Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ пурсиш: 4. Чаро Тоҷикистон гирифтори ҷанг шуд?


Суоли чаҳорум: Чаро чунин ҷанг дар Тоҷикистон имконпазир гашт?

Дар матлабҳои аввал, дувум ва савум аз силсилаи "Панҷ пурсиш роҷеъ ба сулҳу ваҳдати Тоҷикистон" ҳамсуҳбатони мо ба суолҳои "Чӣ чизҳоро беҳтарин дастовардҳои сулҳи Тоҷикистон мешуморед?", "Зери вожаи "ваҳдати миллӣ" чиро мефаҳмед?" ва "Агар ҷанг намешуд, вазъи имрӯзаи Тоҷикистон чӣ гуна буда метавонист?" посух доданд.

27-уми июн Рӯзи ваҳдати миллии Тоҷикистон эълон шудааст. Барои гиромидошти рӯзи имзо шудани Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон дар соли 1997 дар шаҳри Маскав, ки ба ҷанги панҷсола дар ин кишвар хотима гузошт, садҳо ҳазор гурезаи ҷангро ба ватан бозгардонд, ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодиро роҳандозӣ кард.

Дар ин ҷанги панҷсола, ки аз соли 1992 то соли 1997 идома кард, бино ба тахминҳо, наздик ба 150 ҳазор нафар кушта, беш аз 1 миллион тан муҳоҷир шуданд ва ба иқтисоди Тоҷикистон ба маблағи 10 миллиард доллар зарар расонда шуд.

Бар пояи Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки бо миёнравии Созмони Милал ва мусоидати кишварҳои “Гурӯҳи тамос” ба имзо расид, Комиссияи мусолиҳаи миллӣ таъсис ёфта, афви умумӣ сурат гирифт, ба аҳзоби манъшуда иҷозаи фаъолият дода шуд, тағйироти конститутсионӣ ва тақсими қудрат ба амал омада, то 30 дарсади мақомҳои ҳукуматӣ ба намояндагони мухолифон дода шуд.

Тарафҳо бо ҳам аҳд карданд, ки якдигарро бахшида, як кишвари озоду демократие хоҳанд сохт, ки "дар он озодии сухан, виҷдон, интихобот ва имконоту шароити баробари иқтисодию тиҷоратӣ барои тамоми шаҳрвандон, новобаста ба дину мазҳаб, ҳизбият ва забон фароҳам бошад". Ҳукумати Тоҷикистон ин санаро ба унвони Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар феҳристи ҷашнҳои расмӣ ворид кард ва ҳамасола ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад.

Дар остонаи чунин рӯзи муҳим Радиои Озодӣ бо панҷ суол ба ҳафт нафар рӯ овард, то назарҳоро ба воқеаи таърихӣ ва таҳаввули он ба қадри имкон бозтоб диҳад. Пурсишҳо ин гунаанд:

Ба ин суолҳо афроди зерин посух доданд:

  • Марям Давлатова, рӯзноманигор, равоншинос, шоир
  • Исфандиёри Одина, рӯзноманигор
  • Қодири Рустам, нависанда
  • Муҳиддин Кабирӣ, сиёсатмадор
  • Абдуқодир Талбаков, рӯзноманигор
  • Меҳмоншо Шарифов, файласуф
  • Бахтовар Саидов, донишҷӯ

Посухҳо ба суоли аввалро зери ҳамин ҷумла метавонед дарёфт кунед.

Ин ҷо ҳам посухҳо ба суоли дувум: Зери вожаи "ваҳдати миллӣ" чиро мефаҳмед?

Ҷавобҳо ба пурсиши савум: Агар ҷанг намешуд, вазъи имрӯзаи Тоҷикистон чӣ гуна буда метавонист?

Ва назари ҳамсуҳбатон ба суоли чаҳорум: Чаро чунин ҷанг дар Тоҷикистон имконпазир гашт?

Марям Давлатова: Чаро мегӯед? Ин ҷо сабабҳо хеле зиёданд. Ва шояд ҳамаашро имрӯз ҳам намедонем. Ба ҳар ҳол ман фурӯпошии Шӯравиро сабаби асосӣ медонам. Ва мусаллам аст, ки ягон империяи бузург ба осонӣ пош намехӯрад. Ба хотир биёред тақдири Ҳиндустонро баъди ба даст овардани истиқлолият. Англия ин кишварро баъди худ пора-пора ва ғарқи хуну гирифтори ҳазор иллат боқӣ гузошт. Иттиҳоди Шӯравӣ низ айнан ҳамин усулро пеш гирифт. Чаро маҳз Тоҷикистон? Ин ҷо сабабҳои дигар илова мешаванд. Мавқеи геополитикии Тоҷикистон, умумияти фарҳангу таърих бо Эрону Афғонистон ҳамеша эҳтимоли барқарор шудани давлати бузурги ягонаи форсҳоро дар мағзҳо эҷод мекунад ва шояд барои кишварҳои дигар хатар эҷод мекарду мекунад. Ҳарчанд ба ибораи Гераклит ба як об ду бор даромадан имкон надорад. Таърих баъзан такрор мешавад, вале айнан не.

Исфандиёри Одина: Албатта, милале мухталиф дар ин ё он ваҳла аз таърихи худ дучори суқут ва уфтодагӣ мешаванд, ки мо ҳам шудем ва ин ҷанг ба мо сабақҳои бисёре медиҳад, ба шарте ки мо онро биёмӯзем. Бояд бидонем, ки ҷанг арзишҳоро аз байн мебарад, ё монеи расидан ба арзишҳо ва ормонҳои бузургтаре мешавад, ҷанг тавозунро аз байн мебарад ва гурӯҳеро бар гурӯҳҳои дигар ҳоким мекунад, як низоми худкома ва истибдодиро рӯи кор меоварад, сатҳи фарҳангу илмро пойин мебарад, инҳо ҳама беарзиш мешаванд, истеъдоди мардумро аз байн мебарад, чун ҳунар ва истеъдод дигар дар чунин ҷавомеи ҷангзада арзиш ва эътиборе надорад. Ҷанг боис мешавад назми иҷтимоӣ баҳам резад ва гурӯҳҳое, ки аз фарҳангу хирад бебаҳраанд, бар ҳама ҳоким шаванд, ҷанг мӯҷиби густариши фасод мешавад ва фасод боис мешавад, ки анҷоми корҳо ва умур бар пояи ростӣ ва адолат сурат напазирад, мардум аз тамрини демократия маҳрум мешаванд, аз имкони таҳаққуқ бахшидан ба ҳуқуқи худ маҳрум мешаванд. Бибинед аз даҳаи навад ба ин тараф ҳеч гуна тазоҳуруоте дар Тоҷикистон нашуда, дар ҳоле ки дар як ҷомеаи мардумсолор эътирозу тазоҳурот бояд пайваста сурат бигирад ва ин амр ҷомеаро аз фурӯпошӣ нигоҳ медорад, чун мардум ҳамарӯза демукросиро таҷруба мекунанд, давлат ҳам мудирияти гирдиҳамоиҳои мардумиро таҷруба ва тамрин мекунад.

Қодири Рустам: Ман гоҳе фикр мекунам, эҳтимолан сабаби оғози ҷанги мо низ ҳамин буд, яъне нерӯҳои беруна намехостанд, мо истиқлолияти “беҳудуд” ва “идоранашаванда” дошта бошем ва намунаи амал барои ҷумҳуриҳои ҳамсоя бошем... Заъфи нерӯҳои демократӣ ва миллӣ ва ба майдон рехтани нерӯҳои исломӣ, ки аксаран аз маърифати сиёсӣ низ ба дур буданд, сабаби дигаре гардид, ки ин нерӯҳои беруна бо истифода аз камтаҷрибагӣ ва каммаърифатии мо истифода бикунанд ва ба содагӣ моро ба майдони ҷанги ҳамдигарикушӣ бикашанд...

Муҳиддин Кабирӣ: Оне, ки тарҳи ҷангро Ислом Каримов кашид ва Елтсинро ба он мутақоид кард, дар он шакке нест. Чун дигар роҳи аз байн бурдани Ҳукумати Муросои Миллӣ ва забти пойтахт вуҷуд надошт. Ин ҷанг ба тамоми маънояш ҷанги артишҳои хориҷӣ алайҳи давлати мустақил ва миллии тоҷикон буд, ки он лаҳза аллакай тамоми рукнҳо, рамзҳо ва мақомоти расмии давлатдориро дошт. Аммо суол ин аст, ки чӣ гуна Квачков ва роҳбаронаш муваффақ шуданд ин лашкаркашӣ алайҳи давлати миллиро ба ҷанги дохилии байни тоҷикон табдил бидиҳанд? Оё Квачковҳо метавонистанд бе омилҳои дохилӣ ба осонӣ тоҷикро ба қотили тоҷик табдил диҳанд? Аниқ, ки не. Заминаи фикрии ин ҷанг дар тафаккури музофотӣ ва маҳалгароии мо буд, ки решаи таърихӣ дорад. Ҳукумати Шӯравӣ на танҳо натавонист ин тафаккурро аз байн бибарад, балки қавитар кард. Маҳз тафаккури музофотӣ имкон надод, ки мо пас аз истиқлол тоҷикона фикр кунем, тасмим бигирем, балки фикри мо ҳисориву хуҷандиву кӯлобиву бадахшиву раштӣ боқӣ монд. Мо аз пасмондаҳои Шӯравӣ ҳатто намехостем барои миллати тоҷик чизе бигирем, балки мехостем аз миллати тоҷик барои қавму маҳалламон як чиз биканем. Онҳое, ки тасмим гирфтанд мо аз ҳаққи худ дар тақсими артиши Шӯравӣ даст бикашем, дар сатҳи маҳаллашон фикр мекарданд. Ин артиш ба ноҳияи ман, деҳаи ман чӣ медиҳад? Чун ноҳияи ман наметавонад артиш дошта бошад, пас, лозим нест. Дар аввалҳои ҳаракати истиқлолхоҳӣ ташаббус дасти афрод ва нерӯҳое буд, ки тафаккури миллӣ доштанд ва барояшон арзишҳо муҳимтар аз манфиати маҳаллашон буд. Майдоншиниҳо ва тазоҳуроти аввал арзишӣ ва барои истиқлолияти давлатӣ ва забони тоҷикӣ буданд. Намояндаи ҳама минтақаҳо аз ҳама ҳизбу гурӯҳҳо онҷо буданд. Он замон сангарҳо арзишӣ ва идеологӣ буданд, на маҳаллӣ. Барои ҳамин ҷанг нашуд, чун арзишҳо Миллӣ буданд. Демократ, растохезӣ, наҳзатӣ ва ғайриҳизбӣ, кӯлобиву бадахшӣ, раштиву хуҷандӣ паҳлӯи ҳам барои ҳадафҳо ва арзишҳои болотар аз як ҳизбу гурӯҳ ва маҳал талош мекарданд. Тарафи муқобил ҳам, ки истиқлолиятро намехост, намояндаи кадом маҳалли хосе набуд. Онҳо ҳам арзишӣ ва идеологӣ фикр мекарданд. Он майдонҳо ба ҷанг наоварданд. Ҷанг замоне оғоз гашт, ки ҷои арзишҳоро манфиати маҳал ё гурӯҳҳо гирифт. Тавонистанд сангарҳои арзиширо ба сангарҳои маҳаллӣ табдил диҳанд. Манфиати маҳал ва тафаккури музофотӣ муллову коммунисти як маҳалро, ки 70 сол муқобили ҳам буданд, дар ду майдони муқобил паҳлӯи ҳам қарор дод. Тафаккури музофотӣ ва маҳаллӣ бар тафаккури миллӣ ва арзишӣ ғолиб омад ва то имрӯз ғолиб аст. Ҳама нерӯҳои арзишмеҳвар на танҳо майдонҳо, балки саҳнаи сиёсиро ҳам бохтанд. На танҳо демократҳои асил, растохезиҳо ва наҳзат, балки коммунистҳое мисли Шодӣ Шабдолов ҳам, ки арзишмеҳвар буданд, майдонро ба ҳамҳизбони собиқи дорои тафаккури музофотӣ ва манфиатмеҳварашон бохтанд. Ман ин тарзи тафаккурро омили аслии ҷанг ва мушкилоти имрузаи кишвар медонам.

Абдуқодир Талбаков: Мо ба ин ҳолат омода набудем. Бубинед, ки чанд моҳ қабл аз истиқлол ба даст овардан як раъйпурсӣ сурат гирифт ва беш аз 90 дарсади аҳолии кишвар овоз доданд, ки мо дар оилаи ягонаи Иттиҳоди Шӯравӣ зистан мехоҳем. Дигар ин ки мо нухбагони сиёсии омода ба вазъияти нав надоштем. Чеҳраҳои фарҳехтаву худшиносе, ки доштем дар мақомҳо набуданд, яъне вазифаи давлатӣ надоштанд, таъсиргузор набуданд. Элитаи сиёсие надоштем, ки ҳамин Истиқлоли худододро соҳибӣ кунем. Он роҳбароне, ки дар замони Шӯравӣ кишварро идора мекарданд, таҷрибаи идора кардани давлати мустақилро надоштанд. Баъдан омили геополитикӣ ҳам буд. Чун кишвари мо ба истиқлолият расид, чанд абардавлатҳо чашм ало карданд. Аз давлатҳои абарқудрат Русия ва аз ҷаҳони ислом - Эрон. Бархӯрди манфиати абарқудратҳо ва ноогоҳии сиёсии мо, зиракии сиёсӣ надоштани мо ҳам сабаб шуд, ки кишвар ба ҷанг кашида шуд.

Меҳмоншо Шарифов: Ин суол ба як таҳқиқоти мустақил зарурат дорад ва мардуме, ки то ҳол дар ин бора навиштаанд, ҳанӯз ҳам ҷавоби пурра ва фарогир надодаанд. Ва яке аз сабабҳояш ин аст, ки давлатмардони Тоҷик, бо вуҷуди онки Тоҷикистон ҳамчун як гӯшаи Шӯравии собиқ соҳиби иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳанги нав гардид, бо сабаби аз шуури музофотии хеш болотар нарафтан, Тоҷиконро дар сатҳи миллат ҳамчун як мавҷуди қудратӣ нигоҳ доштан натавонистанд. Ҳамон вақт натавонистанд, фазои ягонаи моддӣ, иҷтимоӣ ва равониро дар мамлакат ташкил кардан. Баръакс он тухми нифоқ, ки роҳбарони манқуртшуда ва маҳалгаро пошиданд, дар ибтидои истиқлоли Тоҷикон ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд. Шояд бештар аз ҳама давраҳои таърихи Тоҷикон, дар ҳамин солҳои барқароршавии Шӯравӣ, баъзеҳо дар баробари қудрат, ба душмансозии якдигар одат карда буданд.

Бахтовар Саидов: Рости гап, ман дар ин бора ягон чиз гуфта наметавонам. Қисме аз одамон мегӯянд, мусулмонон хостанд, давлати исломӣ созанд, ин чиз дигаронро ба хашм овард ва бархостанд, то ки ба онҳо роҳ надиҳанд. Ба ҳар ҳол, ман ҳамин қадар гуфта метавонам.

Посухҳо ба суоли аввал

Посухҳо ба суоли дувум

Посухҳо ба суоли савум

Посухҳо ба суоли чаҳорум

Посухҳо ба суоли панҷум

XS
SM
MD
LG