Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ пурсиш роҷеъ ба сулҳу ваҳдати Тоҷикистон


Лаҳзаи имзо шудани созишномаи сулҳ миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик, Маскав, 27 июни соли 1997

Дар остонаи чунин рӯзи муҳим Радиои Озодӣ бо панҷ суол ба ҳафт нафар рӯ овард, то назарҳоро ба воқеаи таърихӣ ва таҳаввули он ба қадри имкон бозтоб диҳад. Пурсишҳо ин гунаанд:

27-уми июн Рӯзи ваҳдати миллии Тоҷикистон эълон шудааст. Барои гиромидошти 27 июни соли 1997 – рӯзи имзо шудани Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав, ки ба ҷанги дохилӣ дар ин кишвар хотима гузошт, садҳо ҳазор гурезаи ҷангро ба ватан бозгардонд, ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодиро роҳандоҳӣ кард.

Дар ин ҷанги панҷсола, ки аз соли 1992 то соли 1997 идома кард, бино ба тахминҳо, наздик ба 150 ҳазор нафар кушта, беш аз 1 миллион тан муҳоҷир шуданд ва ба иқтисоди Тоҷикистон ба маблағи 10 миллиард доллар зарар расонда шуд.

Бар пояи Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки бо миёнравии Созмони Милал ва мусоидати кишварҳои “Гурӯҳи тамос” ба имзо расид, Комиссияи мусолиҳаи миллӣ таъсис ёфта, афви умумӣ сурат гирифт, ба аҳзоби манъшуда иҷозаи фаъолият дода шуд, тағйироти конститутсионӣ ва тақсими қудрат ба амал омада, то 30 дарсади мақомҳои ҳукуматӣ ба намояндагони мухолифон дода шуд.

Тарафҳо бо ҳам аҳд карданд, ки якдигарро бахшида, як кишвари озоду демократие хоҳанд сохт, ки "дар он озодии сухан, виҷдон, интихобот ва имконоту шароити баробари иқтисодию тиҷоратӣ барои тамоми шаҳрвандон, новобаста ба дину мазҳаб, ҳизбият ва забон фароҳам бошад". Ҳукумати Тоҷикистон ин санаро ба унвони Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар феҳристи ҷашнҳои расмӣ ворид кард ва ҳамасола ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад.

Имрӯз посухҳоро ба пурсиши якум нашр мекунем. Чӣ чизҳоро беҳтарин дастовардҳои сулҳи Тоҷикистон мешуморед?

Ба ин суолҳо афроди зерин посух доданд (дар зимн ҳар шаҳрванд низ метавонад, дар бахши шарҳҳо ба ин пурсишҳо посухи худро илова кунад):

  • Марям Давлатова, рӯзноманигор, равоншинос, шоир
  • Исфандиёри Одина, рӯзноманигор
  • Қодири Рустам, нависанда
  • Муҳиддин Кабирӣ, сиёсатмадор
  • Абдуқодир Талбаков, рӯзноманигор
  • Меҳмоншо Шарифов, файласуф
  • Бахтовар Саидов, донишҷӯ

Марям Давлатова: Беҳтарин дастоварди сулҳ ҳамеша набудани ҷанг аст. Тоҷикистон тавонист ҷангеро, ки тайи муҳлати начандон зиёд ин қадар харобии азиме, хисороти моливу талафоти ҷонӣ, парешонии оилаҳо, изтироби шадиди равонӣ ба кишвар ворид кард, боздорад. Табаддулоти азими солҳои навад, ба вазъи геополитикии кишвар низ таъсири шадиди манфӣ ворид намуд. Мушкилоти муносибат бо ҳамсояҳои ҳамҷавор, нооромии дохилии Афғонистон мисоли равшани ин ҳолат аст. Танҳо сулҳи дохилӣ тавонист, неруи истодагариро пеши ин ҳама ноустувориҳои берунӣ ато намояд. Ғайр аз ин иродаи сиёсии давлат ва иҷрои баргардондани кулли гурезаҳо низ аз дастовардҳои нодири сулҳи тоҷикон аст.

Исфандиёри Одина: Беҳтарин дастоварди сулҳ батадриҷ аз саҳна хориҷ шудани гурӯҳҳои мусаллаҳ аст. Ҷангсолорон дар маҳал ё минтақае хос бар мардум ҳоким шуда буданд, мардумро ғорат мекарданд, ба номусу моли мардум дастдарозӣ мекарданд. Ва аз саҳна хориҷ шудани инҳо боъис шуд, ки мардум бо оромиш ба тиҷорат бипардозанд ва иқтисод баъд аз 2002 батадриҷ рӯ ба беҳбудӣ гиройид. Ин собит мекунад, ки давлати мутамаркиз доштан чи қадр барои ҷомеа муҳим аст.Аммо аз сӯи дигар, давлат аз ҳадди мутамаркиз шудан фаротар рафт ва ба як давлати мустабид бадал шуд, ки саъй мекунад тамомии умури зиндагии мардумро таҳти кунтрул бигирад. Яъне мо аз ҳолати бесарусомонӣ ва мулукуттавоифӣ ба ҳолати истибдод ва ё ҳукумати худкома расидем ва ин васат ҷомеаи маданӣ қурбон шуд. Ин албатта як амри тадриҷӣ буд, дар авоил фаъолияти ҷомеаи маданӣ чашмгиртар буд ва ин ҷомеаи маданӣ буд, ки ба нерӯ гирифтани давлат кумак кард, вале рафта рафта худаш ранг бохт ва давлат бар ӯ чира ва тасаллут шуд, ки ин мояи таассуф аст.

Қодири Рустам: Хатми ҷанг, бозгашти фирориён ба ватан, ва ба хонаҳои худ, эҷоди замина барои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар.

Муҳиддин Кабирӣ: Беҳтарин дастоварди сулҳи тоҷикон ин аст, ки бадахшиву кулобӣ, ҳисориву хуҷандӣ, зарафшониву раштӣ фаҳмид, ки ҳеҷ минтақа душмани минтақаи дигар нест. Миллати тоҷик фаҳмид, ки вовчику юрчике вуҷуд надоштааст, балки ин калимаҳоро дар утоқҳои хадамоти ҷосусӣ барои ҷудо кардани миллат ва ба ҷони ҳам андохтани якдигар сохтаанд. Чуноне, ки полковник Квачков эътироф кард, барои он ки ҷанг байни тоҷикҳову қушунҳои хориҷа ном нагирад, бояд аз дохили худи тоҷикҳо як гурӯҳи мусаллаҳеро сохт ва пуштибонӣ кард, то ин низоъ тоҷикӣ- тоҷикӣ шинохта шавад. Агар сулҳ намебуд, мо шояд то имрӯз тибқи тақсимоти Квачков ва Квачковҳои ватанӣ вовчику юрчик боқӣ мемондем. Оне, ки ин тақсимбандии сунъӣ ва золимона шикаста шуд, яке аз натиҷаҳои сулҳ аст.

Абдуқодир Талбаков: Беҳтарин дастоварди сулҳи тоҷикон ин Ваҳдати миллӣ аст. Ба ҳар сурат Ваҳдат, ҳамбастагӣ, ҳамдилӣ намебуд, гумон мекунам, амният ҳам намешуд. Ба ҳар сурат амният дар кишвари мо таъмин аст. Пас мешавад гуфт ваҳдат ҳаст. Ман намегӯям, ки мо ваҳдати сартосарӣ дорем ва ҳамдигарфаҳмии комил вуҷуд дорад. Ваҳдати нисбӣ вуҷуд дорад, чун ба чаҳор гушаи Тоҷикистон мо сафар мекунем, дигарон ҳам сафар мекунанд, ҳамдиланд, ҳамсуҳбатанд, мардум хешу табор мешаванд. Нисбатан мешавад гуфт, ки ҳоло ваҳдати миллӣ таҳким ёфтааст. Беҳтарин музаффарияти сулҳи тоҷикон ҳамин Ваҳдат аст.

Меҳмоншо Шарифов: Аслан дастовард ҳамин худи сулҳ буд, ки ба тадриҷ кушта ва аз байн бурда шуд. Аз ин рӯ, дар бораи ҳеҷ гуна дастоварди ин сулҳ наметавон ҳарф зад. Мардуме, ки мегӯянд бо ин сулҳ «давлатдории миллӣ ва миллати худро наҷот додем», хато мекунанд, зеро ин гуна давлатдорӣ имрӯз ҳам вуҷуд надорад ва интегратсияи маҳаллу музофоти Тоҷикистон то ба сатҳи миллат ҳам амалӣ нашуд. Бубинед, вақте дар як мамлакат ҷанги шаҳрвандист, дар бораи будани давлат ҳарф задан номумкин аст, давлат аслан вуҷуд надорад. Баъди сулҳ бояд давлати воқеан миллӣ шакл мегирифт, вале мутаассифона тарафи бо ном «давлат» тарафи дигари сулҳро аз байн бурданд ва гурӯҳе ҳам ин рӯйдодро ба афсона табдил доданд. Дар таҷрубаи байналхалқӣ масъалаи «ба ваъда вафо кардан» ва «бахшидани якдигар» маъруф ва калидист, ки сиёсат(бе)мадорони ин қарина (контекст) ба бозича гирифтанд.

Бахтовар Саидов: Дастовардҳои беҳтарини сулҳи тоҷикон зиёданд. Ҳамин осмони соф, ҳамин ки бачаҳо шодию бозӣ доранд. Ман шоҳиди он рӯзҳо нестам, лекин аз даҳани падару модарам бисёр шунидаам, ки ҷанг дар Тоҷикистон як даҳшати гӯшношунид буд ва чизҳоеро, ки дар телевизион дидам, ҳаминро тасдиқ мекунад. Дар бораи он солҳо чанд китоб ҳам хондаам ва ақидаи худамро мустаҳкам кардаам, ки ҷанг барои мансаб буд, ҳар кас мехост бо зӯр, бо роҳи осон ҳукуматро гирад, махсусан ҳамонҳо, ки мехостанд, ҳукуматро ба осонӣ гиранд, моли худ кунанд, чунки наметавонистанд, бо роҳи интихобот дили одамонро ба даст биоранд, халқ барояшон овоз намедод. Лекин ҳоло ҳам ҳамин интихоботҳо бояд ҳақиқӣ бошанд ва касоне сари ҳокимият бошанд, ки халқ аз дили соф ва бо муҳаббат онҳоро интихоб кунад, ба онҳо бовар кунад.

Посухҳо ба суоли дувум

Посухҳо ба суоли савум

Посухҳо ба суоли чаҳорум

Посухҳо ба суоли панҷум

Шарҳҳоро бинед (34)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG