Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи Ваҳдати Миллӣ. Чаро дар Тоҷикистон ҷанг шуд? Нашуда метавонист?


Маскав, 27-уми июни 1997
Маскав, 27-уми июни 1997

Имрӯз ба имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон 23 сол пур шуд.

Дар ин рӯзи тобистони соли 1997 дар Маскав миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин "Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон" имзо шуд ва ба ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ хотима гузошт. Ин имкон дод, то ҳазорҳо гуреза ба ватан баргардад ва таҳдоби ислоҳоти иқтисодиву сиёсӣ гузошта шавад, вале бо гузашти 23 сол, сарфи назар аз афви эълоншуда, бештари ҷонибдорони мухолифин ё кушта шуданд ё ба муҳлатҳои дароз зиндонӣ ё ба хориҷ аз кишвар фирор карданд. Сутунмуҳраи Иттиҳоди мухолифони тоҷик -- Ҳизби наҳзати исломӣ дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ гунаҳкор ва аз сӯйи Додгоҳи олӣ террористӣ эълон шуд. Созмонҳои дигари узви ин иттиҳод ё пароканда шуданд ё тағйири мавзеъ намуданд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз соли 2016 мақоми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро дорад.

Дар арафаи Рӯзи Ваҳдат Радиои Озодӣ бо шоҳидони воқеаҳои таърихӣ ва коршиносон дар мавриди далелҳо, низоъҳо ва имконоти пешгирии он ва сабақҳои таърихӣ барои насли нави Тоҷикистон суҳбат кард.

ЧАРО ДАР ТОҶИКИСТОН ҶАНГ ШУД?

Муҳаммадсаид Ризоӣ, фаъоли ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар солҳои 90-ум:

Муҳаммадсаид Ризоӣ
Муҳаммадсаид Ризоӣ

"Баъд аз фурӯпошии низоми коммунистӣ ҳукумати мо натавонист, бо мардум муттаҳид шавад ва худ ба тақсим кардани аҳолӣ даст зад. Аз ҳама бад ин буд, ки ҳар касе барои истиқлол ва манфиатҳои миллӣ мубориза мекард, бо талқини давлатҳои ҳамсоя ҳамчун мухолифони сохти конститутсионии кишвар муаррифӣ мешуданд. Ин нерӯҳо талоши онро надоштанд, ки кишварро ба як давлати исломӣ табдил диҳанд, онҳо барои манфиатҳои миллӣ бархоста буданд, дақиқан мисли дигар ҳаракатҳову неруҳо. Вале ин ҳама аз сӯйи ҷонибдорони ҳукумати вақт ва ҳамчунин аз сӯйи кишварҳои ҳамсоя ҳамчун омадани кадом як исломгароҳои тахрибкор ба саҳна пазируфта шуд."

Аҳмадшоҳ Комилзода, сухангӯйи Комиссияи Оштии Миллӣ:

Аҳмадшоҳ Комилзода
Аҳмадшоҳ Комилзода

"Ман фикр мекунам, ки омилҳои асосии сар задани ҷанг худи ҳамин кишвари Русия буд, ки яке аз пешбарандагони низоъ дар ҷанги дохилии Тоҷикистон буд. Нишонаҳое, ки пештар дар даст дорем, ҳамин гуна ҷанг аз тарафи низоми коммунистии Шӯравӣ дар кишварҳое ба мисли Соҳили Балтик, ки нерӯҳои озодихоҳ ва ҷудоихоҳ аз Иттиҳоди Шуравӣ доштанд, низ ба роҳ андохта шуд. Вақте кишвари тобеъе мисли Тоҷикистон нерӯҳое пайдо кард, ки даъвоҳои ниҳоят калон доштанд ва мардуми зиёде тарафдорашон буд, ин боиси норизояти Русия ва Узбекистон шуд, ки мехостанд Тоҷикистонро дар тобеияташон нигоҳ доранд. Ва то ҷое ки имкон дошт, ҳамон нерӯҳоро саркӯб карданд."

Нуралӣ Давлат, муаррих ва рӯзноманигор:

Нуралӣ Давлат
Нуралӣ Давлат

"Як силсила далелҳо вуҷуд дошт: Яке аз сабабҳои аслӣ фурӯпошии Шӯравӣ буд. Нухбагони коммунист ё ба истилоҳ “партхозактив” ва пешвоёни мухолифини сиёсӣ ва дар маҷмуъ ҷомеаи Тоҷикистон ба эҷоди давлати мустақил омода набуданд. Дар моҳи марти соли 1991 бештари шаҳрвандони Тоҷикистони Шӯравӣ (96%) барои бақои ИҶШС рой дода буданд. Як сол қабл аз фурӯпошии Шӯравӣ, Шӯрои Олии ҷумҳурӣ, бо иттифоқи оро, ба истиснои як вакил, алайҳи истиқлол овоз дод. Вале дар сентябри 1991 бо пароканда шудани Шӯро Олии ИҶШС ҳамин вакилон маҷбур буданд, ба ҷонибдорӣ аз пазируфта шудани Эъломияи истиқлолияти давлатӣ рой диҳанд.Ҷанг дар Тоҷикистон бар пайи муборизаи созишнопазири ҳукумати коммунистҳо ва демоисломиҳо буд. Дахолати хориҷӣ пайомади он буд, на сабабаш."

Сайфулло Сафаров, муовини пешини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон:

Сайфулло Сафаров
Сайфулло Сафаров

"Омилҳо зиёданд, аз он ҷумла омилҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, динӣ, то омилҳои иқтисодию иҷтимоӣ. Мутахассисони зиёд вобаста ба мавқеи худашон ин ё он омилро сабаби асосӣ ҳисоб мекунанд аз ин сабаб як назари ягона дар масъалаи сабабҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ нест ва буда ҳам наметавонад. Президенти кишвар ин мавзуъро ҳаматарафа баррасӣ кардаанд."

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси мустақил:

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

"Якчанд омил вуҷуд дошт – мубориза барои қудрат ва захираҳои иқтисодӣ, минтақагаройӣ, мудохилаи харобкоронаи нерӯҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама раҳбарияти вақти Узбекистон ва Русия. Ба ҷуз ин, омили шахсӣ ҳам нақш бозид. Бахти мо нахандид, ки пешвоҳои ду тараф барои мудирияти фаъолияти сиёсӣ дар шароити нав омода набуданд."

ИМКОН БУД, КИ ҶАНГ НАШАВАД?

Муҳаммадсаид Ризоӣ, фаъоли ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар солҳои 1990-ум ва иштирокчии яке аз давраҳои музокироти тоҷикон:

"Мухолифин таҷрибаи кории кофӣ надоштанд. Аз тарафи ҳукумат хавф аз бедорӣ буд, ки ин бедорӣ мабодо ба тарафи дигар кашида нашавад. Фикр накарданд, ки ин мардуме бархостааст, зидди мақомдорон ҷамъ нашудааст, зидди низоме, ки аз байн рафтааст зидди ҳамон аст. Ҳамаи талош барои он ки ҷанг нашавад, аз ҳар ду ҷониб истифода шуд, аммо омили берунӣ қавитар воқеъ шуд."

Ахмадшоҳ Комилзода, сухангӯйи Комиссияи Оштии Миллӣ:

"Дақиқан гуфтан мушкил аст, ки кадом абзорҳо барои пешгирӣ аз ҷанг истифода нашуданд. Аммо абзори муҳиме ки буд, дар ин бора санадҳои зиёде аст, ки тарафҳо чандин бор санадҳои сулҳро ҳам имзо карданд, бо ризоияти ҳамдигар ҳукумати муштарак сохтанд, вале боз ҳам неруҳои минтақа роҳе меёфтанд, ки ба гунаи дигар ҷангро ба роҳ меандохтанд. Масалан, яке аз лидерони як тараф кушта мешуд ва ба тарафи дигар бор мешуд ва бисёр ба осонӣ шиддати ҷанг авҷ мегирифт. Чаро ки ҳадафашон на сулҳ, балки ҷанг буд."

Нуралӣ Давлат, муаррих ва рӯзноманигор:

"Агар аз нигоҳи назарӣ ба ин суол посух диҳем, аз нигоҳи ман пешгирӣ аз ҷанг имконпазир буд. Вале дар сурати мавҷудияти чанд чиз, ворисияти қудрат тибқи усулҳои демократӣ, ваҳдати миллӣ на дар гап, балки дар амал, аз байн бурдани минтақагароӣ ё маҳалгароӣ, касратгароӣ ё таҳаммулпазирии воқеӣ дар баробари рақибони сиёсӣ, адолати иҷтимоӣ, ҳалли масоили кадрӣ, рушди баробари иқтисод дар ҳамаи минтақаҳо..."

Сайфулло Сафаров, муовини пешини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон:

"Қувваҳое буданд, ки ҷанги ҳамватании моро мехостанд. Аз ин сабаб на ҳукумат ва на ҳизб коре карда наметавонистанд. Чун дар поён қувваҳои хеле зиёди ҷангҷуй тарбия шуда буданд ва ба фикри ман маблағҳои калон барои ин фиристода шуда буданд. Ҳама чизро ҳоло гуфта намешавад, чун муносибат бо давлатҳои дигар вайрон шуданаш мумкин."

Дарси таърих аз ҷанг чист?

Шарофиддин Гадоев, сиёсатмадори мухолиф:

Шарофиддин Гадоев
Шарофиддин Гадоев

"Дар ҳар кишваре баъди ҷанги шаҳрвандӣ ҳамеша аз воқеиятҳое, ки дар он ҷанг гузашта буд, бояд аз ҳарду тараф гуфта шаванд. Зеро насли ҷавон сабабу омилҳои низоъро ба таври дурусту воқеӣ бидонад. Ҳоло як тараф дар сари қудрат аст ва тарафи дигарро дорад дар ин ҷанг гунаҳкор медонад. Ба назари ман, ҳарду тараф дар ин ҷо даст доштанд, вале насли ҷавон маълумоти бештарро ба тавассути таблиғоти ҳукуматӣ дарёфт мекунад, аз ин рӯ хулосаҳои дурусте то кунун ҳосил нашудааст. Ҳоло, вақте ҳама роҳҳо бастааст, эҳтимоли такрори низоъ вуҷуд дорад. Мо бояд кӯшиш кунем, ки фазои озодиро дар Тоҷикистон як камтар боз кунем, ки мардум аз воқеиятҳо бархурдор шаванд. Танҳо ин метавонад нофаҳмиҳои эҳтимолӣ миёни мардумро аз байн бибарад."

Муҳаммадсаид Ризоӣ, фаъоли ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар солҳои 1990-ум ва иштирокчии яке аз давраҳои музокироти тоҷикон:

"Баъди ба имзо расидани созишномаи сулҳ дар кишвар дигаргуниҳои зиёде омад. Аммо аз соли 2010 вазъият ба куллӣ дигар шуд ва барои ҳукумат – тарафи дигари ваҳдат моҳияти худро аз даст дод ва онҳо худро асосгузори ваҳдати миллат ҳисоб карданд. Баъд фишорҳои рӯйи мусулмонҳо ва дар маҷмуъ дин шуруъ шуд. Ва ҳоло ин ҳама давом дорад, ки бояд гуфт, ки пайомадаш метавонад бадтар аз солҳои навадум бошад. Чунки он вақт дар берун аз Тоҷикистон ҳаракатҳои иртиҷоии динию ақидавӣ набуданд, ҳоло ҳастанд ва таҳдидҳо меафзоянд. Ҷанг набояд ба сифати василае барои тарсонидани мардум ва маҳрум кардани онҳо аз ҳуқуқу озодиҳояшон истифода мешуд. Инро намешавад сабақи таърих номид, сабақ метавонист ваҳдати воқеӣ ва ризояти миллии комил бошад."

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси мустақил:

"Дар ниҳоди мардуми кишвар як навъ синдроми баъдиҷангӣ пайдо шуд, яъне тарс аз нооромӣ ва бетартибии эҳтимолӣ. То як андоза ин омили боздоранда аст, зеро мардум омодаанд, ба хотири ҳифзи оромӣ ҳама гуна маҳрумият ва нороҳатиро таҳаммул кунад. Вале омилҳо ва мушкилоти зиёде, ки кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ расониданд, ҳанӯз ҳам ҳалношудаанд – минтақагароӣ, дастрасии нобаробар ба захираҳои иқтисодиву маъмурӣ, мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва ғайра."

Сайфулло Сафаров, муовини пешини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон:

"Ман бо ин фикр розӣ нестам, ки ҳама чиз метавонад такрор шавад, ҷомеаи мо, ба истиноси бархе касон, ки назари хом доранд, 180 дараҷа дигар ҳам шудааст. Ҳамин гуна гапҳо ҳам шуданаш мумкин аст, ки имкони каме барои такрори ҳодисаҳо мавҷуд аст, барои ҳамин зиракии сиёсиро набояд аз даст дод. Аммо насли ҷавон аслан сарфаҳм намеравад ва намедонад, ки ҷомеа куҷо меравад. Барои ҳамин пешниҳоди президент дар мавриди боз кардани Пажуҳишгоҳи сулҳи Тоҷикистонро бояд дастгирӣ кард, то ин масъала доимӣ фаҳмонида шавад."

Эзоҳ

Дар асоси Созишномаи сулҳ Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) аз ҳисоби намояндаҳои ҳам ҳукумат ва ҳам мухолифин ташкил карда шуд, ки ба вазифаҳои он роҳандозии ислоҳоти сохторҳои ҳукуматӣ, озод кардани асирони низомӣ, бесилоҳ кардани гуруҳҳои мухолиф ва ғайра шомил мешуд.

Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин тибқи созиши сулҳ 30% курсиҳоро дар ҳукумат соҳиб шуд ва дар ивази он аз иддаи қудрат даст кашид. Ҳукумат ҳам рақибони пешини худро бахшид ва тааҳҳуд кард, ки давлати озоду демократӣ месозад.

Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз замони фурупошии Шӯравӣ то кунун яке аз хунинтарин ҷангҳо дониста мешавад, ки бино бар омори расмӣ, ҷони 150 ҳазорро рабуд, бештар аз як миллион нафар гурезаи иҷборӣ шуданд, то ҷони худро аз саркӯбу нобудӣ наҷот диҳанд. Хисороти ворида аз ҷанг ба иқтисоди Тоҷикистон бино ба баҳогузориҳои гуногун $10 млрд гуфта мешавад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG