Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ пурсиш: 5. Ҷанг ба Тоҷикистон чӣ сабақ дод?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Суоли панҷум: Сабақе, ки гузашта ба мардуми Тоҷикистон дод, чист?

Дар матлабҳои аввал, дувум, савум ва чаҳорум аз силсилаи "Панҷ пурсиш роҷеъ ба сулҳу ваҳдати Тоҷикистон" ҳамсуҳбатони мо ба суолҳои "Чӣ чизҳоро беҳтарин дастовардҳои сулҳи Тоҷикистон мешуморед?", "Зери вожаи “ваҳдати миллӣ” чиро мефаҳмед?", "Агар ҷанг намешуд, вазъи имрӯзаи Тоҷикистон чӣ гуна буда метавонист?" ва "Чаро чунин ҷанг дар Тоҷикистон имконпазир гашт?" посух доданд. Ҳоло навбат ба суоли панҷум ва охирин: Сабақе, ки гузашта ба мардуми Тоҷикистон дод, чист?

27-уми июн Рӯзи ваҳдати миллии Тоҷикистон эълон шудааст. Барои гиромидошти 27-уми июни соли 1997 – рӯзи имзо шудани Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав, ки ба ҷанги панҷсола дар ин кишвар хотима гузошт, садҳо ҳазор гурезаи ҷангро ба ватан бозгардонд, ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодиро роҳандозӣ кард.

Дар ин ҷанги панҷсола, ки аз соли 1992 то соли 1997 идома кард, бино ба тахминҳо, наздик ба 150 ҳазор нафар кушта, беш аз 1 миллион тан муҳоҷир шуданд ва ба иқтисоди Тоҷикистон ба маблағи 10 миллиард доллар зарар расонда шуд.

Бар пояи Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки бо миёнравии Созмони Милал ва мусоидати кишварҳои “Гурӯҳи тамос” ба мизо расид, Комиссияи мусолиҳаи миллӣ таъсис ёфта, афви умумӣ сурат гирифт, ба аҳзоби манъшуда иҷозаи фаъолият дода шуд, тағйироти конститутсионӣ ва тақсими қудрат ба амал омада, то 30 дарсади мақомҳои ҳукуматӣ ба намояндагони мухолифон дода шуд.

Тарафҳо бо ҳам аҳд карданд, ки якдигарро бахшида, як кишвари озоду демократие хоҳанд сохт, ки "дар он озодии сухан, виҷдон, интихобот ва имконоту шароити баробари иқтисодию тиҷоратӣ барои тамоми шаҳрвандон, новобаста ба дину мазҳаб, ҳизбият ва забон фароҳам бошад". Ҳукумати Тоҷикистон ин санаро ба унвони Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар феҳристи ҷашнҳои расмӣ ворид кард ва ҳамасола ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад.

Дар остонаи чунин рӯзи муҳим Радиои Озодӣ бо панҷ суол ба ҳафт нафар рӯ овард, то назарҳоро ба воқеаи таърихӣ ва таҳаввули он ба қадри имкон бозтоб диҳад. Пурсишҳо ин гунаанд:

Ба ин суолҳо афроди зерин посух доданд:

  • Марям Давлатова, рӯзноманигор, равоншинос, шоир
  • Исфандиёри Одина, рӯзноманигор
  • Қодири Рустам, нависанда
  • Муҳиддин Кабирӣ, сиёсатмадор
  • Абдуқодир Талбаков, рӯзноманигор
  • Меҳмоншо Шарифов, файласуф
  • Бахтовар Саидов, донишҷӯ

Посухҳо ба суоли аввалро зери ҳамин ҷумла метавонед дарёфт кунед.

Ин ҷо ҳам посухҳо ба суоли дувум: Зери вожаи “ваҳдати миллӣ” чиро мефаҳмед?

Ҷавобҳо ба пурсиши савум: Агар ҷанг намешуд, вазъи имрӯзаи Тоҷикистон чӣ гуна буда метавонист?

Ва назари ҳамсуҳбатон ба суоли чаҳорум: Чаро чунин ҷанг дар Тоҷикистон имконпазир гашт?

Посухҳо ба пурсиши панҷум ва ниҳоӣ: Сабақе, ки гузашта ба мардуми Тоҷикистон дод, чист?

Марям Давлатова: Агар гузаштаи наздикро дар назар доред, ин сабақи мустақил будану масъулияти тақдири худро ба зимма гирифтан аст. Зеро кишварҳои дирӯз бародару баробар ва Русияи сарпараст дар як мижжа задан ба бегонагон ва рақибон табдил ёфтанд. Ин сабақ айни замон ҳам ба инсонҳои алоҳида, ҳам ба ҷомеа ва ҳам давлат дахл дорад. Ҳукумати кунунӣ, воқеан, ин сабақро хуб пазируфт. Роҳи ҳамкорӣ, муносибати мусолиҳатомез бо кишварҳои дигар, ба хотири манфиати кишвари худ. Натиҷаашро имрӯз мебинем. Аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар тавассути бунёди роҳҳои стратегӣ, сохтмони нерӯгоҳи Роғун, ободии инфрасохтории саросарии кишвар равшантарин мисолҳои мост. Бо дарназардошти таърихи ҳазорсолаи мо, вазъияти пеш аз ҷанг ва баъди он бунёдшуда, тафаккуру ҳуввияти миллии худ аз ин беҳтар сабақ ба даст овардан ба назари ман имкон надошт.

Исфандиёри Одина: Агар мехоҳем аз таърихи ҷанги дохилӣ ва таҳаввулоте, ки баъд аз он то ҳол дар Тоҷикистон рух дода, сабақ бигирем, бояд бибирем, ки аз куҷо ба куҷо расидем ва дар ин фароянд чӣ чизи мусбате доштаем ва чӣ чизе ҳаст, монеи кор мешавад. Ва батадриҷ шароитро барои таҷруба ва тамрини ниҳодҳои демократӣ ва мардумсолорӣ фароҳам кунем. Мардумсолорӣ аз хона ва русто шурӯъ мешавад, бояд аз хона ва русто мардум бояд маҷлис кардан ва интихоб карданро ёд бигиранд. Баъд дар деҳистон ё ноҳия ва шаҳристон ва устон ва дар ниҳоят дар саросари кишвар. Низоми интихоботро аз ҳамон маҷлиси рустоҳо бояд шурӯъ кард, бояд аз ихтиёроти марказ кост ва бархе ихтиёротро ба устонҳо ва шаҳристонҳо дод, масалан лоақал битавонанд будҷаи худашонро худашон таҳия ва тасвиб ва бар иҷрояш назорат кунанд. Бояд аз ихтиёроти раёсати ҷумҳурӣ кост ва бар ихтиёроти додгоҳҳо (қувваи қазоия) ва маҷолис дар ҳамаи рустову шаҳрҳо ва вилоёт афзуд. Ваҳдати воқеиро замоне мешавад таъмин кард, ки мардум худашон сарнивишти худро ба дасти худ бигиранд ва дарк кунанд, ки миёни худашон ва як ҳаммеҳанашон, ки дар фосилае дуртар аз онҳо зиндагӣ мекунад, кӯчактарин тафовуте вуҷуд надорад. Ҳоло ваҳдате, ки мо дорем, ғолибан сатҳӣ, сохтагӣ, ҷаълӣ ва бештар ҳам иборат аз шиорбозӣ аст. Воқеият ин аст, ки ҳукумат дар дасти тоифае хос мутамаркиз шуда ва он бар ҳамаи миллат фармонравоӣ мекунад ва ҳеч масъулияте ҳам барои корҳое, ки мекунад ё корҳое, ки анҷом намедиҳад, назди мардум надорад. Ин ваҳдат нест, балки султаи иддае бар иддаи дигар аст. Ҳукумат бояд дар хидмати мардум бошад ва ҳамасола бояд ба мардум гузориш бидиҳад, ки чӣ корҳоеро анҷом додааст ва чӣ корҳоеро натавонистааст анҷом бидиҳад, на ин ки ба мардум ваҳйу паём бифристад.

Қодири Рустам: Мутаассифона, мо аз ин гузаштаи талху фоҷиавии гузаштаамон хеле кам сабақ гирифтаем, мо ҳанӯз ҳам иштибоҳҳои гузаштаро такрор мекунем, ҷанги гарм хотима ёфта, вале ҷанги сард, ҷанги сухан, таҳаммулнопазирӣ бо бадтарин шева идома дорад. Бояд хирад пирӯз бишавад ва мо ниҳоятан ба миллатсозӣ шуруъ бикунем... Барои ин қабл аз ҳама таҳаммулпазирӣ, маърифат ва ваҳдат лозим аст... Давлат метавонад мубтакири ин раванд бошад...

Муҳиддин Кабирӣ: Як сабақ не, сабақҳо дод. Муҳимтаринаш ин аст, ки миллат набояд ба ваъдаву ашки чашму шиори касе ё гурӯҳе бовар кунад. Ҳамеша бояд як механизми қавӣ ва пойдор барои кашидани лаҷоми сиёсатмадорон вуҷуд дошта бошад, вагарна он лаҷом бар гардани худи миллат зада мешавад. Мо лаҷоми Раҳмоновро замоне аз даст додем, ки ба таваллои ӯ бовар кардем. Вақте Созишномаи Сулҳ президентиро барои ӯ як давра маҳдуд карда буд, набояд мо дар Комисссияи оштии миллӣ аз талаботи Созишнома мегузаштем. Ӯ ҳамагӣ як давраи дигар ва онро ҳам барои мустаҳкам кардани сулҳ хоҳиш кард. Аммо, ин як давраи дигарро ҳоло мехоҳад то охири умр ва баъдан ба фарзандон меросӣ кунад. Мо-ку фиреб хӯрдем, аммо суол ин аст, ки оё дигар аъзои Комиссияи оштии миллӣ аз тарафи ҳукумат ҳам худро фиребхӯрда ҳисоб мекунанд ё онҳо аз аввал медонистанд, ки ин фиреб аст ва моро огоҳ накарданд? Ёдам ҳаст, ки Иброҳим Усмонов (ҳарду узви зеркомиссияи сиёсии Комиссияи оштии миллӣ будем) ба утоқи корӣ омад ва хоҳиш кард, ки ба утоқи ӯ гузарам ва Муҳаммадсаид Убайдуллоев мехоҳад бо ман телефонӣ суҳбат кунад. Замоне буд, ки баҳсҳо дар Комиссияи оштии миллӣ дар бораи муҳлати президентӣ ба бунбаст расида буд. Раиси шаҳр хоҳиш кард, ки суҳбатро дар идораи кории ӯ давом диҳем ва ман ҳам рафтам. Суҳбат аз эҳтиром ба принсипҳои демократӣ ва созишнома, тоҷикияту хатарҳои миллӣ оғоз гашт ва баъдан ба аммову лекинҳо расид. Яъне, манфиатҳои миллӣ талаб мекунад, ки Раҳмонов як давраи дигар президент боқӣ бимонад. Агарчи принсипҳои демократӣ ва талаботи созишномаи сулҳ вайрон мешавад, вале касе тоҷики асилу ватандӯст аст, бояд инро бипазирад. Тибқи сухани эшон, гӯё дар Комиссияи оштии миллӣ танҳо ман мухолифи ҳамин пешниҳод боқӣ мондаам, дигар ҳама розӣ будаанд, ки албатта чунин набуд. Ҳадди ақал аз мавқеи қотеи Устод Ҳимматзода хабар доштам, чун бо ҳам дар ин мавзуъ зиёд суҳбат мекардем. Мавқеи худро гуфтам, ки чаро мухолиф ҳастам ва ин рабте ба шахси Раҳмонов надорад. Инҷо усул ва меъёрҳо муҳиманд. Ва ҳатто суол кардам, ки агар худи шумо ё каси дигар аз тими ҳукумат президент шавед, манфиати миллат чӣ зарар мебинад? Ҳам созишнома поймол намешавад ва ҳам усули демокртӣ риоят мешавад. Аммо эшон исрор ба он мекард, ки ин танҳо як давра аст ва он ҳам барои миллату сулҳу ваҳдату ғайра ва ҳоказо. Баъдан чи шуду чаро ҳамагон розӣ ба тамдид шуданд, мавзӯи дигарест, аммо натиҷааш маълум гашт, ки ҷуз суистифода аз шиорҳои миллатдӯстӣ чизи дигар набудааст. Ва суол ҳам ҳамин аст, ки оё намояндагони ҳукумат ҳам бовар доштанд, ки давраи охир аст ё не? Ҳоло чи моро фиреб карданд ё худашон ҳам фиреб хӯрданд, барои миллат сабақе шуд, ки набояд аз принсипҳои муҳими давлатдорӣ даст кашид. Ва манфиати милливу давлат ҳам дар риояти ҳамин усул ва чорчӯбҳост, на дар гузашту истисноҳо барои касе. Сабақи дигар ин аст, ки гоҳе ба ҳарфи тарафи муқобил ҳам бояд гӯш дод ва набояд ҳамеша онро танҳо фикри мухолиф қабул кард. Абдумаҷид Достиев дар комиссия як пешниҳоди эҳтиёткорона кард, ки мо нодида гирифтем. Ӯ гуфт, ки ба Конститутсия даст назанем беҳтар аст, чун метавонем дари суистифодаро боз кунем. Ҳадафи мо ворид кардани тағйирот тибқи талаботи Созишнома буд, аммо ӯ мисле ки аз чизе огоҳ буд ва наметавонист бо сароҳат бигӯяд.

Абдуқодир Талбаков: Мо бояд аз ин ноомад, бадбахтии миллӣ сабақ мегирифтем. Чӣ сабақ? Сабақ ин боз ҳам ҳамдилӣ, ҳамбастагӣ, эҳтироми якдигар ва дар мақоми шоиста гузоштани кадрҳои арзанда. Вале ман гумон мекунам, ки мо ба ҳадди зарурӣ сабақ нагирифтаем. Ман бисёр нафаронеро мебинам, ки шоистаи мақомҳои баланданд, аммо вазифае надоранд. Таъйин ба вазифаҳо ошкоро сурат намегирад, аз тариқи озмун баргузор намешавад, хешу таборчигӣ ҳаст, маҳалбозиву ноҳиябозиҳо ҳаст. Ин ҳама аз сабақ нагирифтанҳои мост. Мо бояд сабақҳое, ки ҷанги шаҳрвандӣ ба мо дод, фаромӯш накунем. Кӯр як бор ба чоҳ меафтад. Ба назари ман, мо баъзе аз сабақҳое, ки ҷанги шаҳрвандӣ дод, фаромӯш кардем. Аз ба даст омадани истиқлол қариб 30 сол сипарӣ шуд, аммо музаффариятҳои мо ҳанӯз дар сатҳи зарурӣ нест. Ҳоло мо ба он орзуву омоле, ки ин халқу давлат ва миллат дошт, ба он нарасидем. Фикр мекунам, мо бояд акнун бештар ба сиёсати кадрӣ ва дуруст ҷо ба ҷо гузоштани мутахассисон таваҷҷуҳ кунем.

Меҳмоншо Шарифов: Ҳанӯз ҳам мардуми Тоҷикистон дар буҳронанд. Будани буҳрон мушкилиҳоро боз ҳам равшантар рӯ ба рӯ мегузорад ва ҳалли онҳоро тақозо мекунад. Боз ҳам ба ҳамон сулҳ бояд баргашт ва ваъдаҳо ва бахшишҳои худро то он ҷо, ки икмон ҳаст, бояд амалӣ кард. Дигар ин ки ҳар касе аз ваҳдат ва истиқлол ҳарф мезанад, наметавонад сиёсати худро болои хатои дигарон бунёд кунад, балки аз ин хатоҳои таърихии худ ва дигарон меомӯзад. Ҳар кӣ аз истиқлол ҳарф мезанад, пеш аз ҳама аз ба чолиш кашидан ё таҳлили танқидии субъективияти (худӣ, шахсият), таърихият, фалсафа ва маъниҳои ҳукмрони худ оғоз мекунад. Гузашта аз ин, ҳар кӣ аз ваҳдат ва истиқлол (sovereignty) ҳарф мезанад, бояд дониста бошад, ки ваҳдат ва истиқлол ин танҳо ҳарф ва сифати давлат нестанд, балки сохтани инсон, ҷомеа ва давлат дар як раванданд.

Бахтовар Саидов: Бояд ҷамъияте сохт, ки зӯргӯӣ ва зӯроварӣ дар он ҷой надошта бошад. Бояд адолат ҳукмрон бошад ва одамон тавонанд бо сухан мушкили худро ҳал кунанд, на бо дасту бозу ё худое накарда бо яроқ. Ҳамин.

Посухҳо ба суоли аввал

Посухҳо ба суоли дувум

Посухҳо ба суоли савум

Посухҳо ба суоли чаҳорум

Посухҳо ба суоли панҷум

XS
SM
MD
LG