Иди “Ваҳдати миллӣ”, ки аз соли 1997 ҳамасола рӯзи 27-уми июн таҷлил мешуд, имсол бинобар хатари сирояти коронавирус дастаҷамъӣ ҷашн гирифта нашуд. Панҷ чизи донистанӣ аз ин рӯзро бихонед ва тамошо кунед.
- 27-уми июни соли 1997 Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифони тоҷик дар Маскав созишномаи сулҳро имзо карданд. Ин созиш ба ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хотима гузошт.
- Бар пояи ин санад курсиҳои ҳокимият бо таносуби 70 бар 30 тақсим шуданд. Иттиҳоди мухолифони тоҷик аз Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби демократ ва созмони “Лаъли Бадахшон” иборат буд. Русия, Эрон, Афғонистон, Узбекистон, Қазоқистон Покистон Қирғизистон ва Туркманистон кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон буданд.
- Иҷрои шартҳои сулҳ аз соли 1997 то 2000-ро дар бар мегирифт. Ҳанӯз то поёни он аз саҳми 30 дарсадаи мухолифон дар ҳукумат мақоме намонд. Соли 2015 ҲНИ- ҳизби мамнӯъ ва террористӣ эълон шуд. Беш аз 200 узви ҳизб зиндонӣ ва қисме аз кишвар фирор карданд.
- Расонаҳои давлатӣ президент Эмомалӣ Раҳмонро поягузори сулҳ меноманд. Мухолифон мегӯянд, як ҷониб ба танҳоӣ наметавонист сулҳ кунад. Дар Тоҷикистон 27-уми июн ҳамчун рӯзи Ваҳдат таҷлил мешавад ва рӯзи истироҳат аст. Мухолифон мегӯянд баъди манъи фаъолияти ҲНИ ин ид моҳияти худро аз даст дод.
- Дар 5 соли ҷангӣ шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бино бар омори расмӣ 150 ҳазор кас кушта, 1 миллион нафар гуреза, 55 ҳазор кӯдак ятим ва 25 ҳазор зан бесаробон монданд. Бинобар ҳисобҳои расмӣ ҷанг ба иқтисодиёти кишвар беш аз 10 миллиард доллар зиён расонд ва рушди мамлакатро як даҳсола ба ақиб андохт.
сурогаи хамин дар кучост да кадом шахр аст ба морои кунед.
Душанбе
Салом бар ҳамаи азизон. Ман ба ин назароти ки гуфтанд кор надорам фақат суолам ин аст ки давлати Тоҷикистон ки таҳсил дар Эронро ҷурм элон мекунад ва донишҷӯёнро зиндоние мекунад ва хонаводаҳояшон ро озору азият мекунад ба чихотир аст оё донишҷӯёни ки да Эрон хонданд дар Тоҷикистон хилофи кардан ҷинояти анҷом доданд? Шумо агар инҳо ки таҳсилкарда ҳастанд зиндон карден ва мегуен терористанд додгоҳояшонро ошкор кунед та мардум корҳои шуморо бубинанд ва мардум қазоват кунанд ки ин коре ки онҳо анҷом доданд ҷурм аст. Бандаҳои Худо фақат дарс хонданд ки ба милати худашон хизмат кунанд мардуми беҷораи мо аз дасти ин ҳукуматдоро ва ҷиноятҳое ки ба сари милат миёранд мардуми бечора бесвод манд ва ғарибу бехонаву дар гаштанд. Ҳукумат рози нест ки чанд нафар дарс бихонад ва биёед бигӯяд ки ин ҳукумате ки худашро мусалмон медонад тамоми корҳояш хилофи дини ислом аст инро намехоҳад ки мардум аз ҳақиқат бохабар шаванд. Иншоаллоҳ Худованд худаш ба ҳақи ин моҳҳои бузург зиндониёни бегуноҳро аз дасти ин золимон наҷот бидиҳад ва золимонро нобуд кунад
Ту беватан боши айби ким? Мо ВАТАН дорем!!!
Джамилбой кабл аз он ки чизе нависи камтар аз таьрих ва фарханги форси забонон огох шав таьриху фарханг факат арузу кофия нест. Хидмати форси забон онон ки ба дини мубини ислом карданд камтар аз арабхо нест. Андеша хам хуб чизест. Кабл аз ин арабро бишноси худатро бишнос.