Ҷей Ди Венс, муовини раисҷумҳури Амрико субҳи 12 апрел дар Покистон ба хабарнигорон гуфт, ки мақомҳои ин кишвар бе даст ёфтан ба созиш бо Эрон, маҳали баргузории гуфтугӯҳоро тарк мекунанд ва нияти бозгашт ба Иёлоти Муттаҳидаро доранд.
Муовини раисҷумҳури Амрико рӯзи 12 апрел бо ишора ба ин, ки гуфтугӯҳо бо Эрон бо тавофуқ поён наёфт, гуфт, ки пас аз ироаи "охирин ва беҳтарин пешниҳод", Исломободро тарк мекунад.
ВЕНС: ДАВОМИ МУЗОКИРОТ 6 БОР БО ТРАМП СУҲБАТ КАРДАМ
Ҷей Ди Венс пас аз 21 соат музокира дар Исломобод, пойтахти Покистон, ба хабарнигорон гуфт, "мо бо як тарҳи бисёр сода инҷоро тарк мекунем, чорчӯбе барои ҳамдигарфаҳмӣ, ки охирин ва беҳтарин пешниҳоди мост. Бояд дид, ки оё эрониҳо онро мепазиранд ё на".
Муовини раисҷумҳури Амрико ба баъзе мавзӯъҳо ишора кард ва аз ҷумла гуфт, Эрон тасмим гирифтааст шартҳои Амрико аз ҷумла, насохтани силоҳи ҳастаиро напазирад.
Вай афзуд, "хабари бад ин аст, ки мо ба созиш нарасидем ва фикр мекунам, ин хабар барои Эрон бисёр бадтар аз Амрико аст. Бинобар ин, мо бе расидан ба созиш, ба Амрико бозмегардем".
Ӯ ҳамчунин гуфт, ки давоми ин музокирот, беш аз шаш бор бо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, гуфтугӯ кардааст.
Нишасти Исломобод нахустин дидори мустақим миёни Амрико ва Эрон дар беш аз як даҳаи ахир ва олитарин сатҳи гуфтугӯҳо аз замони инқилоб дар соли 1979, ба шумор мерафт. Натиҷаи ин нишаст метавонад сарнавишти оташбаси шиканандаи дуҳафтаӣ ва бозкушоии тангаи Ҳурмузро муайян кунад.
Ҳайати эрониро дар ин нишаст Муҳаммадбоқир Қолифбоф, раиси порлумони он кишвар ва ҳайати амрикоиро Ҷей Ди Венс, муовини Доналд Трамп, раҳбарӣ мекарданд.
Хабаргузории "Рейтерз" аз қавли як манбаи покистонӣ навишт, Ҷей Ди Вейнс ба ҳамроҳи Стив Виткофф, фиристодаи вижаи Амрико дар умури Ховари Миёна ва Ҷаред Кушнер, домоди Трамп, пеш аз замони истироҳат, ба муддати ду соат бо Муҳаммадбоқир Қолифбоф, раиси порлумони Эрон ва Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии ин кишвар, гуфтугӯ доштанд.
Муовини раисҷумҳури Амрико пас аз поёни музокирот ва баёни изҳороти ёдшуда, дар соати 07:08 ба вақти маҳаллии Покистон савори ҳавопаймои шумори дуи нерӯҳои ҳавоии он кишвар шуд ва Покистонро тарк кард.
"ДИПЛОМАТИ ҲЕЧ ВАҚТ ТАМОМ НАМЕШАВАД"
Дар ҳамин ҳол, Исмоли Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, ки дар таркиби ҳайати музокиракунандаи он кишвар дар гуфтугӯҳои Исломобод иштирок дошт, гуфт, "дар мавриди бархе аз масоил ба созиш расидем, аммо дар бораи 2-3 мавзуи муҳим дидгоҳҳо фарқ дошт ва дар ниҳоят гуфтугӯҳо бо тавофуқ поён наёфт".
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон бо зикри инки "ин давр аз музокирот тӯлонитарин даври музокирот дар ин як сол буд ва дар маҷмуъ 24-25 соат давом кард", афзуд, "баъзе аз мавзӯъҳои нав мисли мавзуи тангаи Ҳурмуз дар ин музокирот илова шуд ва ин ҳар кадом печидагиҳои худро дорад".
Ба гуфтаи Исмоли Бақоӣ, ин гуфтугӯҳо пас аз 40 рӯз ҷанг анҷом шуд "ва дар фазои олуда аз бадгумонӣ сурат мегирифт. Бинобар ин, табиӣ буд, ки интизор намерафт ин гуфтугӯҳо дар як нишаст ба натиҷа бирасад".
Вай афзуд, "тамосҳо ва баррасиҳо байни Эрон, Покистон ва дигар дӯстонамон дар минтақа идома пайдо хоҳад кард".
Исҳоқ Дор, вазири корҳои хориҷии Покистон низ гуфт, ки "мо умедворем, ки ҳар ду тарафи амрикоӣ ва эронӣ ба оташбас пойбанд бимонанд". Ӯ афзуд, ки "мо ба талош барои фароҳам овардани робитаҳои нек байни ин ду тараф идома хоҳем дод".
ЧАРО МУЗОКИРОТ БА БУНБАСТ РАСИД?
Вебсайти хабари Axios аз қавли манбаъҳои огоҳ аз ҷараёни гуфтугӯҳо дар Исломобод, навишт, ки "бахше аз ихтилофи назарҳо ба пофишории Эрон бар назорати тангаи Ҳурмуз ва худдорӣ аз чашмпӯшӣ аз захираҳои уранюми ғанисозишудаи худ, рабт мегирад".
Аз тарафи дигар, чандин расонаҳои дохилии Эрон пас аз поёни ин нишаст эълон карданд, ки гуфтугӯҳо бинобар "воқеъбин набудани тарафи амрикоӣ" ва "зиёдахоҳиҳои онҳо", ба натиҷа нарасидааст.
Axios менависад, ки ҳеч кас интизор надошт, ки рӯзи 11 апрел созиши ниҳоӣ ба даст биояд, аммо тарафи амрикоӣ умедвор буд, талоши лозим барои идомаи музокирот сурат мегирад, ҳатто агар ин кор ба маънои тамдиди оташбас бошад.
Бунбаст дар ин гуфтугӯҳо, сарнавишти оташбаси дуҳафатаиро, ки 8 апрел бар сари он тавофуқ шуда буд, дар маърази хатар қарор медиҳад ва эҳтимоли даргирии дигарбораро тақвият мекунад.
Бӯҳрон дар Ховари Миёна рӯзи 28 феврал бо ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон оғоз шуд. Дар ин ҳамлаҳо раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, дабири Шӯрои амнияти миллии он кишвар Алии Лориҷонӣ ва шуморе аз фармондеҳони баландпояи ин кишвар кушта шуданд.
Эрон дар посух ба Исроил ва кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс, ки мизбони пойгоҳҳои низомии Амрико ҳастанд ва низ Урдун ва Ироқ, ҳамлаҳо кард. Гурӯҳҳои мавриди ҳимояти Эрон дар минтақа, аз ҷумла, "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон, "Ансоруллоҳ"-и Яман ва "Ҳашд Аш-Шаъбӣ"-и Ироқ низ вориди ин ҷанг шуданд.
Пас аз 40 рӯзи даргирӣ, рӯзи 8 апрел тарафҳо ба оташбаси дуҳафтаӣ розӣ шуданд ва аз омодагии худ барои иштирок дар нишасти Исломобод хабар доданд.