Се ширкат мувофиқат карданд, ки билети парвоз ба Русияро аз 500 доллар боло намефурӯшанд

Яке аз нуқтаҳои билетфурӯшӣ дар Душанбе.

Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯяд, се ширкати ҳавопаймоии русӣ розигӣ додаанд, ки аз ин пас билет ба Русияро аз 500 доллар боло нахоҳанд фурӯхт. Бар асоси баёнияи Оҷонсӣ, чунин розигиро ширкатҳои "Сибир, "Уралские авиалини" ва "Ямал" додаанд.

Гарон будани нархи чиптаи парвоз ба Русия яке аз шикоятҳои асосии шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус муҳоҷирон буд. Мусофирон аз он шикоят доштанд, ки билетҳо бо маблағи то 15 ҳазор сомонӣ фурӯхта мешаванд.

Икром Субҳонзода, директори Оҷонсӣ шоми 21-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, мусофирон аз фардо метавонанд билетҳои парвоз ба Русияро бо нархи то 500 доллар харидорӣ кунанд.

"Дар сурати мушоҳида намудани ҳолатҳои аз ҷониби нуқтаҳои чиптафурӯшӣ беасос боло бурдани нархи чиптаи ҳавопаймоӣ аз нархи муқарраргардида, шаҳрвандон метавонанд ба рақамҳои боварии 2365334 занг зананд,"-гуфт роҳбари Оҷонсӣ.

Субҳонзода ҳамчунин гуфт, мусофирон ҳангоми харидани чипта бояд расид талаб кунанд ва бе пешниҳоди расид, чипта нахаранд.

Пештар Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон аз ширкатҳои русӣ хоста буд, билетҳоро аз 8 ҳазор сомонӣ гарон нафурӯшанд, вагарна аз ҳаққи парвоз маҳрум мешаванд. Ҳафтаи равон Оҷонсии авиатсия гуфт, ба хотири гаронии нархи чипта, ба ширкатҳои русии "Северний ветер" ва "Сибир"иҷозаи парвоз надод.

Рӯзи 21-уми май ширкати "Сибир" дубора иҷозаи парвоз дарёфт кард. Вале ҳанӯз тақдири парвозҳои ширкати ҳавонавардии "Северний ветер" маълум нест.

Русия мизбони ҳудуди як миллион муҳоҷири корӣ аст. Дар соли гузашта парвозҳо аз Тоҷикистон ба Русия ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус маҳдуд шуда буд. Садҳо нафар дар Тоҷикистон дармонданд ва пас аз 1-уми апрел, ки дубора иҷозаи парвоз ба Русияро доданд, онҳо талош доранд, ки худро ба ин кишвар расонанд.

Қаблан ҳам муҳоҷирон аз нархи гарони чипта ва камбуди он низ шикоят карда буданд.

Шикояти мусофирон аз гарон будани нархи чиптаро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ширкати ҳавоӣ бо нархи осмонӣ мусофиронро ба Русия мерасонад

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Оҷонсӣ қатъи парвози ҳавопаймоҳои ду ширкати русиро шарҳ дод. ВИДЕО"Ҳам вақт меравад, ҳам пул." Тақдири норӯшани садҳо муштарии ду ширкати русӣ дар Тоҷикистон. ВИДЕОАП: Нархи билетҳои "Уралские авиалинии" боло рафтСадҳо мусофир дар фурудгоҳи Душанбе ва Хуҷанд дармондаанд. АКС"Уралские авиалинии" сабаби мушкил дар билетҳои фурӯхтаашро шарҳ додаастМусофирони тоҷик ширкати русиро муттаҳам карданд, ки "бештар аз ҷойи нишаст билет фурӯхтааст". ВИДЕОШиркати "Сибир" аз Хуҷанд ба Владивосток парвоз анҷом медиҳад