Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садҳо мусофир дар фурудгоҳи Душанбе ва Хуҷанд дармондаанд. АКС


Мусофирони бандмонда дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе
Мусофирони бандмонда дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе

Садҳо мусофир дар фурудгоҳи Душанбе ва Хуҷанд дармондаанд ва як ҳафта боз имкони парвоз ба Русияро надоранд.

Онҳо барои парвоз ба шаҳрҳои гуногуни Русия аз ширкати ҳавопаймоии "Северный ветер" чипта харидаанд.

Мушкилро мақомот дар ҳавопаймо медонанд

Мироҷ Азизов, раҳбари намояндагии “Северный ветер” дар Тоҷикистон рӯзи 16-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки сабаби банд мондани мусофирон дар он аст, ки Оҷонсии авиатсияи назди ҳукумати Тоҷикистон ба ширкати онҳо иҷозаи парвоз надодааст.

Масъулони ин Оҷонсӣ ба тамосҳои телефонии Радиои Озодӣ посух надоданд.

Як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар фурудгоҳи Душанбе бо шарти зикр нашудани номаш гуфт, ки Оҷонсии авиатсияи гражданӣ ба ин ширкат иҷозат надод, ки бо ҳавопаймоҳои бузург мусофир баранд. Ин оҷонсӣ гуфтааст, ки ҳавопаймоҳои ширкат ба талаботи бехатарии фурудгоҳҳои Тоҷикистон мувофиқ нестанд.

Мироҷ Азизов гуфт, ки ба онҳо бо чунин ҳавопаймо ду бор иҷозаи парвоз доданд, вале рӯзи 12-уми май иҷозатномаи онҳоро бекор карданд.

Вақте ба беш аз ду ҳазор нафар чипта фурӯхтем...

Ӯ гуфт, ки давоми як моҳи ахир ба беш аз ду ҳазор нафар чиптаи парвоз ба шаҳрҳои гуногуни Русияро фурӯхтаанд.

“Дар аввал онҳо худашон гуфтанд, ки ҳавопаймои бузургтар биоред, ки мусофир зиёд аст. Вақте иҷозат доданду мо чиптаҳоро фурӯхтем, иҷозатномаи моро бекор карданд. Агар барои фурудгоҳ мувофиқ намебуд, дубор моро бо чунин ҳавопаймо қабул намекарданд. Чун мусофир зиёд буд, ба хотири сардаргум нашудан мо ҳавопаймое овардем, ки ғунҷоиши 440 мусофирро дорад.” --гуфт ӯ.

Масъули ширкат мегӯяд, як талаби дигари Оҷонсии авиатсияи граждании назди ҳукумат арзон кардани нархи чипта буд, ки онҳо иҷро карданд.

Ӯ гуфт, “ҳоло арзонтарин чипта ба самти Русияро доранд ва вобаста ба шаҳрҳо аз 3 ҳазор сомонӣ то 8,5 ҳазор сомонӣ чиптаи парвози ширкати онҳо нарх дорад".

Ин ширкат аз шаҳри Хуҷанд ба Қазон, Иркутск, Перм ва аз Душанбе ба Санкт-Петербург, Қазон, Маскав бояд парвоз анҷом диҳад.

Мусофирон мегӯянд, аз интизорӣ дар фурудгоҳ хаста шудаанд.

Қурбоналӣ Беков, сокини шаҳри Норак, ки шаби 12-уми май бояд аз Душанбе ба Қазон мепарид, аз ҷумлаи мусофирони дармондааст. Ӯ гуфт, ки ҳамроҳи ҳамсараш як ҳафта боз дар фурудгоҳ қарор доранд.

“Имрӯз парвоз мешавад, фардо парвоз мешавад гуфта, ваъда доданд. Мо ҳар маблағе доштем, хурок хурдем ва ду бор барои КОВИД-19 ташхис супоридем. Пули ҳама тамом шудааст.”,--гуфт ӯ.

Мусофирон: На ҷойи хоб дорем, на хӯрданӣ

Улуғбек Нуров, сокини шаҳри Панҷакент, ки бояд ба Санкт-Петербург парвоз мекард, мегӯяд, аз шаби 11 ба 12-уми май дар фурудгоҳи Душанбе аст.

Ӯ гуфт: “Ҳар рӯз санаи парвоз тағйир меёбад, вале ҳеҷ нест, ки он анҷом ёбад.Ягон кас нест, ки ба додамон расад.”

Наима Баҳодурова, сокини Шаҳритус, ки бояд ба Санкт-Петербург мепарид, мегӯяд, ҳамроҳ бо чанд зани дигар чанд шабро дар берун аз фурудгоҳ рӯз мекунанд.

“Метарсем, ки ба ҷойи дуртар аз фурудгоҳ равем, чун ҳар лаҳза ваъдаи парвоз аст. Яке набошему ҳавопаймо бе мо парад. Ду бор шуд, ки мӯҳлати ташхисамон тамом мешавад, рафта аз нав мегирем. Пуламон ҳам барои хурдан тамом шудааст.”, --гуфт Наима Баҳодурова.

Русия мизбони ҳудуди як миллион муҳоҷири корӣ аст. Дар соли гузашта парвозҳо аз Тоҷикистон ба Русия ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус маҳдуд шуда буд. Садҳо нафар дар Тоҷикистон дармонданд ва пас аз 1-уми апрел, ки дубора иҷозаи парвоз ба Русияро доданд, онҳо талош доранд, ки худро ба ин кишвар расонанд.

Пештар муҳоҷирон аз нархи гарони чипта ва камбуди он низ шикоят доштанд.

XS
SM
MD
LG