Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарбаҳои интиқомҷӯёнаи Эрон ва идомаи ҳамлаҳои Исроилу Амрико

Хонае, ки дар ҳамлаи мушакии Эрон дар наздикии Телавив вайрон шудааст. Рӯзи 18-уми марти 2026
Хонае, ки дар ҳамлаи мушакии Эрон дар наздикии Телавив вайрон шудааст. Рӯзи 18-уми марти 2026

Баъди он ки Теҳрон гуфт, интиқоми кушта шудани Алии Лориҷониро меситонад, мавҷи ҳамлаҳои мушакии Эрон сабаби марги ду нафар дар Исроил гашт. Рӯзи 18-уми март дар Байтулмуқаддас (Исроил) ва Дубай (Имороти Муттаҳидаи Араб) низ садои чанд таркиш шунида шуд.

Мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб гуфтанд, падофанди ҳавоии ин кишвар 13 мушаки баллистикӣ ва 27 ҳавопаймои бесарнишини Эронро раҳгирӣ кард. Аз оғози ҷанг то кунун беш аз ду ҳазор ҳавопаймои бесарнишин (дрон, паҳпод) ва мушак аз ҷониби Эрон ба ин кишвар партоб шудааст.

Бино ба изҳороти Сипоҳи посдорон, ки аз телевизиони давлатии Эрон садо дод, дар ин ҳамлаҳо аз мушакҳои "Хуррамшаҳр-4" ва "Қадр" истифода шуд. Ҳарду дорои чанд кӯлоҳак ҳастанд. Исроил ҳамзамон Эронро ба истифодаи бомбаҳои хӯшаӣ айбдор кард, ки дар миёнаи парвоз ба чанд бомбаи хурд тақсим шуда, дар масоҳати васеъ паҳн ва раҳгириро душвор мегардонад.

Мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ рӯзи 17-уми март тасдиқ карданд, ки раҳбари бонуфузи Шӯрои амният Алии Лориҷонӣ дигар зинда нест. Пас аз кушта шудани Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар рӯзи аввали ҳамлаҳои Исроилу Амрико (28-уми феврал), Лориҷонӣ аз муҳраҳои асосии қудрат дар Эрон ба шумор мерафт.

Вай 68 сол дошт ва дар мансабҳои баланде чун раиси порлумон ва мушовири роҳбари Ҷумҳури Исломӣ кор кардааст. Шӯрои амнияти миллии Эрон дар изҳороте гуфт, Алии Лориҷонӣ ҳамроҳи писараш Муртазо, муовинаш Алиризо ва чанд муҳофиз кушта шуд.

Ҳамлаҳои Исроилу Амрико ба Ҷумҳурии Исломӣ вориди ҳафтаи сеюм шуда, ҳеч нишонае аз поёни ҷанг дида намешавад. Расонаҳои Эрон рӯзи 18-уми март аз ҳамлаҳо дар вилояти Луристон ва шаҳри Ҳамадон дар ғарб ва вилояти Форс дар ҷануби ин кишвар хабар доданд.

Дар ҳамин ҳол, ширкати "Росатом", оператори русии нерӯгоҳи ҳастаии Бушеҳр дар ғарби Эрон гуфт, 17-уми март як снаряд ба минтақае дар наздикии ин таъсисот афтодааст. Ҳарчанд дар бораи зарар ё паҳншавии ташшашуъ (радиатсия) гузорише нест, Оҷонси Байнулмилалии Энержии Атомӣ ба "хештандории ҳадди аксар" даъват кард.

Бушеҳр ягона нерӯгоҳи ҳастаии Эрон аст, ки аз ҳисоби урани истеҳсолшуда дар Русия сӯхтрасонӣ ва аз ҷониби Оҷонси Байнулмилалии Энержии Атомӣ назорат мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Исроил ҳамлаҳои худро ба ҳадафҳои "Ҳизбуллоҳ"-Лубнон, ки аз ҷониби Эрон пуштибонӣ мешавад ва Иёлоти Муттаҳида онро созмони террористӣ медонад, низ афзоиш додааст. Дар ин ҳамлаҳо чанд нафар кушта шуда, нигарониҳоро дар бораи густариши низоъ дар саросари Ховари Миёна бештар карданд.

Нерӯҳои низомии Амрико эълон карданд, ки бо истифода аз бомбаҳои ба истилоҳ "сангаршикан" мавқеъҳои мушакии Эронро дар наздикии гулӯгоҳи Ҳурмуз ҳадаф қарор доданд.

Фармондеҳии марказии Амрико дар баёнияе дар шабакаи “X” рӯзи 17-уми март навишт, "мушакҳои болдори зидди киштӣ, ки дар ин мавқеъҳо ҷойгир буданд, барои киштиронии байнулмилалӣ таҳдид ба шумор мерафтанд."

Бо вуҷуди идомаи ҳамлаҳо, ки минтақаро дар гирдоби нооромӣ нигоҳ медорад, раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп 17-уми март дар Кохи Сафед гуфт, ҷанг дер давом нахоҳад кард.

"Мо маҷбур шудем, ки як маъмурияти кӯтоҳро барои муқобила бо силоҳҳои ҳастаӣ, ки дар дасти чанд девона буд, анҷом диҳем. Гузашта аз ин, ин кор дар зарфи як ё ду ҳафта тамом мешавад ва зиёд тӯл нахоҳад кашид,"– афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG