Имсол дар Тоҷикистон рӯзи Ваҳдати миллӣ бидуни тантанаҳои оммавӣ мегузарад. ВИДЕО

Саийд Абдуллои Нурӣ, раиси ИНОТ, Борис Елтсин раисҷумҳури Русия, Акбар Тураҷонзода яке аз фаъолони мухолифин ва президент Эмомалӣ Раҳмон қабл аз имзои созишномаи сулҳ дар Маскав. 27-уми июни соли 1997

Имсол дар Тоҷикистон ба муносибати рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашну тантана ва чорабиниҳои оммавӣ баргузор намешавад. Баргузории маҷлис ва чорабиниҳои идонаи пуриздиҳом аз ҷумла бо ширкати президент дар назар нест.

Дар дафтари матбуоти президент рӯзи 26-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, имсол дар рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабиниҳои идонаи оммавӣ ва намоишномаҳо дар назар нест. “Танҳо табрикоти телевизионии президент ба мардум пешниҳод мешавад”-, гуфтанд дар дафтари матбуоти президент. Солҳои қабл рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон бо баргузории маҷлису ҳамоишҳо ва роҳпаймоиву намоишномаҳои пуриздиҳоми театрикунонидашуда бо ширкати прзидент Эмомалӣ Раҳмон дар ин ё он шаҳру ноҳияи кишвар доир мешуд.

Дар остонаи рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон хабарнигори Радиои Озодӣ аз раҳгузарон пурсид, ки дар бораи ин ҷашн чӣ медонанд?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Рӯзи 27-уми июн чӣ рӯз аст?

27-уми июн ҳамчун “Рӯзи Ваҳдати Миллӣ” расман истироҳат аст. Дар ин рӯз дар соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав имзо шуд, ки ба ҷанги панҷсола дар кишвар хотима гузошт. Дар ҳоле ки ҳизби акнун мамнуи Наҳзати Ислом худро тарафи сулҳ мешуморад ва мегӯяд, бо ангезаҳои сиёсӣ аз раванди ваҳдати миллӣ берун афканда шудааст, ҳукумати Тоҷикистон бар ин аст, ки дар соли 1997 на бо ин ҳизб, балки Иттиҳоди мухолифони тоҷик сулҳ бастааст.

Бар пояи санади сулҳ, Иттиҳоди мухолифони тоҷик аз Ҳизби Наҳзати Исломӣ (ҳизби ҳамакнун мамнӯъ дар Тоҷикистон), Ҳизби демократ ва созмони “Лаъли Бадахшон” иборат буд. Русия, Эрон, Афғонистон, Узбекистон, Қазоқистон Покистон Қирғизистон ва Туркманистон кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон буданд.

Дар 5 соли ҷангӣ шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бино бар омори расмӣ 150 ҳазор кас кушта, 1 миллион нафар гуреза, 55 ҳазор кӯдак ятим ва 25 ҳазор зан бесаробон монданд. Бинобар ҳисобҳои расмӣ ҷанг ба иқтисодиёти кишвар беш аз 10 миллиард доллар зиён ворид кард ва рушди мамлакатро як даҳсола ба ақиб андохт.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: 5 чизи донистанӣ дар бораи ҷанг ва сулҳи тоҷикон. ВИДЕО 
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Рӯзи Ваҳдати Миллӣ. Чаро дар Тоҷикистон ҷанг шуд? Нашуда метавонист?
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Панҷ пурсиш: 4. Чаро Тоҷикистон гирифтори ҷанг шуд?
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Сатторзода: "Ҳодисаҳои солҳои 90-ум натиҷаи ҳамин ормонгароиҳо буд." ВИДЕО, САДО