Пайвандҳои дастрасӣ

"Переселение" – Тюмен ба донишҷӯёни тоҷик "имтиёз" дод


Вилояти Тюмени Русия барномаи нави "Переселение"-ро муаррифӣ кард. Бар асоси он ба донишҷӯёни хориҷӣ, ки дар омӯзишгоҳ ва мактабҳои олии вилоят таҳсил мекунанд, имкон дода мешавад, дар ин барнома иштирок кунанд. Русия тавассути барномаи "Переселение" ба шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла кишварҳои Шӯравии собиқ имкон медиҳад, ки шаҳрвандии Русияро бигиранд.

То кунун 17 донишҷӯи хориҷӣ шомили ин барнома шудаанд, ки 9 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Департаменти меҳнат ва шуғли аҳолии ҳукумати вилояти Тюмен мегӯяд, ин барномаи нав "Мусоидат ба муҳоҷирати ихтиёрӣ ба вилояти Тюмен барои ҳамватанони хориҷӣ барои солҳои 2017-2020" унвон дорад. Оксана Белова, сухангӯи ин департамент, охири ҳафтаи гузашта дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барномаи нав ба фарқ аз солҳои қаблӣ ба донишҷӯёне, ки дар омӯзишгоҳ, коллеҷ ва ё донишгоҳҳои вилоят таҳсил мекунанд, имкон медиҳад дар ин барнома ширкат карда, соҳиби шаҳрвандии Русия шаванд.

Белова афзуд, тайи як ҳафтаи ахир онҳо муқаррароти барномаи навро ба беш аз 300 донишҷӯи хориҷии Донишгоҳи давлатии Тюмен, Донишгоҳи индустралии Тюмен ва Донишгоҳи тиббии ин вилоят муаррифӣ карданд. Бино ба иттилои департамент, то кунун 17 донишҷӯи хориҷӣ шомили ин барнома шуданд, ки 9 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Дар вилояти Тюмени Русия, ки як макони нафтхез ва пурдаромад ба ҳисоб меравад, бинобар иттилои департаменти маорифи ин вилоят, ҳудуди 400 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд. Бештари донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи нафту газ, Донишгоҳи Давлатии Тюмен ва Донишгоҳи сохтмон таҳсил мекардаанд.

Барномаи давлатии Русия “Переселение” ё кӯчбандӣ дар ибтидо барои бозгардондани аҳолии русзабон аз кишварҳои Шӯравии собиқ тамаркуз мекард ва ҳоло асосан барои таъмини минтақаҳои ташнаи мутахассису нерӯи корӣ дар Русия идома дорад. Танҳо дар соли 2016 беш аз 14 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои шомил шудан ба барномаи “Переселение” ариза доданд, ки аз ин ҳисоб 1850 оилаи тоҷик ба Русия кӯч бастанд.

Вилояти Тюмен нахустин минтақаи Русия аст, ки барои донишҷӯёни хориҷӣ имкон додааст, дар ин барнома ширкат карда, соҳиби шаҳрвандии Русия шаванд.

Тоҷикистон ҳар сол садҳо ҷавонро барои таҳсил ба Русия мефиристад, то мушкили норасоии кадрҳоро дар кишвар ҳал кунад. Аммо беш аз нисфи донишҷӯён баъди таҳсил ба кишвар барнамегарданд ва муқими он кишвар мешаванд.

Ба иттилои сафорати Русия дар Тоҷикистон, айни замон беш аз 20 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар мактабҳои олии ин кишвар таҳсил мекунанд. Бар замми ин, ҳар сол ҳудуди 4 ҳазор донишҷӯи тоҷик барои таҳсил озими ин кишвар мешаванд.

Ба ақидаи соҳибназарон, бо идомаи барнома Тоҷикистон ҳам оқибатҳои манфии онро эҳсос хоҳад кард, зеро кадрҳои болаёқатро аз даст медиҳад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG