Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сатторзода: "Ҳодисаҳои солҳои 90-ум натиҷаи ҳамин ормонгароиҳо буд." ВИДЕО, САДО


Абдунабӣ Сатторзода мегӯяд, ҳар коре кардам, барои мардум ва миллат кардам.
Абдунабӣ Сатторзода мегӯяд, ҳар коре кардам, барои мардум ва миллат кардам.

Рӯзи 26-уми феврал аҳли фарҳангу адабиёт ва сиёсат дар маҳфиле дар Душанбе барои таҷлил аз 80-солагии Абдунабӣ Сатторзода, донишманд ва дипломати тоҷик, ҷамъ омаданд. Сатторзода узви Кумисюни оштии миллӣ ва муовини собиқи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд.

Номи адабиётшинос замоне вирди забонҳо шуд, ки се даҳсола пеш вориди саҳнаи сиёсат шуд. Худаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз аз солҳои 60-уми асри гузашта вориди ин саҳна шуда буд: "Касоне, ки дар соҳаи адабиёту фарҳангу ҳунар кор мекунанд, аз сиёсат дур рафта наметавонанд. Адабиёт як шакли ифодаи бозтоби бадеии сиёсати замон аст."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Сатторзода: "Ҳар коре кардам, ба хотири миллату мардум буд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:52 0:00

Абдунабӣ Сатторзода аз муассисони Ҳизби демократи Тоҷикистон буд ва мегӯяд, ормонҳои миллӣ ӯро ба муборизаҳои сиёсӣ водор кард: "Мо он вақт ормонгаро будем. Яъне, романтика доштем. Тасаввурҳои ғайриреалӣ доштем. Зиндагӣ дигар аст, ормонҳо дигар. Мо ин чизҳоро ба назар нагирифтем. Ҳодисаҳое, ки солҳои 90-ум дар Тоҷикистон гузашт, натиҷаи ҳамин ормонгароиҳо ва сиёсати рӯзу сиёсати замонро ба тамом дарк накардани қувваҳои сиёсӣ дар он замон буд."

Баъд аз соли 1997, пас аз имзои созишномаи сулҳ миёни ҳукумат ва нерӯҳои мухолифин, Абдунабӣ Сатторзода аз ҳисоби квотаи 30-дарсадие, ки дар ҳукумат барои ҷониби муқобил ҷудо шуда буд, муовини вазири корҳои хориҷӣ таъйин гардид. Ӯ аз камтарин намояндагони он гуруҳ аст, ки то ҳол тавонистааст, дар назди ҳукумат ба истилоҳ "одами худӣ" монад.

Абдунабӣ Сатторзода дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: "Мутаассифона, аксари кулли намяндагони оппозитсияи собиқ касони тасодуфӣ буданд ва ҳирфаӣ набуданд. Ва, албатта, табиист, ки онҳо наметавонистанд, вазифаҳои ба зиммаашон бударо ба анҷом расонанд. Такрор мекунам, ки дар байни онҳо касони муваффақ ҳам буданд. Мисли Худойбердӣ Холиқназаров."

Абдунабӣ Сатторзода 80-сола шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:32 0:00
Линки мустақим

Шокирҷон Ҳакимов, сиёсатшиноси тоҷик, Сатторзодаро аз сиёсатмадорони дурандеш медонад ва мегӯяд: "Маҳз донишу фаросати баланди инсонӣ ва хираду таҳаммулаш боис ба он шуд, ки дар муқоиса ба баъзе аз ҳамтоёнаш тавонист, дар ҳоли ҳозир низ худро мутобиқ кунад. Фаъолияташро идома диҳад ва аз баъзе амалҳои ношоиста, ки эҳтимоли боиси нигарон шудани мақомоти ҳифзи ҳуқуқу ҳукумат буд, худдорӣ кард ва дар натиҷа корҳои илмиву тадқиқотии худро имрӯз ҳам идома медиҳад."

Ҳамчун олим ва адиб низ Абдунабӣ Сатторзода миёни ҳалқаҳои илмиву адабӣ аз эҳтироми хос бархӯрдор аст. Донишмандони тоҷик, аз ҷумла шогирдонаш аз ӯ ба унвони як марде бо чанд ҳунар ном мебаранд, ки дар ҳама самт комёб шудааст.

Шарифмурод Исрофилниё, ки бо роҳнамоии Абдунабӣ Сатторзода, таҳқиқи адабиётро пеш гирифтааст, мегӯяд: "Воқеан, дар навиштаҳои сиёсиашон низ монанди навиштаҳои адабиашон хеле муъҷаз ҳастанд. Хулосаи суханро мегӯянд. Агар мақолаи сиёсии устодро хонед, вобаста ба ороиши адабӣ ҳам аст. Лутфи сухан доранд. Вижагии устод ҳамин аст, ки хулосагӯ ҳастанд."

Профессор Абдунабӣ Сатторзода аз ҷумлаи адабиётшиносонест, ки солҳои дароз адабиёти классикӣ ва муосири тоҷикро таҳқиқ кардааст ва осори зиёде дар ин ришта дорад. Ҳамчун устоди пеша шогирдони зиёдеро ба камол расондааст.

XS
SM
MD
LG