Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфтии собиқ: "Ман зани дувум гирифтам, шумо ҳам аз ман пайравӣ кунед"


Чубак-ҳоҷӣ Ҷалилов
Чубак-ҳоҷӣ Ҷалилов

Чубак-ҳоҷӣ Ҷалилов, узви Шӯрои уламо ва муфтии собиқи Қирғизистон, бо эълони инки зани дувум гирифтааст ва дигарон низ метавонанд аз амали ӯ пайравӣ намоянд, дар ин кишвари Осиёи Марказӣ баҳси доғеро ба по кард. Бино ба қонунҳои Қирғизистон чандҳамсарӣ дар ин кишвар ҷиноят аст ва ҳадди ақал то ду соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Бисёриҳо мегӯянд, ин изҳороти Ҷалилов нақзи ошкорои қонун аст ва бояд мақомот нисбат ба ӯ чора андешанд.

Ӯ аз мардони дигар даъват мекунад, ки аз амалаш пайравӣ намоянд. Ин даъвати бисёр хатарнок аст

Аммо Чубак-ҳоҷӣ Ҷалилов чанде пештар дар як изҳороти видеоӣ гуфтааст, ҳадафаш соҳибӣ кардани занону духтарони қирғиз буд. Ӯ гуфт, "бори дигар оиладор шудам. Бо ҳамсари аввалам ҷудо нашудем. Албатта, ӯ қаҳр кардааст, вале ҳама чиз хуб хоҳад шуд. Бо зане хонадор шудам, ки то ин дам дар Туркия кор мекард, кӯдакбонӣ мекард. Барои ҳамин, занонро ба Туркия ва Чин нафиристед. Ба онҳо ғамхорӣ кунед. Намехостам, зан бигирам, аммо ба натиҷае расидам, ки агар ин корро ман сар накунам, кӣ сар мекунад? Агар имкон доред, зан бигиред."

Изҳороти Чубак-ҳоҷӣ Ҷалилов ин шабу рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди баҳси зиёд қарор дорад. Радиои Озодӣ барои шарҳи мавзӯъ ба худи Ҷалилов тамос гирифт. Аммо ӯ аз иштирок дар барнома ва ҳамин тавр шарҳи масъала худдорӣ кард.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Ҷалилов гуфта буд, шариат барои гирифтани зани дувум иҷоза додааст, аммо ӯ аз ин тасмим ҷонибдорӣ намекунад.

Дар ҳамин ҳол, маркази ҳуқуқии “Кылым шамы” ният дорад, аз болои изҳороти муфтии собиқ ба Додситонии шаҳри Бишкек муроҷиат кунад. Азиза Абдурасулова, раиси ин созмон, рӯзи 28-уми ноябр дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ки бояд ҳарчӣ зудтар ба ин амали Ҷалилов баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.

Чубак-ҳоҷӣ Ҷалилов
Чубак-ҳоҷӣ Ҷалилов

“Чубак-ҳоҷӣ Ҷалилов эътироф мекунад, ки қонунро поймол кардааст. Мегӯяд, ки зани дувум гирифтааст ва зани аввалаш қаҳр кард. Ӯ дар ин бора рӯшод ба ҷомеа мегӯяд. Ҳар яке аз мо бояд қонунро риоя ва эҳтиром кунем. Агар мо аз нақзи қонун хабардор шавем, аммо чизе нагӯем, пас, ҷиноятро пинҳон кардаем. Ӯ аз мардони дигар даъват мекунад, ки аз амалаш пайравӣ намоянд. Ин даъвати бисёр хатарнок аст”, - афзуд ӯ.

Қонунҳои Қирғизистон чандҳамсарӣ дар ин кишварро иҷоза намедиҳанд. Қонуни ҷиноии ин кишвар барои дузанӣ ё чандҳамсарӣ то ду соли зиндонро пешбинӣ кардааст.

Соли гузашта вакили порлумони Қирғизистон Қамчибек Юлдошев пениҳод карда буд, ки дузанӣ дар ин кишвар қонунӣ гардад. Радиои Озодӣ ба вакилони порлумон дар бораи изҳороти муфтии собиқ муроҷиат кард. Баъзе аз вакилони мард аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ карданд.

Аида Қосималиева
Аида Қосималиева

Аммо Аида Қосималиева, вакили порлумон аз ҳизби сотсиал-демократ, ин изҳороти муфтии собиқро ба шиддат танқид кард. Ӯ гуфт, порлумон бояд ба ин изҳорот посух бигӯяд. “Чубак-ҳоҷӣ Ҷалилов изҳор дошт, ки ӯ зани дувум гирифтааст. Аз ин бармеояд, ки ӯ мехоҳад ҷомеа ба ин одат кунад. Мо дар кишваре зиндагӣ мекунем, қонун кор мекунад. Конститутсия ҳаст. Ман дар ин бора аз минбари порлумон ҳам хоҳам гуфт. Қонун нақз мешавад. Дувум инки рафтани баъзе аз занони мо ба хориҷа ва кори мушкили онҳо далел барои дузанӣ шуда наметавонад. Чандҳамсарӣ ин мушкилро ҳал карда наметавонад.”

Сафар Исҳоқов, нахуствазири Қирғизистон, рӯзи 27-уми ноябр дар як мизи мудаввар дар Бишкек гуфт, ки ӯ чаҳор духтар дорад ва ҷараёни ҳимоят аз ҳаққи занонро таҳти назорат мегирад. Аммо то ба ҳол ҳукумат ва ниҳодҳои вобастаи он изҳороти ахири Чубак-ҳоҷӣ Ҷалиловро шарҳ надодаанд.

XS
SM
MD
LG