Пайвандҳои дастрасӣ

Танбеҳи профессоре, ки гуфт "донишҷӯёни тоҷик зарбу тақсимро намедонанд"


Алексей Шапошник

Ректори Донишгоҳи давлатии кишоварзии шаҳри Воронежи Русия як устоди ин донишгоҳро, ки як моҳ пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт донишҷӯёни тоҷик зарбу тақсимро намедонанд, танбеҳ додааст. Николай Бухотяров, ректори Донишгоҳи давлатии кишоварзии Воронеж, рӯзи 12-уми январ бо нашри як изҳорот дар вебсайти расмии донишгоҳ гуфт, “коллективи донишгоҳ гуфтаҳои Алексей Шапошникро комилан ҷонибдорӣ намекунад”.

Ҳамааш аз инҷо сар шуд: 3:3=?

Аз роҳбарияти донишгоҳ ба мо гуфтанд, ки ин мавқеи донишгоҳ нест. Донишҷӯёни зиёди тоҷик дар онҷо таҳсил доранд ва хуб ҳам мехонанд.

Бухотяров гуфт, “аҳли донишгоҳ аз шарҳу тавзеҳҳои зиёд дар расонаҳо вобаста ба гуфтаҳои шахсии профессор дар робита ба таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ дар ин донишгоҳ хеле хашмгин шудаанд.”

Изҳороти ректори Донишгоҳи давлатии кишоварзии Воронежи Русия дар ҳолест, ки рӯзи 28-уми декабри соли 2017 профессор Алексей Шапошник – мудири кафедраи химияи ин донишгоҳ – дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навишт, донишҷӯи ин донишгоҳ аз Тоҷикистон зарбу тақсими оддии ададҳоро иҷро карда наметавонад. “Имрӯз дар ҷараёни имтиҳон аз донишҷӯи тоҷик пурсидам, ки 3 тақсими 3 чанд мешавад. Се посух дод, ӯ бо чеҳраи хандон. Ман фикр кардам, ки ӯ русиро нафаҳмид ва дар варақ навиштам, ки 3:3=? Ӯ боз дар ҷавоб навишт: 3”, - навишта буд дар саҳифааш профессор.

"Изҳороти ректор мавқеи ҳамаи устодон аст"

Яке аз гӯшаҳои Воронеж
Яке аз гӯшаҳои Воронеж

Шапошник дар идома аз гуфтаи ҳампешаи дигараш устоди математика иқтибос овард, ки гуфтааст маҷбур аст ба донишҷӯёни тоҷик барномаи мактабиро таълим диҳад. Профессор навишт, “ҳамкасбам аз кафедраи математика нақл кард, ки дар давоми як семестр ӯ донишҷӯёни тоҷикро тарҳу ҷаъми ададҳои якрақамаро омӯзонда тавонист, аммо онҳо зарбу тақсимро ёд нагирифтанд”. Шапошник дар идомаи навиштаҳояш аз сиёсати Вазорати маорифи Русия танқид кард, ки ба гуфтаи ӯ “бо ҷалби донишҷӯёни тоҷику қирғиз ва туркман ҷойи донишҷӯёни русро танг мекунанд. Ҳол онки таҳсил аз ҳисоби буҷети Русия аст.”

Татяна Шепилова, роҳбари шӯъбаи кор бо донишҷӯёни хориҷии Донишгоҳи давлатии кишоварзии Воронеж, рӯзи 12-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар як ҷаласаи кормандон амалкарди профессор Шапошник маҳкум карда шуд. Ӯ гуфт, изҳороти ректор баёнгари назари ҳамаи устодони донишгоҳ аст.

Ҳар сол даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон донишгоҳҳои Русияро хатм мекунанд. Ин акс аз бойгонист
Ҳар сол даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон донишгоҳҳои Русияро хатм мекунанд. Ин акс аз бойгонист

Шепилова дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки тавре расонаҳои шаҳри Варонеж навиштанд профессор Шапошник аз кор ронда мешавад ва ё не, гуфт, «маъумрияти донишгоҳ ба ин устод танбеҳи сахт дод ва дар мавриди дар кор боқӣ мондан ва ё тарки донишгоҳ кардан худи профессор Шапошник тасмим мегирад».

Хашми расонаҳои Русия

Зимнан, расонаҳои Русия аз ҷумла шаҳри Воронеж, ҳамагӣ ба ҳимоят аз Шапошник бархоста, навиштанд, маъмурияти донишгоҳ профессорро барои ҳақгӯияш аз кор ронданист. Инчунин, ифтитоҳи парвандаи «барангехтани адовати қавмӣ» ба ӯ таҳдид мекунад. Бегонаситезии матбуотии рус мавзӯи нав нест ва дар ҳар як маврид матубот дар Русия камтарин ҳодисаро бо ширкати тоҷикон ба куллӣ пӯшиш медиҳад. Аммо мудофеони ҳуқуқи инсон инро нақзи ҳуқуқи муҳоҷирон медонанд.

Профессор рӯзи 9-уми январ саҳифааш дар Фейсбукро якҷо бо навиштаҳояш дар мавриди донишҷӯёни тоҷик пок кард ва ин ин амалкарди ӯ ба «оташи қавмгароёнаи матбуоти рус равған рехт».

Сарвар Бахтӣ
Сарвар Бахтӣ

Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия, гуфт, расонаҳои шаҳри Воронеж зиёд ба ин мавзӯъ доман заданд ва пас аз ин сафорат бо маъмурияти донишгоҳ дар тамос шуд. Ӯ гуфт, «аз роҳбарияти донишгоҳ ба мо гуфтанд, ки ин мавқеи донишгоҳ нест. Донишҷӯёни зиёди тоҷик дар онҷо таҳсил доранд ва хуб ҳам мехонанд. Дар донишгоҳ ба мо ваъда доданд, ки бо ин устод дар мавриди гуфтааш суҳбат хоҳанд кард».

Бухтояров: Дониши ҳамаи донишҷӯён ба талабот ҷавобгӯ аст

Зимнан Николай Бухотяров, ректори донишгоҳ дар изҳороташ иддаои профессор Шапошникро рад карда, гуфт, дониши ҳамаи донишҷӯён, аз ҷумла хориҷиҳо ба талаботи Вазорати маорифи Русия ҷавобгӯ аст. Ректор гуфтааст, комиссияи вежаи хадамоти назорат дар соҳаи маориф ва додситонии Воронеж дониши донишҷӯёнро моҳи августи ин сол санҷида, онро мутобиқ ба меёърҳо эътироф кард.

Дар Донишгоҳи давлатии кишоварзии Воронеж айни замон 360 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил мекардаанд, ки ба гуфтаи мақомоти донишгоҳ танҳо 49 дарсади онҳо аз ҳисоби буҷети Русия мехонанд.

Шумораи аз ҳама зиёди донишҷӯёни тоҷик дар хориҷа дар Русия ҳастанд. Ба иттилои сафорати Русия дар Тоҷикистон, айни ҳол беш аз 20 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар мактабҳои олии ин кишвар таҳсил мекунанд. Бар замми ин, ҳар сол ҳудуди 4 ҳазор донишҷӯи тоҷик барои таҳсил озими ин кишвар мешаванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG