Пайвандҳои дастрасӣ

“Паёмбар ба занҳояш эҳтироми баробар дошт, мардҳои мо занҳоро мепартоянд” ВИДЕО, САДО


Идигул Қосимзода

Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон ба таври ғайримустақим чандҳамсариро дар кишвар тасдиқ кард. Идигул Қосимзода рӯзи 14-уми феврал дар як нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, агар мардҳои бисёрзана ба мисли паёмбари ислом адолатро миёни занҳояшон риоят мекарданд, ин масъала боис ба дилсардиву фишор дар хонаводаҳо намешуд.

Баъд дискро дар назди зани аввалаш нишон додааст, ки "бибин, ман чӣ хел тӯю тамошо кардам"

"Паёмбари мо, дар ҳақиқат, тавонистанд, ки чанд зан гиранд. Аммо ҳамаи онҳоро яксон эҳтиром мекарданд, яксон таъмин мекарданд, то дар зиндагӣ руҳафтода нашаванд", - афзуд ӯ.

лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:01:22 0:00
Линки мустақим

Раиси Кумитаи занон гуфт, аммо дар шароити кунунӣ баъзе аз мардони дузана нисбат ба ҳамсарони аввали худ фишору азиятро раво мебинанд. Идигул Қосимзода барои тақвияти фикраш аз қазияи соҳибкоре дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мисол овард, ки болои зану се фарзандаш ҳамсари дигар гирифтааст. "Ин мисоли нав аст. Ҳафтаи гузашта рух дод. Марде, ки зан ва як писару ду духтар дорад. Мебахшед, мардҳои бузурги мо. Ин соҳибкор занашро бо се фарзанд дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ монда, дар Душанбе оилаи нав бунёд кардааст. Баъд дискро бурда, дар назди зани аввалаш нишон додааст, ки бибин ман чӣ хел тӯю тамошо кардам", - нақл кард Қосимзода.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

“Паёмбар ба занҳояш эҳтироми баробар дошт, мардҳои замони мо чӣ?"
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:03:17 0:00

Бо ин ҳол раиси Кумитаи занон гуфт, то кунун касе дар мавриди дузанагии мансабдорон шикоят накардааст. Вай дар посух ба суоли инки "яъне, мансабдорон ҳамаи занҳоро баробар нигоҳ мекунанд ва касе аз онҳо шикоят намекунад?" сукут варзид ва серкориашро баҳона пеш овард.

Аммо фаъолони ҷомеа мегуянд раиси Кумитаи занон бо ин ҳарфҳояш чандҳамсари дар кишварро “таблиғ” кард.

Гули Зард, хабарнигори тоҷик, нуқтаи назари Идигул Қосимзодаро аз минбари Кумитаи занони Тоҷикистон ва дар як кишвари демократӣ ғайри қобили қабул донист. Ӯ гуфт, ин изҳори назар метавонад барои мардону ҷавонон “дастак” шавад.

Гули Зард
Гули Зард

Дар ҳоле ки, ба қавли ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, “ҳоло 30 дарсади ҷомеаи Тоҷикистон камбизоат буда, бархе мардон ҳатто тавони харидории либоси мактабӣ ба фарзандонро надоранд. Зиндагии як ҳамсарро бо мушкил пеш мебаранд. Онҳо новобаста ба шароиту имконоти худ аз пайи бунёди оилаи дувуму севум мешаванд, ки як кори беақлист."

Аксари дузанаҳо ва ҳамсарони дувум намехоҳанд, робитаҳояшон ошкор шавад, чун Қонуни ҷиноии Тоҷикистон чандҳамсарӣ дар кишварро мамнӯъ карда, барои бисёрзанӣ ҷарима ва ё то ду сол корҳои ислоҳиро пешбинӣ кардааст. Аммо Адибаи Азиз яке аз нахустин ҳамсарони дувум буд, ки барои чандҳамсарӣ аз болои шавҳараш ба додгоҳ шикоят кардааст. Вай мегӯяд, "аз он ки ҳамсари кадом марди хориҷие мешавӣ, ҳамсари дувуми марди тоҷики мусалмон будан, беҳтар аст. Боз ҳам инҷо мушкили ба муҳоҷират рафтани мардони тоҷик пеш меояд, ки духтарони тоҷик бо марди зандор оила барпо карда, барои зиндагӣ бо марди соҳиби зану фарзанд розӣ мешаванд",- афзуд ӯ.

Адибаи Азиз
Адибаи Азиз

Дар Тоҷикистон оморе дар мавриди шумори занони дувум вуҷуд надорад, чун ин оилаҳо расман дар қайди давлат нестанд.

Авҷи бисёрҳамсарӣ дар Тоҷикистон ба замони баъди ҷанги шаҳрвандӣ рост омад. Замоне ки дар кишвар волоияти қонун вуҷуд надошт ва худсариҳое дар ин самт ба таври чашмгир мушоҳида мешуд. Аммо баъдан бо таҳкими қонунгузорӣ ва буҳронҳои пайдарпайи иқтисодӣ ин тамоюл рӯ ба коҳиш овард ва бисёрзанӣ дар миёни гуруҳҳое боқӣ монд, ки аз манобеи молӣ бархӯрдор ҳастанд.

Назари тарафдорону мухолифони чандҳамсариро дар инҷо тамошо кунед:

“Бигзор се зан бигирад, вале бо ман бимонад”
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:02:52 0:00

Чанд сол пеш созмони иҷтимоии "Рушд" дар вилояти Хатлон миёни 500 нафар, аз ҷумла 250 зани дувум ва 250 марди дузана пажӯҳише анҷом дода муқаррар намуд, ки бештари афроди дузана ва ё бисёрзана – тоҷирону соҳибкоронанд. Дар феҳристи онҳо мансабдорон дар мақоми дувум қарор гирифтаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG