Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ пурсиш аз сулҳ. 2. “Ваҳдати миллӣ” бароятон чист?


Суоли дувум: Зери вожаи “ваҳдати миллӣ” чиро мефаҳмед?

Дар матлаби аввал аз силсилаи "Панҷ пурсиш роҷеъ ба сулҳу ваҳдати Тоҷикистон" ҳамсуҳбатон мо ба суоли "Чӣ чизҳоро беҳтарин дастовардҳои сулҳи Тоҷикистон мешуморед?" посух доданд.

27 июн Рӯзи ваҳдати миллии Тоҷикистон эълон шудааст. Барои гиромидошти 27 июни соли 1997 – рӯзи имзо шудани Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав, ки ба ҷанги дохилӣ дар ин кишвар хотима гузошт, садҳо ҳазор гурезаи ҷангро ба ватан бозгардонд, ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодиро роҳандоҳӣ кард.

Дар ин ҷанги панҷсола, ки аз соли 1992 то соли 1997 идома кард, бино ба тахминҳо, наздик ба 150 ҳазор нафар кушта, беш аз 1 миллион тан муҳоҷир шуданд ва ба иқтисоди Тоҷикистон ба маблағи 10 миллиард доллар зарар расонда шуд.

Бар пояи Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки бо миёнравии Созмони Милал ва мусоидати кишварҳои “Гурӯҳи тамос” ба имзо расид, Комиссияи мусолиҳаи миллӣ таъсис ёфта, афви умумӣ сурат гирифт, ба аҳзоби манъшуда иҷозаи фаъолият дода шуд, тағйироти конститутсионӣ ва тақсими қудрат ба амал омада, то 30 дарсади мақомҳои ҳукуматӣ ба намояндагони мухолифон дода шуд.

Тарафҳо бо ҳам аҳд карданд, ки якдигарро бахшида, як кишвари озоду демократие хоҳанд сохт, ки "дар он озодии сухан, виҷдон, интихобот ва имконоту шароити баробари иқтисодию тиҷоратӣ барои тамоми шаҳрвандон, новобаста ба дину мазҳаб, ҳизбият ва забон фароҳам бошад". Ҳукумати Тоҷикистон ин санаро ба унвони Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар феҳристи ҷашнҳои расмӣ ворид кард ва ҳамасола ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад.

Дар остонаи чунин рӯзи муҳим Радиои Озодӣ бо панҷ суол ба ҳафт нафар рӯ овард, то назарҳоро ба воқеаи таърихӣ ва таҳаввули он ба қадри имкон бозтоб диҳад. Пурсишҳо ин гунаанд:

  • Чӣ чизҳоро беҳтарин дастовардҳои сулҳи Тоҷикистон мешуморед?
  • Зери вожаи “ваҳдати миллӣ” чиро мефаҳмед?
  • Агар ҷанг намешуд, вазъи имрӯзаи Тоҷикистон чӣ гуна буда метавонист?
  • Чаро чунин ҷанг дар Тоҷикистон имконпазир гашт?
  • Сабақе, ки гузашта ба мардуми Тоҷикистон дод, чист?

Ба ин суолҳо афроди зерин посух доданд (дар зимн ҳар шаҳрванд низ метавонад, дар бахши шарҳҳо ба ин пурсишҳо посухи худро илова кунад):

  • Марям Давлатова, рӯзноманигор, равоншинос, шоир
  • Исфандиёри Одина, рӯзноманигор
  • Қодири Рустам, нависанда
  • Муҳиддин Кабирӣ, сиёсатмадор
  • Абдуқодир Талбаков, рӯзноманигор
  • Меҳмоншо Шарифов, файласуф
  • Бахтовар Саидов, донишҷӯ

Посухҳо ба суоли аввалро зери ҳамин ҷумла метавонед дарёфт кунед. Ҳоло посухҳо ба пурсиши дувум: Зери вожаи “ваҳдати миллӣ” чиро мефаҳмед?

Марям Давлатова: Ваҳдати миллӣ кори якрӯзаву дурӯза нест. Он бо як қарордод ё амру қонун ҳосил намешавад. Ваҳдати миллӣ ормон ва раванд аст. Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар оғози ин раванд аст. Барои расидан ба натиҷаи ормонӣ кор хеле зиёд аст.

Исфандиёри Одина: Бояд дар ҷомеа тавозун бошад, қабл аз ҳама тавозуни қуво дар ҳокимият, ҳар кадом аз се шохаи ҳокимият бояд комилан мустақил аз ҳам ва дар айни ҳол нозир бар ҳамдигар бошанд. Дар кишвари мо, мутаассифона, дар натиҷаи таҷрубаи баде, ки доштем, яъне давлати заиф ва раҳбароне бо ихтиёроти бисёр маҳдуд, ки натавонистанд ҷилави ҷангро бигиранд, мо аз низоми мардумсолорӣ сархӯрда шудем, безор шудем ва мардум бисёре сиёсатҳарос ё сиёсатгурез шуданд, ки то имрӯз дигар коре ба сиёсат надоранд. Онҳое, ки сиёсатро ба дасти худ гирифтанд, аз зӯру фишор ва гоҳ фаъолиятҳои номашрӯъ истифода карданд. Масалан, як замон порлумони мо пур аз ҷангсолор ё қумандон буд! Онҳое ҳам, ки дасташон ба ҷанг олуда нашуда буд, аммо натавонистанд дарк кунанд, ки тағйири қонуни асосӣ набояд ба ҳадде бошад, ки кишварро ба самти диктотурӣ савқ бидиҳад.

Аммо ҳар ойина ин ислоҳот дар Қонуни асосӣ ва низоми сиёсӣ дар ҳамон авосити даҳаи 90 ва баъд аз имзои тавофуқи сулҳ, сурат гирифт, ва ҳарду ислоҳот ҳам заминаро барои низоми истибдодӣ ё худкома фароҳам кард. Шумори аъзои маҷолис башиддат коҳиш дода шуд, ихтиёроти маҷлис ҳам коҳиш ёфт, аммо ихтиёроти раисҷумҳур ба таври густарда афзоиш ёфт. Ончи мо имрӯз дорем, натиҷаи ҳамон тағйиротест, ки дар авосити даҳаи 90 ва авохири он, замоне ки ду бор Қонуни асосӣ ислоҳ шуд, иттифоқ уфтод ва он ҳосили ҷанг буд.

Он замон шояд тарроҳони ин ислоҳот фикр мекарданд, ки ихтиёроти раисҷумҳурро бештар кунанд, то ба бесарусомонӣ поён бидиҳад, вале дар ин амр ифрот шуд ва ихтиёроти ӯ он андоза афзуд, ки ҳамаро ба қабзаи худ даровард, аз ҷумла порлумон ва системи қазоияро низ. Ин вазъият боъис шуд, ки ҳузур ва нуфузи ҷомеаи маданӣ ҳам башиддат маҳдуд ва камранг шавад. раисҷумҳур бархе аз шеваҳои мудириятии Шӯравиро, ки мебоист ислоҳ шавад, бозгардонд, бавижа ин раванд аз соли 2010 ба баъд суръату шиддати бештаре гирифт.

Танҳо ҳизби мухолифе, ки андаке нуфуз дошт, ҳамон ҳизби наҳзати исломӣ буд, ки баъд аз имзои тавофуқи сулҳ чандин иштибоҳро муртакиб шуд ва на ин ки саъй накард ҷилави табдил шудани давлат ба як ҳокимияти худкомаро бигирад, ки ба он кумак ҳам кард. Ё лоақал дар баробари иқдомоти давлат, ки дар масири истибдод ё худкомагӣ гом бармедошт, сукут пеша кард, ки дар ниҳоят оташ домани худашро ҳам гирифт ва ҳукумати худкома онро ҳам мамнӯъ ва фаъолонашро зиндонӣ кард.

Ба ин тартиб, агарчи дар оғоз ваҳдат лоақал дар сатҳи сиёсӣ ва дар зоҳир то ҳадде ҳосил шуда буд, аммо ҷанге пинҳон дар пушти парда ҷараён дошт. Масалан аз 2000 ба ин сӯ чандин шахсиятҳо ва гурӯҳҳои сиёсӣ аз саҳна хориҷ карда шуданд ва раҳбаронашон зиндонӣ шуданд, мисли Искандаров, вале мухолифони исломӣ, ки нуфузи чашмгире доштанд, ба тамошо нишаста буданд, ё ба ибрози назарҳо ё баёнияҳое иктифо мекарданд, то ин ки ҳамон сарнивишт бо худашон ҳам уфтод.

Ин фарояндро дар дохили давлат ҳам мушоҳида мекунем, он даста аз мақомоте, ки дар дохил талош карданд ва қавонинро тағйир доданд ва ибтикороте барои тақвияти пояҳои давлати марказӣ анҷом доданд, батадриҷ худашон ҳам аз саҳна хориҷ карда шуданд ё ба кунҷи узлат фиристода шуданд. Дар ҳоле ки онҳо ҳам метавонистанд корҳоеро анҷом бидиҳанд, ки тавозуни қуво ҳифз шавад ва демукросӣ ва мардумсолорӣ дар ҷомеа ҳоким бошад, вале онон аз рӯи садоқат ба шахси раисҷумҳур (ва на ба миллат) бисёре аз муъодилотро ба суди раисҷумҳур, гоҳе бо по гузоштан рӯи қонун, ҳал карданд. Вале дар ниҳоят ин ба зиёни худашон ҳам тамом шуд ва худашон аввалин қурбонии низоми истибдодие шуданд, ки заминаашро фароҳам сохта буданд, аммо чунончи гуфтаанд, пушаймонӣ дигар суде надорад.

Қодири Рустам: Ваҳдати миллӣ, аз нигоҳи ман, қабл аз ҳама баробарии ҳамаи шаҳрвандон сарфи назар аз минтақаи сукунат ва узвият ба ҳизбҳои сиёсӣ ва ақоиди сиёсӣ дар назди қонун ва бархурдории баробари онҳо аз имтиёзҳои иҷтимоӣ аст; интихоби кадрҳо танҳо аз мавқеи шоистасолорӣ, таъмини озодии инсон, озодии баён, озодии виҷдон аст. Аз ин назар дар Тоҷикистон ҳанӯз ваҳдати миллӣ вуҷуд надорад, агарчи шояд танҳо кишварест, ки ҳамасола рӯзи ваҳдатро таҷлил мекунад... Мутаассифона, дар ин замина мо ҳатто дастовардҳои чанд соли қаблро ҳам аз даст додаем...

Муҳиддин Кабирӣ: Ваҳдати миллӣ аз нигоҳи ман он аст, ки ҳеҷ инсоне, фақат барои он ки тоҷик аст аз русу узбеку яҳудиву қирғиз имтиёз ё ҷойгоҳи хос дар назди қонун ва дар зиндагии рӯзмарра надошта бошад. Як инсон, фақат барои он ки пайрави ин ё он дину мазҳаб аст ё умуман ба ягон ақида бовар надорад, набояд барои ӯ имтиёзе бидиҳад ё мушкилӣ ба вуҷуд биёрад. Як инсон фақат барои он ки зодаи кадом минтақаи хоси кишвар аст, дар баробари зодаи минтақаи дигар ҷойгоҳ ё имтиёзе дар ҷомеа ва зиндагии рӯзмарра надошта бошад. Узвият ба ҳизбе, созмоне ва иттиҳодияи қонуние ба як инсон на имтиёзи хос медиҳад ва на маҳдудияте эҷод мекунад. Ва аз ҳама муҳим, давлат барои ҳамаи ин гурӯҳҳо нигоҳ ва муносибати яксон дошта бошад. Ин ваҳдати миллӣ воқеӣ аст. Ваҳдати миллӣ ин нест, ки як шахс ё як гурӯҳ тамоми сарватҳо, дастовардҳо ва қудрати давлату миллатро дар дасти худ ва хонводааш ҷамъ кунад ва боқимондаи миллатро ҳамчун ашёи хом барои "маршировка"-ву қарсакзаниву андозсупорӣ истифода намояд. Ва касе ин ҳолатро қабул надошта бошад, ӯро душмани миллат ё хоин эълон кунад.

Абдуқодир Талбаков: Ваҳдати миллӣ нисбӣ аст. Масалан, дар Амрико ва ё кишварҳои Аврупо ваҳдати миллӣ нест. Ягон кишваре нест, ки дар он ҷо ваҳдати миллӣ сад дар сад вуҷуд дошта бошад. Агар як миллате бисёр озода, бо вазъи иҷтимоии бисёр хуб, бо амният, шаҳрвандонаш худро хуб ҳис кунад, хусумату хушунат набошад, пас, метавон гуфт, онҳо ба Ваҳдати миллӣ расидаанд. Ман ин вожаро чунин мефаҳмам.

Меҳмоншо Шарифов: Ваҳдат танҳо шиор нест, ки идеологҳои ҳукуматӣ фаҳмондаанд ва ҳар сол ҷашн мегиранд. Вале дар асл ваҳдати миллӣ вуҷуд надорад ва ба ҷои он ҳарҷу марҷ, бадбинӣ, ноумедӣ ва хушунат ҳукмрон аст. Ваҳдат арзишест, ки бояд бо амал ба воқеият табдил ёбад, на ин ки ба миф ва ба идеал табдил дода шавад, ки ин ба фалсафа ва зиндагии пуч (абсурд) оварда мерасонад. Бубинед, дар ин минтақа давлатҳое чун Тоҷикистон, агар воқеан зарфият ва ихтиёр медоштанд ё доранд ду роҳ доштанду доранд, якум, ин ки воқеан ваҳдат ва истиқлолро дар кишварҳои худ бояд барқарор кунанд, ки он инкишофи саноат ва иқтисод, кам кардани суръати муҳоҷиршавии иҷборӣ ва пурра аз байн бурдани он, таъмини бехатарии иҷтимоӣ ва вуҷудии мардум ва ташкили ҷомеаи шаҳрвандист. Роҳи дуюм ин тақдири худро ба дасти нерӯҳои беруна гузоштан ва ҳар дафъа ба хотири нигоҳ доштани худ дар қудрат хоҷаи нав кофтан. Ва роҳи якум роҳи давлати воқеан мардумист, ки дар дохил такягоҳи мустаҳкам дорад ва дар дунёи имрӯз ҳеҷ гуна нерӯи хориҷӣ, халқи огоҳи дар атрофи давлати худ ҷамъшударо наметавонад барои фоидаи худ идора кардан. Ва роҳи дуюм роҳи давлатҳои диктатурист, роҳи доираҳоест, ки ба давлат расидаанд, вале маҳдудиятҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ имконашон намедиҳанд, ки дар кишвар кори созандаро роҳандозӣ кунанд ва аз ин рӯ дар пайи пароканда кардани мардуми худ ҳастанд ва ҳар беадолатие, ки хоҷагони нерӯманди онҳо мекунанд, дастгирӣ мекунанд ва муқобили арзишҳо, идеяҳо ва ормонҳои созандаи худӣ ва умумиинсонианд, ҳарчанд ки аз ин арзишҳо ва идеяҳо системаи рамзие барои фиреб додани мардуми худ месозанд.

Бахтовар Саидов: Ваҳдати миллӣ, ин яъне ягонагии ҳамаи мардум. Вақте ки мардумро аз рӯйи ягон нишона аз ҳам ҷудо накунанд. Ҳоло ба шарофати сиёсати Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон мо ба ҳамин гуна ваҳдат расидаем. Ҳама якҷону яктан ҳастем барои ободии Ватани азизамон. Ҳамин роҳи ваҳдатро давом медиҳем ва ба ободонии Ватану миллат мерасем.

Посухҳо ба суоли дувум

Посухҳо ба суоли савум

Посухҳо ба суоли чаҳорум

Посухҳо ба суоли панҷум

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG