Вай дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт: “Чанд лаҳза пеш, бо дастури ман фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳида (CENTCOM) яке аз пуриқтидортарин ҳамлаҳоро дар таърихи Ховари Миёна анҷом дод ва тамоми ҳадафҳои низомиро дар ҷазираи Хорг нобуд кард”. Ӯ ҳамчунин навореро нашр кард, ки зоҳиран тавассути дурбинҳои назоратӣ сабт шуда, лаҳзаи сар задани таркиш дар ҷазираро нишон медиҳад.
“Силоҳҳои мо пуриқтидортарин ва пешрафтатарин силоҳе аст, ки ҷаҳон то ҳол назирашро надидааст. Вале бо таваҷҷӯҳ ба омилҳои инсонӣ ман тасмим гирифтам, ки зерсохторҳои нафтии ин ҷазира аз байн бурда нашавад”. – таъкид кардааст, Трамп.
Вай дар айни замон ба Теҳрон ҳушдор дод, ки агар Эрон “ё ҳар каси дигаре” ба ҳаракати киштиҳо дар гулӯгоҳи Ҳурмуз монеъ шавад, тасимашро дар бораи марказҳои нафтии ҷазираи Хорг бозбинӣ хоҳад кард.
Хорг ин ҷазираи хурд дар Халиҷи Форс аст, ки қариб 90 дарсади нафти содиротии Эрон аз онҷо ба берун бурда мешавад. Ин ҷазира дар ҳудудан 24-километрии соҳилҳои Эрон ва дар тақрибан 480-километрии шимоли гулӯгоҳи Ҳурмуз воқеъ шудааст. Эрон аз соли 1960 барои содироти нафти худ аз он истифода мекунад. Лангаргоҳҳои Хорг имкон медиҳанд, ки киштиҳои азими нафткашон дар он ҷо бор бигиранд.
Расонаҳои давлатии Эрон ҳам рӯзи 14-уми март гуфтанд, нерӯҳои Амрикоӣ иншооти низомӣ дар ҷазираи Хоргро ҳадаф қарор додаанд. Ба навиштаи онҳо дар ҷазира “беш аз 15 таркиш” рух дода, дуди ғализе ба осмон печидааст.
Низомиёни Эрон қаблан ҳушдор дода буданд, ки дар сурати ҳамла ба зерсохторҳои энержӣ, онҳо низ ба таъсисоти нафтии Амрико дар минтақа зарба хоҳанд зад.
Ин таҳаввулот дар ҳоле сурат мегиранд, ки Вазорати дифои Амрико ба тақвияти нерӯҳои худ дар Ховари Миёна оғоз кардааст. Пас аз ваъдаи Доналд Трамп дар бораи шадид шудани ҳамлаҳо дар ҳафтаи оянда, Амрико як киштии ҷангии навро ҳамроҳ бо нерӯҳои пиёданизоми дарёӣ ба минтақа эъзом кард.
Мақомоти Эрон, рӯзи 13-уми март гуфтанд, Пентагон як гурӯҳи иборат аз 2500 нерӯи пиёдагарди дарёиро бо киштии ҷангии USS Tripoli ба минтақа мефиристанд
Гуфтугӯ