Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба ширкати “Сибир” дар Тоҷикистон дубора иҷозаи парвоз доданд


Икром Субҳонзода, раиси Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон
Икром Субҳонзода, раиси Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон

Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандӣ ба ширкати ҳавопаймоии “Сибир” барои анҷоми парвоз аз Тоҷикистон ба Русия дубора иҷозаи парвоз додааст.

Икром Субҳонзода, раиси Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандӣ гуфт, ин ширкати русӣ дархости онҳо дар бораи пойин овардани нархи чиптаро иҷро кард. Ширкат дар мактуби худ ба Оҷонсӣ розигӣ додааст, ки билетҳояшро беш аз 500 доллар намефурӯшад. Ширкати “Сибир” дар ин бора изҳороте надодааст.

"Ду ширкате ки нархҳои чиптаашон гарон буд ва арзу шикоятҳои мусофирон зиёд буд, ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои мусофирон ва шаҳрвандон дархости парвозҳои онҳо қонеъ карда нашуда буд. Дар ин асос аз ширкатҳо дархост карда шуд, ки нархи чиптаро арзон кунанд. Ширкати "Сибир" расман ба мо мактуб кард ва навишт, ки мо розӣ ҳастем дархости Шуморо қонеъ кунем ва на зиёда аз 500 доллар чипта фурӯшем,"-гуфт директори Оҷонсӣ.

Ширкати “Сибир” аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб ба Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия парвоз анҷом медод. Ҳафтаи равон Оҷонсӣ парвозҳои ширкатро ба хотири баланд будани нархи чипта манъ кард ва ин кор боиси дармондани садҳо мусофир дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд шуд.

Сар аз 11-уми май Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон парвози ҳавопаймоҳои "Северний ветер" ва "Сибир"-ро аз ин кишвар ба Русия манъ кард. Пештар садҳо мусофир шикоят карданд, ки дар фурудгоҳи Душанбе ва Хуҷанд дармондаанд ва натавонистанд, дар мӯҳлате, ки чипта харидаанд, парвоз кунанд.

Масъулони Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон гуфта буданд, ки ин ширкатҳо ба 13-14 ҳазор сомонӣ чипта фурӯхтаанд.

Ширкати "Северний ветер" дубора иҷозаи парвоз пайдо накардааст. Икром Субҳонзода, директори Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандӣ гуфт, аз ин ширкат то ҳол мактуб дарёфт накардаанд.

Пештар Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон аз ширкатҳои русӣ хоста буд, билетҳоро аз 8 ҳазор сомонӣ гарон нафурӯшанд, вагарна аз ҳаққи парвоз маҳрум мешаванд. Икром Субҳонзода мегӯяд, айни чунин ҳушдорро ба ширкатҳои "Уралские авиалинии" ва "UTair" низ додаанд.

Мусофирон мегӯянд, дар баҳс миёни ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ва Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон онҳо зарари моливу равонӣ дидаанд.

XS
SM
MD
LG