Пайвандҳои дастрасӣ

Азизҷон Азимӣ: "Шомил шудани ман ба Стенфорд масъулияти бузург аст"


Азизҷон Азимӣ. Акс аз вебсайти Донишгоҳи Стенфорд

Азизҷон Азимӣ, донишҷӯи 21-солаи тоҷик, дар оғози ҳафтаи гузашта яке аз 49 баранадаи стипендияи Барномаи “The Knight-Hennessy Scholars” эълон шуд, ки таҳсилаш дар Донишгоҳи маъруфи Стенфорд дар Амрико ва ҷаҳонро фароҳам мекунад. Азимӣ соли гузашта шомили Донишгоҳи Ҳарвард шуда буд. Ӯ рӯзи 17-уми январ дар тамос аз Амрико бо Радиои Озодӣ гуфт, довталабӣ барои дарёфти ин стипендия, ки 3600 талабгор дошт, кори осон набуд.

  • Азизҷон Азимӣ соли 1997 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, Донишгоҳи Ню-Йоркро бо ихтисоси иқтисод ва равобити байналмилалӣ хатм кардааст. Роҳбари созмони ҷамъиятии TajRupt аст.
Ҳузур доштан дар миёни 49 барандаи ин стипендия натанҳо шарафи бузург, балки масъулияти бузурге низ ҳаст. Чун вазифаи мо ҳалли мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ аст, шуруъ аз мубориза бо бемориҳои байналмилалӣ то мушкили рушди иқтисод дар кишварҳои рӯ ба рушд

Азизҷон Азимӣ: “Ин хабарро субҳи душанбеи гузашта Ҷон Ҳеннесси, раиси Шӯрои мудирони ширкати Alphabet, Inc ва яке аз муассисони стипендияи Найт-Ҳеннесси, ки дар гузашта президенти Стенфорд низ буд, ба ман расонд. Ҳамон субҳ аз дарси иқтисод дар мактаби Кеннедии Донишгоҳи Ҳарвард берун омада будам. Ӯ гуфт, маро ба ин стипендия лоиқ донистаанд. Дар 21-солагӣ яке аз ҷавонтарин барандагони стипендияи Ҳеннесси шудам. Мо ҳақ надоштем, то замони нашри иттилоияи расмӣ дар рӯзи 14-уми феврал дар бораи ин стипендия ба касе лаб кушоем. Аммо тоқат карда натавонистам. Қоидаи “бозӣ”-ро каме нақз кардам. Ман ин хабарро зуд ба волидон ва хоҳаронам дар Тоҷикистон расондам.”

Радиои Озодӣ: Дар Тоҷикистон баъзеҳо ҳатман ин суолро хоҳанд пурсид, ки Азизҷон то ин зина чӣ гуна расид?

Азизҷон Азимӣ: “Медонед, ман ба ин зина дар пайи ҳимояти бепоён, муҳаббат ва дасгтирии пайвастаи волидон аз оғози кор расидаам. Ҷараёни воридшавӣ ба мактаби олии бизнес дар Стенфорд (Stanford Graduate School of Business) мисли ҷараёни ба даст овардани стипендияаш мушкил буд. Мактаби бизнеси Стенфорд, ки дар онҷо бояд бихонам, аз нуқтаи назари қабул аз ҳама душвортарин аст. Ҳамагӣ 6 дарсади довталабонро мепазиранду бас. Барои як ҷой дар барномаи MBA-и Стенфорд 18 довлатаб рақобат мекунад.”

Радиои Озодӣ: Донишгоҳи Стенфордро даҳҳо нафари шинохта, миллиардерҳо ва топ-менеҷерҳои ҷаҳонӣ хатм кардаанд. Азимии 21-сола бо чӣ кӯлборе вориди ин донишгоҳ шуд ва бо чӣ кӯлборе аз онҷо берун омаданист?

Азизҷон Азимӣ
Азизҷон Азимӣ

Азизҷон Азимӣ: “Дар семестри гузашта дар Ҳарвард фурсат ёфтам, ки муовини президенти донишҷӯён шавам ва дар бораи стратегияи геополитикии роҳи нави Абрешим низ тадқиқот анҷом диҳам. Инчунин, дар ин муддат узви клуби рушди раҳбарӣ дар Ҳарвард шудам. Ҳамаи ин барои он буд, ки таҷруба бигирам ва номзади беҳтаре барои шомил шудан ба GSB бошам. Донишгоҳе, ки ҳамон тавре гуфтед, онро миллиардероне чун Фил Найт, Чарлз Швабии хурдӣ, сармоядор Винод Хосла, вазири тиҷорати Амрико Пенни Притскер ва садҳо топ-менеҷерон ва намояндагони соҳаи тиҷорат хатм кардаанд. Ҳоло донишҷӯи бахши магистри мактаби Кеннедии Донишгоҳи Ҳарвард ҳастам. Ман аз рӯи барномаи “дараҷаи баробар” таҳсилро ҳамзамон дар Стенфорд идома хоҳам дод. Баъди хатми таҳсили имсола, соли ояндаро дар Стенфорд мегузаронам. Нимсолаи соли севуми таҳсилро дар Ҳарвард ва нимсолаи дувумро дар Стенфорд паси сар хоҳам кард. Дар се сол якбора соҳиби ду диплом – MBA ва MPP – хоҳам шуд.”

Радиои Озодӣ: Дар миёни барандагони Барномаи “The Knight-Hennessy Scholars” оё намояндагони кишварҳои дигари Шӯравии собиқ низ ҳастанд?

Азизҷон Азимӣ: “Бештар аз он ифтихор мекунам, ки Тоҷикистон аз миёни кишварҳои собиқи Шӯравӣ танҳо кишварест, ки дар ин барномаи баландмартаба намояндаи худро дорад. Ман дар оянда барои пешрафти ҷавонони боистеъдодамон тамоми талошамро хоҳам кард. Ҳазорҳо хонанда дар гӯшаҳои Тоҷикистон заминаи хубе дар ҳамаи бахшҳо, аз илм сар карда то тибро доранд. Ман инро ҳангоми кор дар барномаи “ТаҷРапт” дар Тоҷикистон мушоҳида кардам. Ин созмони ҷамъиятиро худи ман асос гузоштаам. Созмон ба хонандагону донишҷӯён таълими бепул дар бораи навовариҳои техникӣ, баробарии ҷинсӣ ва фикронии интиқодиро бо забони англисӣ медиҳад. Аз оғози кори мо дар тобистони соли 2017 садҳо хонанда давраи омӯзишии даҳҳафтаинаро гузаштанд. Таҷрибае, ки ман дар ҷараёни ташкилдиҳии ин созмон гирифтам, ҳатто аз таҷрибаи корам дар ширкати машваратии Саймон Кучер ва СММ дар Ню-Йорк арзишмандтар буд. Дар ин бобат ман хеле мутаминам, чунки соҳибкории иҷтимоӣ ба инсон озодии амал ва тафаккурро медиҳад ва, албатта, ин гуна лоиҳаҳо аз ҷиҳати иҷтимоӣ суднок ҳастанд. Ман соҳибкории иҷтимоиро идома медиҳам.”

Радиои Озодӣ: Ҳоло боз рӯи чӣ тарҳе кор мекунед?

Азизҷон Азимӣ
Азизҷон Азимӣ

Азизҷон Азимӣ: “Айни замон бар сари як тарҳи “старт ап” дар озмоишгоҳи инноватсионии Донишгоҳи Ҳарвард кор мекунам. Вазифаи ин тарҳ фароҳам овардани як пойгоҳ барои интихобкунандагони амрикоӣ аст, ки бо номзадҳои интихоботи конгресс, ки моҳи ноябри соли равон баргузор мешавад, ошно шаванд. Дар ин бора ман ба комиссияи қабули стипендияи Найт Ҳеннеси ба тафсил нақл кардам. Ин суҳбат моҳи январ сурат гирифт, замоне ки ман дар кампуси донишгоҳи Стенфорд ҳузур доштам. Инҳо ҳамагӣ ҷавонони таассуротбахш ва муваффақе буданд, шуруъ аз соҳибкорони раддаи “Форбс” то мудирони умури давлатӣ бо таҷрибаи иҷрои тарҳои чандмиллиарддолларӣ ва пажуҳишгарони тиб, ки дар саргаҳи дастовардҳои охирин табобати саратон меистанд.”

Радиои Озодӣ. Дар охир. Бо шомил шудан ба Донишгоҳи Стенфорд даврони “оҳи сабук кашидан” расидааст ё ҳанӯз заҳматҳои зиёде дар пеш ҳаст?

Азизҷон Азимӣ: “Ҳузур доштан дар миёни 49 барандаи ин стипендия натанҳо шарафи бузург, балки масъулияти бузурге низ ҳаст. Чун вазифаи мо ҳалли мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ аст, шуруъ аз мубориза бо бемориҳои байналмилалӣ то мушкили рушди иқтисод дар кишварҳои рӯ ба рушд.”

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG