Хабаргузории «Азия-Плюс» аз боло рафтани нархи билети парвозҳои чартерии ширкати «Уральские авиалинии» ба самти Русия хабар додааст. Ба қавли манбаъ, ширкат билетҳоро барои моҳи май бо нархи 13 то 14 ҳазор сомонӣ пешниҳод мекунад. Барои нимаи дуввуми моҳи июн нархи билет 8 ҳазору 850 сомонӣ то 9 ҳазору 300 сомонӣ будааст. Пайдо кардани билетҳо барои парвозҳои маъмулии ғайричартерӣ бо сабаби камии шуморашон имкон надорад. Чунин вазъият боиси он шудааст, ки талабгорони сафар ба Русия бо умеди билети арзон ба доми қаллобон меафтанд. Аз ҷумла, ду сокини ноҳияи Ёвон ба он гунаҳкор мешаванд, ки бо ваъдаи дарёфти билети арзон ба самти Кӯлоб-Маскав 16 сокини Тоҷикистонро фиреб додаанд. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, сокинон Неъматулло Холов ва шарики ӯ Комил Расулов «ба бовари сокинон даромада, аз онҳо дар маҷмӯъ 128 ҳазор сомонӣ ба даст оварданд ва ба манфиати худ истифода бурданд». Мақомот гуфтанд, ки Неъматулло Холов шудааст, вале Комил Расулов фирор намудаву таҳти ҷустуҷӯ қарор дорад.
Моҳи апрел парвозҳои қатъшуда ба самти Русия бо сабаби пандемияи коронавирус дубора барқарор шуданд, вале шумори каму нокофии онҳо талаботи ҳама хоҳишмандони сафарро бароварда намекунад. Русия макони аслии кору даромади то як миллион шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.