА ва кишварҳои Ҳафтгона, ки иқтисодҳои азим ҳастанд, аз ҷумла, Чин метавонанд боз шаванд. ИМА метавонад режими таҳримҳоро ҷорӣ кунад, аз ҷумла, оне, ки ба нафти Русия таъсир мерасонад, то ки василаҳои иловагӣ вориди бозор шаванд. Бояд дар ёд дошта бошем, ки Эрон танҳо 2% нафти ҷаҳонро истеҳсол мекунад. Истеҳсоли ИМА хеле бештар аз он аст. Арабистони Саудӣ, Кувайт ва дигар истеҳсолкунандаҳо дар Халиҷ ҳам миқдори зиёде истеҳсол мекунанд. Кишваҳои Африқо ва Амрикои Лотин ва Венесуэла ҳам метавонанд истеҳсолоти иловагиро ба роҳ монанд. Яъне аз даст додани нафти Эрон ҳалкунанда намешавад. Инчунин, баррасиҳое буд, ки ИМА метавонад ҷазираи Хоргро ҳадаф қарор диҳад, чун он терминали асосӣ барои содироти нафти Эрон мебошад. Агар ИМА дар пайи ишғол ва ё хароб кардани ҷазираи Хорг шавад, дурнамои иқтисодии режими Эрон метавонад аз назари имкониятҳои содироти оянда хеле бад шавад. Содирот аз кишварҳои Халиҷ бо ин вуҷуд идома мекунад. Барои Амрико ҳимоят аз ин содирот дар авлавият қарор хоҳад дошт."

Радиои Озодӣ: Аҳамияти стратегии ҷазираи Хорг дар чӣ аст?

Ариэл Коҳен: "Тавассути ҷазираи Хорг тахминан 90% нафти содиротии Эрон мегузарад. Агар Амрико онро назорат кунад, Вашингтон метавонад ояндаи сиёсати содиротро ба таври муассир дикта кунад. Агар он нобуд карда шуд, Эронро аз манбаи аслии даромад бенасиб мегардонад."

Оё ширкатҳо истифода аз гулӯгоҳи Ҳурмузро бояд идома диҳанд?

Радиои Озодӣ: Президенти Амрико ба наздикӣ гуфт, ки бо вуҷуди хатарҳо, ширкатҳои нафтӣ бояд истифодаи гулӯгоҳи Ҳурмузро идома диҳанд. Ин изҳорот дар амал чӣ маъно дорад?

Ариэл Коҳен: "Аз рӯи қоида, тиҷорат дар ҷое, ки тиру мушак мепарад, кор намекунад. Президенти Амрико наметавонад ба ширкатҳои хусусии нафтӣ амр диҳад, ки ба минтақаи ҷангӣ раванд. Бо ин вуҷуд, саноати энержӣ дар муқобили хатарҳо таҳаммулпазирии баланде дорад. Масалан, ширкати Occidental Petroleum бо вуҷуди ҳамлаҳои батакрори ҷангҷӯён дар Колумбия корашро қатъ накард. Вале аз назари ҳамлаҳои шӯришиён ба лӯлаи нафтӣ ва хатар ба коми рафтани киштиҳои нафтӣ як тафовуте ҳаст. Дар ин ҷо чандин ҷониб дахил ҳастанд – ширкатҳои баҳрӣ, бима ва таъминкунандагони амният. Дар ниҳоят аз байн бурдани тавоноии Эрон дар ҳадаф қарор додани нафткашҳо дар борикаи Ҳурмуз аст. ИМА тавони онро дорад ва метавонад ин корро ҳам аз лиҳози ҳимояти ҷисмонӣ ваё аз роҳи фишори зиёд тавассути миёнаравҳо ваё ба таври мустақим ба анҷом расонад, то ки барои анҷоми ҳамлаҳо болои киштиҳову талоши минакорӣ кардани борика хотима ёбад."

XS
SM
MD
LG