Бо ин ҳадаф ҷамъоварии имзои намозгузорон дар назди масҷид ба роҳ монда шудааст. Пулис то куҷо қонунӣ будани ин маъракаро месанҷад. Ҷонибдорони бисёрзанӣ дар навбатӣ худ гуфтаанд, ки аз ин ташаббуси худ даст кашиданӣ нестанд.
Ин даъват ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд. Дар даромадгоҳи масҷид аз намозгузорон хоста мешавад, ки ба ҷонибдорӣ аз сабуктар намудани ҷазои серзанӣ имзо гузоранд.
"НАБОЯД ДОҒИ СУДӢ БОШАД"
Феълан тибқи қонунгузорӣ мардоне, ки ду ё бештар ҳамсар доранд, ба корҳои ҷамъиятӣ ё ислоҳӣ ҷалб гардида ё то 1200 доллар ҷарима мешаванд.
Қамбаралӣ Оркошов, раҳбари гурӯҳи ташабусскор мегӯяд, "пешниҳоди мо ин аст, ки бигузор ҳаҷми ҷарима 10 ҳазор сом ва то 7 рӯзи ҳабс пешбинӣ шавад. Аммо муҳимтар аз ҳама, набояд доғи судӣ бошад. Яъне, мо мехоҳем, ки ин муқаррарот аз Кодекси ҷиноӣ ба шаҳрвандӣ иваз карда шуда, ҳамчун ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ арзёбӣ гардад".
Дар ин даъватҳо ходими маъруфи динӣ Озубек Ҷотонов ширкат дорад. Марди дигар дар сӯҳбат бо хабарнигорон ошкоро эътироф кардааст, ки ду зан дорад. Ин навор вокунишҳои мардумро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард. Бисёре аз корбарон ба хашм омада, инро мухолифи қонун номиданд.
Дар доираи тафтишот ҳамаи иштирокдорони чорабинӣ, аз ҷумла, фаъоли динӣ Озубек Ҷотонов, ба сӯҳбат даъват карда шуданд. Кормандони пулис ба онҳо фаҳмонданд, ки тибқи қонунгузории Қирғизистон, барои бисёрзанӣ тибқи Қонуни ҷиноӣ ҷазо пешбинӣ шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар Қирғизистон мехоҳанд, ҷазо барои бисёрзанӣ сабук шавад
Дар ҳамин ҳол, худи ташаббускорон пойфишорӣ доранд, ки корашон дар доираи қонун аст ва аз роҳашон бозгаштанӣ нестанд. Онҳо мегӯянд, Вазорати адлия ба ҷамъоварии имзо иҷозат додааст ва дар сурати ҷамъоварии 10 ҳазор имзои тарафдорон, тарҳи қонунро ба порлумон пешниҳод хоҳанд кард.
Қамбаралӣ Оркошов, раҳбари гурӯҳи ташаббускор мегӯяд, "мо аллакай тақрибан се-чаҳор ҳазор имзо ҷамъ кардем ва тақрибан як моҳ вақт дорем. Бинобар ин, ба ҷамъоварии имзоҳо идома медиҳем. Мо ягон қонунро вайрон намекунем. Дар мавриди даъвати фаъолони мо ба шӯъбаи милиса, худатон хуб медонед, ки нашрияҳо ва сомонаҳое ҳастанд, ки мардумро махсус ба шӯр меоранд. Дар шӯъбаи милиса тамоми санадҳоро диданд. Ҳама дар доираи қонун. Фақат дархост карданд, ки корамонро бе сару садои зиёдатӣ пеш барем".
"ИН ҲАМА САБУКӢ БАРОИ МАРДОН АСТ"
Шуморе аз сокинони Бишкек баръакс мехоҳанд, ҷазо барои бисёрзанӣ сахттар карда шавад. Яке аз онҳо Ҳабибӣ Улановаи 26-сола аст, ки бо собиқ волии вилояти Чуй Мирбек Мияров баҳси судӣ дорад. Ба гуфтаи ин зан, ӯ аз никоҳи мусулмонӣ бо Мияров, тифли маълул дорад. Мақомдори собиқ расман соҳиби ҳамсар мебошад. Ӯ фарзандеро, ки Ҳабиба ба дунё овардааст, қабул кардааст, аммо иттиҳоми бисёрзанӣ дар нисбаташро қабул надорад. Агар қарори додгоҳ ба манфиати Уланова содир шавад, мақомдори собиқ ё ба корҳои ҷамъиятӣ ва ё бо пардохти ҷарима халос мешавад.
Ҳабибӣ Уланова мегӯяд, "барои сӯхтани ҳаёти касе танҳо аз 50000 то 100000 сом? Ин ҳама сабукӣ барои мардон аст, ки қобили қабул нест. Ман мехоҳам, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳои ҳуқуқӣ диҳанд. Ман ҳам ҳайронам, ки чаро ин қонун пеши роҳи онҳоро нагирифтааст? Онҳо аллакай аз доираи қонун берун баромадаву бо ду оила зиндагӣ мекунанд".
Ба назари Ҳабибӣ Уланова, аз ин бештар сабуктар кардани ҷазо вазъи занону кудаконро боз ҳам бадтар хоҳад кард.
ҲУҚУҚШИНОСОН ЧӢ МЕГӮЯНД?
Ҳуқуқшиносон ва ҳомиёни ҳуқуқ низ шадидан мухолифи ин пешниҳод ҳастанд.
Ба гуфтаи онҳо, ҳатто ҳоло дифоъ аз ҳуқуқи ҳамсарони дуввум ва сеюме, ки танҳо никоҳи мусулмонӣ доранд, мушкил аст. Тибқи қонун, бисёрзанӣ вақте эътироф мешавад, ки мард бо ду ва ё зиёда зан зиндагии якҷоя доштаву хоҷагии муштарак доранд.
Ҳуқуқшиносон мегӯянд, агар занҳо дар хонаҳои алоҳида зиндагӣ кунанд, исботи бисёрҳамсарӣ тақрибан ғайриимкон аст. Аммо Ҳабибӣ Уланова ва вакили дифои ӯ аз порлумон ва Додгоҳи олӣ шарҳи моддаи қонун дар бораи бисёрзаниро гирифтаанд.
Ракия Рахматова, ҳуқуқшинос мегӯяд, "Тибқи ин тафсир, новобаста аз он, ки ин занон дар куҷоҷо зиндагӣ мекунад, мард харҷи ҳарду хонаводаро бар ӯҳда дорад. Яъне, аз буҷаи муштарак. Бо вуҷуди он, ки ин мард гоҳ ба хонаи ин зан ва гоҳ ба хонаи ҳамсари дигараш меравад, дузанагӣ ҳисобида мешавад".
Ба гуфтаи ҳуқуқшинон, ин тафсир воқеан метавонад барои ҳифзи занон мусоидат кунанд. Аммо агар ташаббуси сабуктар кардани ҷазо то парлумон расидаву вакилон қонуни дахлдорро қабул кунанд, чунин тафсирҳо бефоида хоҳанд буд.