"Диплом бошад, шуд" Чаро ҷавонони тоҷик ба улуми дақиқ бетаваҷҷуҳанд? ВИДЕО

Маркази миллии тестӣ. Акс аз моҳи августи 2018

Дар Тоҷикистон солҳо боз миёни ҷавонон ихтисосҳои гуманитарӣ (улуми инсонӣ), варзиш ва тиб маъруф аст. Аммо баъд аз гирифтани диплом аз се ду ҳиссаи хатмкунандагон аз рӯи ихтисоси худ кор намекунанд ваё ҷои кор намеёбанд.

Интихоби онҳо бештар сари ихтисосҳое ба мисли муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқшиносӣ ва иқтисодчӣ меафтад

Бархе аз ҷавонон гуфтанд, дониста факултаҳои гуманитариро интихоб кардаанд, чун бо он донише, ки дар мактабҳо гирифтанд, дар факултаҳои барномасозӣ ё лоиҳакашӣ таҳсил карда наметавонанд. Аммо мехоҳанд аз рӯи кадом ихтисосе набошад, дипломи маълумотӣ олӣ бигиранд.

Натиҷаи суҳбати сарироҳии хабарнигори телевизиони "Настоящее Время" бо баъзе сокинони Душанбе ҳам ин буд:

  • "Таҳсил дар бахши муҳандисӣ нисбат ба муносибатҳои байналмилалӣ душвортар аст";
  • "Мехостам ба факултаи иқтисодӣ дохил шавам, аммо падарам гуфт, ки факултаи филология аз ҳама беҳтарин аст";
  • "Бештар фанҳои гуманитариро дӯст медорам ва аз ин рӯ факултаи журналистикаро интихоб кардам";
  • "Падарам иқтисодчӣ аст ва ман ҳам мехоҳам, ки иқтисодчӣ бошам".

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Диплом бошад, шуд ё чаро ҷавонони тоҷик ба улуми дақиқ бетаваҷҷуҳанд?

Довталабон имтиҳонҳои вуруд ба донишгоҳҳоро дар Маркази миллии тестӣ мусупоранд. Ихтисосҳо ба 5 кластер тақсим шудаанд. Довталаб аз 12 равия якеро интихоб мекунад ва имтиҳони умумӣ месупорад.

Ҷавонон кластери якумро, ки техникиву муҳандисӣ аст, хеле кам интихоб мекунанд. Дар ин кластер маъмулан ҷойи таҳсил аз довталаб дида бештар будааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Шариф Раҳимзода: "Тоҷикистон ба илмҳои дақиқ рӯ орад". ВИДЕО

"Артиш"-и ҳуқуқшиносону иқтисоддонҳо ва менеҷерҳову варзишгарон дар Тоҷикистон сол ба сол меафзояд, вале ҷойҳои корӣ барои онҳо дар кишвар нест. Нуралӣ Расулов, муовини раиси Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия гуфт, "довталабон асосан равияҳои гуманитариро интихоб мекунанд. Интихоби онҳо бештар сари ихтисосҳое ба мисли муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқшиносӣ ва иқтисодиёт меафтад. Мо дар бахши ихтисоси математикаи назариявӣ дорем ва ба он ҳамагӣ 25 кас довталаб шуданд."

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Чаро довталабони тоҷик ба таҳсил дар донишгоҳҳои Қирғизистон бартарӣ медиҳанд?

Дар ҷумҳурӣ камбуди муҳандисон ва мутахассисони техникӣ шадидан эҳсос мешавад. Дар мавриди он ки чӣ миқдор мутахассисон айни замон намерасанд, маълумоте нест. Вале аз норасоии чунин ихтисосмандон доим роҳбарони идораҳои дахлдор ва ҳамчунон кормандони худи Маркази миллии тестӣ мегӯянд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Аз таҳсил дар вагонҳо то роҳҳои вайрон – Феҳристи мавзӯъҳои танқидӣ ба ТВ-ҳои Тоҷикистон. ВИДЕО

Абдувосит Юлдошев, ёвари раиси Маркази миллии тестӣ мегӯяд, "марказ ҳар сол дар миёни хонандагони мактабҳо миёна ва миёнаи махсус корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарад, то довлатабонро ба кластери якум ва ба он ихтисосҳое, ки воқеан дар бозори меҳнат ба онҳо зарурат вуҷуд дорад, ҷалб намояд."

Барои тағйир додани вазъият танҳо корҳои таблиғотӣ кофӣ нест. Балки нуфузу эътибори касбҳои техникро бояд боло бурд, сатҳи дониши миёнаро баландтар кард ва заминаи молиявии мутахассисони ин соҳаро бештар намуд.

Мутахассисон мегӯянд, ин кор аз ҳоло шурӯъ шудааст, вале барои ба даст омадани натиҷа солҳо зарур аст.