Пайвандҳои дастрасӣ

Вакили порлумон: "Бовар намекунам, ки мансабдоре ду зан дошта бошад"


Дар Тоҷикистон шумори кӯдаконе, ки дар оилаҳои расман сабти номнашуда ба дунё омадаанд, бештар шудааст. Хайриннисо Юсуфӣ, муовини раиси Маҷлиси Намояндагон – палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон – дар як ҷаласа гуфтааст, «дар кишвар шумораи оилаҳои ба таври расмӣ ба қайд гирифтаношуда зиёд шуданд».

Бовар надорам, ки ягон мансабдори тоҷик чанд зан дошта бошад. Пеш аз қабули довталабон ба мансабҳои давлатӣ вазъи оилавии ҳар яке аз онҳо санҷида мешавад.

Дар дафтари матбуоти Маҷлиси Намояндагон рӯзи 6-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Юсуфӣ дар идома аз «афзоиш ёфтани таваллуди фарзандони ғайриқонунӣ» ва ҳодисаҳои даст кашидани модарон аз тифлони ба дунё овардаашон низ гуфтааст.

Дар Тоҷикистон маъмулан модароне аз тифлони худ даст мекашанд, ки никоҳи динӣ ва ё расмӣ надоранд ва «ба хотири ангуштанамои ҷомеа нашудан» пас аз таваллуд аз парастории тифли худ даст мекашанд. Баръакси ин тоифа занҳо, онҳое, ки тақдири зани дувум буданро интихоб кардаанд, никоҳи динӣ доранд. Вале қонунҳои Тоҷикистон чандҳамсариро манъ карда, онро ҷиноят мешуморад. Аз ин рӯ, занҳои дувум наметавонанд ақди никоҳи расмӣ дошта бошанд ва аз чашми омори расмӣ пинҳон мемонанд.

Хайриннисо Юсуфӣ
Хайриннисо Юсуфӣ

Хайриннисо Юсуфӣ ягона мақоми расмӣ дар Тоҷикистон аст, ки ошкоро аз афзудани «оилаҳои ғайрирасмӣ» ва ё ба ибораи дигар занҳои дувум мегӯяд. Бо ин вуҷуд, Гулбаҳор Ашӯрова, узви кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва оилаи Маҷлиси Намояндагон гуфт, дар Тоҷикистон оморе дар мавриди шумораи занони дувум вуҷуд надорад, чун ин оилаҳо расман дар қайди давлат нестанд.

Чандзанӣ ҳам тибқи қонунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳам Тоҷикистони соҳибистиқлол манъ аст. Аз мамнӯияти чандҳамсарӣ як қарн сипарӣ мешавад, аммо боз ҳам мушкили бисёрзанӣ дар Тоҷикистон аз байн нарафтааст.

Гулбаҳор Ашӯрова мегӯяд, гоҳо ҷавонон бо пойфишории волидон «бо духтаре издивоҷ мекунанд, аммо чун ишқу муҳаббат дар миёнашон нест, ба суроғи хонуми дигар мераванд».

То вақте зан муҳтоҷ ва дастнигар аст, чандзанӣ аз байн намеравад"

Аммо дар Тоҷикистон чандҳамсарии мардон танҳо ҳосили издивоҷҳои маҷбурӣ нест. Бархе аз занони дувум дар суҳбатҳои алоҳида ба Радиои Озодӣ иқрор шуданд, ки бо хости худашон зани дувум шуданд. Вакили тоҷик Гулбаҳор Ашӯрова гуфт, танҳо соҳибмаълумот шудани занон метавонад, аз мавридҳои чандзанӣ дар Тоҷикистон ҷилавгирӣ кунад.

"Зани тоҷик замоне ба зани дувум шудани розӣ намешавад, ки соҳибмаълумот ва аз ҷиҳати иқтисодӣ худкифо бошад. Зан соҳиби маълумот шуд, ҷойи кор ва даромад пайдо мекунад. Чун аз нигоҳи иқтисодӣ худкифо аст, ҳеҷ гоҳ барои зани дувум шудани ризо намешавад. То вақте зан муҳтоҷ ва дастнигар аст, чандзанӣ аз байн намеравад", - афзуд Ашӯрова.

Моддаи 170-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон марбут ба дузанагӣ аст ва далели онро «бо ду ё якчанд зан зиндагӣ кардан бо пешбарии хоҷагии умумӣ» муқаррар кардааст. Ин банди кодекси ҷиноӣ дар пай 50 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё ду соли корҳои ислоҳиро дар пай дорад.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Аммо ба назар мерасад мақомот дар Тоҷикистон дар ҳолатҳои истисноӣ афродро барои дузанагӣ ҷазо медиҳанд. Таҳлигарон мегӯянд мақомот ба он хотир дар иҷрои ин қонун аз пушти ангушт менигаранд, ки чун дар миёни худашон низ дузанаҳо кам нестанд.

Гулбаҳор Ашурова гуфт, “бовар надорам, ягон мансабдори тоҷик чанд зан дошта бошад. Пеш аз қабули довталабон ба мансабҳои давлатӣ вазъи оилавии ҳар яке аз онҳо санҷида мешавад ва баъдан онҳо ба ин ё он мансаб таъин мешаванд”.

Бо ин вуҷуд омори Тоҷикистон ҳокист, шумори фарзандоне, ки дар тарбияи модари танҳо ҳастанд, кам нест. Аз Оҷонсии омори Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, “айни замон дар кишвар 30 ҳазору 869 нафар хонандаи мактаб ҳастанд, ки аз парастории падар маҳруманд ва модаронашон танҳо онҳоро бузург мекунанд”.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG