Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Худоӣ Шарифов дар таҳқиқи адабиёт чеҳраи меҳварӣ буд". ВИДЕО


Маросими ҷанозаи Худоӣ Шарифов, донишманди шинохтаи тоҷик, баъд аз зуҳри душанбеи 30-юми октябр дар Масҷиди марказии Душанбе баргузор шуд. Худоӣ Шарифов шоми якшанбе 29-уми октябр дар манзилаш дар шаҳри Душанбе дар сини 80-солагӣ бар асари бемории қалб аз олам чашм пӯшид.

Ӯ дар илми адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ бештар аз 30 китоб ва маҷмӯи зиёди мақолаҳои илмӣ таълиф ва нашр кардааст.

Қабл аз зуҳр, дар маросими дигаре дар манзили истиқоматиаш, шогирдон ва аҳли илму фарҳанг аз ӯ донишманди камназири адабиётшиносии тоҷик ном бурданд. Иброҳим Усмонов, профессори тоҷик гуфт, "Худоӣ Шарифов, идомадиҳандаи кори аввалин гурӯҳи олимони адабиётшиноси тоҷик Шарифҷон Ҳусейнзода, Абдулғанӣ Мирзоев, Носирҷон Маъсумӣ, Воҳид Асрорӣ, Соҳиб Табаров, яъне насли дуюми баъди инҳо ба ҳисоб мерафтанд. Ва анъанаи неке, ки аз инҳо доштанд, ин буд, ки пайванди адабиёти классикиро ба адабиёти муосири тоҷик меомӯхтанд, дарк мекарданд ва мегуфтанд."

Худои Шарифов ба унвони яке аз бунёдгузорони нақди адабии илмии тоҷик номбар шуд. Ӯ ҳамчунин дар солҳои ахир дар таҳқиқи достонҳои "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ саҳми ҷиддӣ гузоштанд. Ва дар зимн, китоби "Шоҳнома ва шеъри замони Фирдавсӣ"-ро дар солҳои ахир таълиф карда, ба нашр расонида буд.

Маросими видоъ бо донишманди барҷастаи тоҷик Худоӣ Шарифов
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:53 0:00

Абдушукури Абдусаттор, профессори кафедраи таърихи адабиёти тоҷик дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар робита ба китоби "Шоҳнома ва шеъри замони Фирдавсӣ гуфт, ки он "яке аз асарҳои мондагор на танҳо дар адабиётшиносии тоҷик, балки дар адабиётшиносии қаламрави форсизабонон маҳсуб мегардад ва эътироф гардидааст. Яке аз хадамоти Худоӣ Шарифов дар он аст, ки устод илми адабиётшиносии тоҷикро дар Инглистон, Амрико дар Эрону Афғонистон ва дигар мамолики Шарқу Ғарб муаррифӣ карданд."

Худоӣ Шарифов дар адабиётшиносии тоҷик ва таҳқиқи таърихи адабиёти тоҷик, яке аз чеҳраҳои меҳварӣ номбар мешавад. Ӯ дар илми адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ бештар аз 30 китоб ва маҷмӯи зиёди мақолаҳои илмӣ таълиф ва нашр кардааст.

Ба бовари Бадриддин Мақсудов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Худоӣ Шарифов ҳамчунин дар тарбияи кадрҳои филологӣ хеле саҳми бузург гузоштаанд ва бештар аз 40 нафар аз шогирдонашро ба дараҷаҳои номзад ва доктори илмҳои филологӣ расонидаанд.

Аз шахси Худоӣ Шарифов ба сифати устоду дӯсти вафодор ва роҳнамо, тавсиф шуд. Ҳамкорону ҳамсолон аз тамкину таҳаммул ва қаноати ӯ ёд оварданд. Абдунабӣ Сатторзода, донишманди тоҷик гуфт, ки Худоӣ Шарифович дар хонадон нақши падарро иҷро мекарданд: "Додару хоҳарҳои ятиммондаашро калон кард, хононд, ба воя расонд, духтарҳои амак, писарҳои амак ва дигарҳоро. Шабеҳ ба номашон воқеан инсони шариф буданд, Худоӣ Шарифов".

Худоӣ Шарифоф барандаи чандин ҷоизаҳои илмии дохиливу байнаналмилалӣ буданд. Эҷодиёти бо арзиши ӯ аз қабили "Балоғат ва суханварӣ", "Каломи бадеъ", "Савти Аҷам", "Рози ҷаҳон", "Шеър ва шоир", "Озурдагон ва умедворон", "Назарияи наср", "Шоҳнома" ва шеъри замони Фирдавсӣ" дар Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳо баҳои баланд гирифта, теъдоде аз китобҳояш дар хориҷ аз кишвар ба чоп расидааст.

XS
SM
MD
LG