Пайвандҳои дастрасӣ

"Дар Душанбе аз имтиҳон гузаштем, дар Русия ғалтонданд" САДО


Як гуруҳ аз довталабони тоҷик иддао доранд, ки пас аз супурдани имтиҳон дар Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф барои таҳсил озими Донишгоҳи технологии Маскав шуданд. Аммо дар ин донишгоҳ аз онҳо аз нав имтиҳон гирифтаанд ва дар натиҷа аз 70 нафар танҳо 40 нафар шомили донишгоҳ шудаанд.

Гуфтанд, ки мо 100 дар сад донишҷӯ шудем. Дар муҳлати кӯтоҳ шиносномаи хориҷӣ гирифта, ба Маскав омадем. Дар инҷо гуфтанд, ки боз имтиҳон месупоред. Ҳоло намедонем, чӣ кор кунем

"Ё ба Тоҷикистон равед, ё..."

Масъулон ба боқимонда довталабони тоҷик гуфтаанд ё ба Тоҷикистон баргарданд ваё як сол давраҳои тайёриро дар назди донишгоҳ сипарӣ карда, аз соли нави таҳсил дубора барои шомил шудан ба донишгоҳ ҳуҷҷат супоранд.

Довталабони тоҷик худро дар ин шароит фиребхӯрда эҳсос мекунанд ва мегӯянд, мавсими қабул ба донишгоҳҳои кишвар анҷом ёфт ва онҳо дар шаҳри Маскав сарсонанд ва як соли умрашон барҳадар меравад.

Аммо Масъулони маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф мегӯянд, довталабон онҳоро нодуруст фаҳмидаанд, чун ҳеҷ як донишгоҳи Русия ҳаққи берун аз қаламрави ин кишвар гирифтани имтиҳонҳои дохилшавиро надорад.

лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:04:01 0:00
Линки мустақим

"Аз инҷо рондаву аз онҷо монда"

Муҳаммадюcуф Турсунов, яке аз ин довталабон, рӯзи 18-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳамроҳ бо 70 довталаби дигар ҳанӯз 8-уми август дар шаҳри Душанбе имтиҳон супориданд ва масъулони Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф онҳоро табрик карда гуфтаанд, ки донишҷӯ шуданд.

“Гуфтанд, ки мо аллакай 100 фоиз донишҷӯ шудем. Дар муҳлати кӯтоҳ барои худ шиносномаи хориҷӣ гирифтем. Билет харида, ба Маскав омадем. Дар инҷо гуфтанд, ки боз имтиҳон месупоред. Ҳоло намедонем чӣ кор кунем”, - гуфт ӯ.

Мақомот: Моро нодуруст фаҳмидаанд

Довталабони тоҷик, ки ҳамагӣ пас аз хатми мактаби миёна аз Тоҷикистон озими шаҳри Маскав шудаанд, мегӯянд, дар як шароити номуайянӣ ба сар мебаранд ва намедонанд чӣ кор кунанд. Чун аз як сӯ мавсими қабул ба донишгоҳҳои дохили кишвар ва ҳам хориҷӣ анҷом ёфтааст ва донишгоҳе, ки қарор буд онҳоро ба ҳайси донишҷӯ қабул кунад, напазируфт.

Исматулло Шодиев, роҳбари Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳеҷ донишгоҳи Русия ҳаққи гирифтани имтиҳони қабулро берун аз қаламарави ин кишвар надорад.

“Донишҷӯён моро нодуруст фаҳмидаанд. Намояндагони Донишгоҳи технологии Маскав омада, дар маркази мо имкониятҳои таҳсил дар донишгоҳашонро муаррифӣ карданд. Бо як гуруҳ довталабон суҳбат гузаронида, лаёқатмандонро барои супурдани имтиҳон ба Маскав даъват карданд”, - гуфт ӯ.

"Ба бахшҳое санад супурдаанд, ки талабгори зиёд дорад"

Шодиев афзуд, довталабон бояд дар Маскав имтиҳон супурда шомили донишгоҳ мешуданд, аммо қисмате аз довталабон ба факултаҳое ҳуҷҷат супурдаанд, ки талабот ба онҳо хеле зиёд аст. Ӯ афзуд, "масъулони донишгоҳ дар ҷараёни муаррифӣ дар Душанбе чанде аз ихтисосро ба довталабон муаррифӣ карда буданд, ки талабот ба онҳо камтар аст ва бо гирифтани холи поинтар ҳам метавонанд донишҷӯ шаванд. Аммо довталабони мо бештар ба он ихтисосҳое ҳуҷҷат супурдаанд, ки талабгори зиёд дорад ва дар имтиҳони дохилшавӣ ноком шудаанд."

Ин масъули Вазорати маориф гуфт, бо вуҷуди ноком шудани довталабон, марказ онҳоро танҳо нагузоштааст ва аз маъмурияти Донишгоҳи технологии Маскав хоҳиш кард, ки довталабони нокомшударо бо давраҳои омдагии ройгон бо таълим фаро бигирад. «Пас аз дархости мо ректори ин донишгоҳ барои таҳсили довталабони тоҷик дар давраҳои омодагӣ беш аз 1 миллион рубл ҷудо кардааст. Довталабон метавонанд ба ин курсҳо шомил шуда, барои соли оянда омодагӣ гиранд”, - гуфт Исматулло Шодиев.

Ин масъули Вазорати маорифи Тоҷикистон гуфт, бо дархсоти довталабон аз маъмурияти ин донишгоҳи Маскав ҳамчунон хоҳиш карданд, нархи хобгоҳоро, ки моҳона 3 ҳазор рубл аст, каме поин биоранд.

Беш аз 30 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар хориҷа

Масъулони Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маорифи Тоҷикистон ҳамчунон имкониятҳои дигари таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар мактабҳои олии ин кишварро баррасӣ доранд ва дар сурати муваффақ шудан довталабони тоҷик имкони дубора супурдани имтиҳон ва шомил шудан ба дигар донишгоҳҳои Русияро ба даст меоранд.

Бар асоси омори расмӣ, феълан дар донишгоҳҳои хориҷӣ беш аз 30 ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд. Танҳо дар як соли охир 5 ҳазор ҷавон аз Тоҷикистон барои таҳсил ба хориҷ рафтаанд.

Беш аз нисфи донишҷӯёни тоҷик дар мактабу донишгоҳҳои олии Русия таҳсили илм мекунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG