Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, гуфт, бисёре аз ҳампаймонҳои Иёлоти Муттаҳида дар НАТО гуфтаанд, хоҳиши иштирок дар амалиёти низомӣ алайҳи Эронро надоранд. Ӯ ин иқдомро "хатое бисёр аҳмақона" хонд.
Президенти Амрико рӯзи 17-уми март дар паёме дар шабакаи иҷтимоии Truth Social навишт, "кишварҳои узви НАТО аз ҷанги якҷояи Амрико ва Исроил, ки акнун вориди ҳафтаи севум шудааст, ҳимоят мекунанд, аммо намехоҳанд дар он иштирок дошта бошанд".
Трамп афзуд, "фикр мекунам НАТО муртакиби хатои бисёр аҳмақонае мешавад. Ҳама бо мо мувофиқанд, аммо намехоҳанд кумак кунанд. Ва мо, ба унвони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бояд инро дар хотир нигаҳ дорем, чун воқеан ҳайратовар аст".
Пас аз он ки Эрон дар посух ба ҳамлаҳои Амрико ва Исроил бо истифода аз паҳподу мушак ва минаҳо амалан ҳаракати нафткашҳоро дар тангии Ҳурмуз баст, раисҷумҳури Амрико аз кишварҳо хост, дар таъмини амнияти ин оброҳа ёрӣ кунанд.
Шуморе аз муттаҳидони Амрико рӯзи 15-уми март эълон карданд, ки барномаи фаврӣ барои фиристодани киштиҳо ба ҳадафи бозкушоии ин оброҳаро надоранд ва амалан дархости Трампро барои ҳимояти низомӣ рад карданд.
Трамп дар идома гуфт, фикр мекард Аврупо барои кумак ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар тангаи Ҳурмуз киштиҳои минарӯб мефиристад. Ӯ афзуд, ин "масъалаи калоне нест", аммо дар айни ҳол чунин коре "дар ҳаққи Амрико одилона нест".
Доналд Трамп пештар дар шабакаи Truth Social навишта буд, "бо таваҷҷуҳ ба муваффақияти низомии бузурге, ки доштем, дигар ба кумаки кишварҳои узви НАТО "ниёз"-е надорем ва ҳатто майле ҳам ба он надорем, аслан ҳеч вақт ҳам надоштем. Ҳамчунин ба кумаки Ҷопон, Австралия ва Кореяи Ҷанубӣ ниёзе надорем".
Раисҷумҳури Амрико дар бахши дигаре аз изҳороташ дар Кохи Сафед гуфт, Кейр Стармер, нахуствазири Бритониё, бо ҳимоят накардан аз Вашингтон дар ҷанги Ховари Миёна тасмими хатое гирифтааст. Трамп гуфт, "ӯ ҳимоят накард ва ба назарам, ин як хатои калон аст. Аз Кейр Стармер ноумед шудаам, ӯро дӯст дорам, фикр мекунам одами хубе аст, аммо ноумед шудаам".
Исроил ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 28-уми феврал ба Эрон ҳамла карданд ва ин ҷанг то кунун идома дорад. Президент Доналд Трамп гуфт, ҳадаф аз ин ҳамлаҳо аз байн бурдани имкониятҳои низомии Эрон ва пешгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ аст. Иддаое, ки Эрон онро рад мекунад ва мегӯяд, ҳадафи барномаи ҳастаиаш сулҳомез аст ва танҳо мехоҳад, аз ин тариқ ниёзҳои энержиашро бароварда кунад.
Дар ҳамлаҳои Исроил ва Амрико шуморе аз раҳбарони олирутбаи Эрон ва фармондеҳони низомии ин кишвар, аз ҷумла раҳбари олии Эрон Алии Хоманаӣ, дабири Шӯрои амнияти миллӣ Алии Лориҷонӣ, вазири дифоъ ва фармондеҳи Сипоҳи посдорон кушта шуданд.
Эрон дар посух ба шаҳрҳои гуногуни Исроил ва кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс, ки мизбони пойгоҳҳои низомии Амрико мебошанд, ҳамла кард.
Ҳамчунин сафорату консулгариҳои Амрико дар Бағдод, Кувайт, Риёз, Арбили Курдистон ва Дубай ҳадафи ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподии Эрон ва гурӯҳҳои муттаҳиди он, аз ҷумла, "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон ва "Ҳашд-Аш-Шаъбӣ" қарор гирифтанд.