Пайвандҳои дастрасӣ

Орзу ва ҳадафҳои ҷавонони тоҷик аз ҳамтоҳои онҳо дар Амрико ё Британия фарқ надорад. Таҳсил дар донишгоҳ, барои амалӣ кардани тавонмандиҳо, эҷоди як зиндагии сазовор ва имкони боло шудан ба зинаҳои баланд.

Соли 2016 шояд аксари ҷавонҳо бар сари ҳамин ҳадафҳо андешиданд, ки баъди хатми таҳсил ҷойи кори хуб ёбанд, сармояи зеҳниву молӣ ҷамъ кунанд, ба зинаҳои қудрат баланд шаванд, ба курсии вазирӣ нишинанд ва рӯзе раиси ҷумҳур ҳам шаванд. Аммо бисёри онҳо ба муҳит нигаристанд, шароити иқтисодиро дар тарозӯи ақл баркашиданд ва "ҳоло вақти мо нест"- гуфтанду роҳи муҳоҷирати Русияро пеш гирифтанд.

Соли 2015 барои ҷавонон тоҷик таҳавуллоти ҷиддӣ надошт. Танҳо як гурӯҳи ками ҷавонон тавонистанд худро ба ҷомеа муаррифӣ кунанд ва "ояндадор" будани худро ба намоиш гузоранд. Даниел Рустамов, Парвина Саидова, Ориф Музайянов аз ҷумлаи ҷавононе буданд, ки бо дастовардҳои худ дар арсаҳои мухталиф, дар расонаҳои дохиливу хориҷӣ хабарсоз шуданд.

Як ҷавони тоҷик дар донишгоҳи бонуфузи Амрико

Ин сол барои Азизҷон Азимӣ, ҷавони 19-солаи тоҷик соли тақдирсоз буд. Дар ҳоле, ки ҳамсабақони пешини Азизҷон Азимӣ дар Тоҷикистон акнун таҳсил дар мактаби миёна ё соли аввали донишгоҳро ба поён бурданд, ӯ донишгоҳҳои бонуфузи Амрикоро бо мувафақият хатм кард. Ин комёбӣ роҳи ҷавони тоҷикро барои кор дар як ширкати боэътибори амрикоӣ боз намуд.

Азизҷон Азимӣ.
Азизҷон Азимӣ.

Азизҷон Азимӣ мегӯяд, ки ӯ соли 2016 корро дар ширкати бонуфузи консалтинги дар соҳаи нархгузори Simon-Kucher & Partners дар Уолл стрити Ню-Йорк оғоз кард. Зиёда аз ин, ҳамчун роҳбари NYU Model UN - ташкилоти обрӯманд дар донишгоҳu NYU - вохӯриҳои расмиро бо чанде аз дипломатҳои сатҳи баланд, бо шумули сафири Фаронса Франсуа Делаттре баргузор кард.

"Вале дастоварде аз соли 2016, ки бо он бисёр фахр дорам, ин таъсис додани ташкилоти ғайридавлати ва ғайритиҷоратии TajRupt дар Ватани азизам Тоҷикистон аст. Ин ташкилот кори худро дар самтҳои реформаи таълимӣ, энергияи барқароршаванда ва мубориза бо фасод оғоз намуд”,-мегӯяд Азимҷон Азимӣ.

Ин сол барои Муштарӣ Сиддиқова, духтари 23-солаи тоҷик ҳам соли оддӣ набуд. Баъд аз таҳсили чаҳорсола дар Қирғизистон, ки Муштарӣ дар онҷо ба ҳайси муовини роҳбари як созмони бонуфузи ҷавонон фаъолият мекард, ӯро интихоби муҳиме дар пеш буд -- бозгашт ба ватан ва саҳмгузорӣ дар соҳаи тибб, ё идомаи таҳсил ва карера дар хориҷ. Ӯ тасмим гирифт баргардад. Муштарӣ мегӯяд: “Шояд аз ҳарфҳои ман баъзеҳо шубҳа кунанд, вале ман ба хулосае омадам, ки бояд бо дониши андӯхта ба назди ҳамсолонам ба Тоҷикистон баргардам. Ман нақшаҳои зиёде дорам, ки бояд дар ватан амалӣ шаванд.”

Ҳоло яке аз ҳадафҳои муҳими Муштарӣ ин аст, ки ба ҷавонони дигар барои расидан ба мақсадҳояшон кӯмак кунад. Феълан ӯ дар садади пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои ташкили созмони ҷавони “Айсек” дар Тоҷикистон қарор дорад. Ин созмон ба ҷавонон имкон медиҳад, ки барои таҷрибаандӯзӣ ба беш аз 100 кишвари дунё сафар кунанд.

“Мо бояд ҷаҳонбинии ҷавононро ғанӣ гардонем. Вақте ҷавонон имкон пайдо мекунанд, ки баъд аз таҳсил ба хориҷа сафар кунанд, таҷриба омӯзад, албатта фикрронӣ ва донишаш дигар мешавад. Ӯ дигар дар пайи рушди худ ва кишвар мешавад“,-мегӯяд Муштарӣ.

Тазоҳуроти ҷавонони тоҷик дар назди яке аз сафоратҳои хориҷӣ дар Душанбе.
Тазоҳуроти ҷавонони тоҷик дар назди яке аз сафоратҳои хориҷӣ дар Душанбе.

Аммо ба фарқ аз ин ҷавонон, ки соли 2016 -ро соли дастовардҳои худ медонанд ва барои соли ҷадид нақшаҳои зиёде доранд, гурӯҳи дигар баръакс аз ин сол хотираҳои хуб надоранд. Даҳҳо нафар ҷавон дар пайи бӯҳрон ва бозгашт аз муҳоҷират, кори худро аз даст доданд. Ҳамин тавр, сару садоҳо дар мавриди пайвастани ҷавонон ба сафии ДИИШ ҳам кам нашуд.

Агар гирдиҳамоии гурӯҳе аз ҷавононро дар назди намояндагӣ ва сафоратхонаҳои хориҷӣ, ки баъди сухаронии баъзе намояндаҳои мухолифин дар нишасти САҲА, дар Варшава, ба кӯча рехтанд ба назар нагирем, ба сурати умум ҷавонҳо дар соли 2016, майле ба сиёсат нишон надоданд. Гурӯҳе, ки бо шиору овезаҳо дар назди сафоратхонаҳо гирдиҳамоӣ баргузор кард ва дар сархати хабарҳо қарор гирифт, худро як ташаккули нави сиёсӣ муаррифӣ мекунад. Вале аксаран ба ин бовар накарданд ва гуфтанд, ки агар ҳукумат аз онҳо пуштибонӣ намекард, гирдиҳамоии онҳо пароканда ва худашон муҷозот мешуданд.

Хабарнигори ҷавон Алишер Зарифӣ мегӯяд, ба сурати умум ин сол барои ҷавонон соли хубе набуд: “Мо дидем, ки баръакси гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, муҳоҷират зиёд шуд, вазъияти иҷтимоӣ ва будубош вазнинтар шуд. Ягон иқдоми ҷиддие набуд, ки дар ҳайёти ҷавонон тағйироти хуберо ба миён орад. ”

Дилшод Назаров дар соли 2016 қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ шуд.
Дилшод Назаров дар соли 2016 қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ шуд.

Вале дастоварди аз ҳама муҳим дар соли равон, ки боиси ифтихору хушҳолии насли ҷавон шуд, ин ғолибияти Дилшод Назаров дар Бозиҳои олимпӣ дар Бразилия буд. Дилшод Назарови 34-сола, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ ҳам ҳаст.

Бо ҳама бурду бохтҳо дар соли 2016, насли ҷавонро, "Соли ҷавонон" эълон шудани соли 2017 аз сӯйи президент, ба ояндаи беҳтар дилгарм кардааст. Онҳо умед доранд, дар ин сол таваҷҷӯҳ ба масоили муҳими ҷавонон, бештар ва садои дили онҳо шунида хоҳад шуд.

Ҳаким Даврон, таҳлилгари ҷавони тоҷик мегӯяд: “Тавре таҷриба нишон медиҳад, тамоми мушкил, махсусан ифротгароӣ заминаҳои иҷтимоӣ иқтисодӣ дорад ва ҳукумат бояд барои ҷилавгирӣ аз ин талош кунад шароити хуби иҷтимоӣ иқтисодӣ ва ҳатто сиёсии ҷавононро фароҳам орад ва ин мушкилҳо ҳатман бартараф хоҳад шуд.”

Ҳакими Даврон, хабарнигори тоҷик.
Ҳакими Даврон, хабарнигори тоҷик.

Ҷавонон мехоҳанд имсол, ки ба онҳо бахшида мешавад, бо шиору нишастҳо маҳдуд нагардад ва дар ин сол на фақат таваҷҷӯҳ, балки бархе аз мансабҳои калидиро ҳам ба онҳо вогузор кунанд. Завқибек Саидаминӣ, хабарнигори ҷавон мегӯяд: “Дар мо ба ҷавонон чандон бовар намекунанд. Ман фикр мекунам, бояд дар порлумон на 2 вакили ҷавон, балки 15 дарсади вакилонамон ҷавонони зери сини 30 бошанд. Чун баъзе қонунҳое ҳастанд, ки ба масоили маҳдуд кардани интернет ё ба технология вобастаанд ва вакилони имрӯзи мо сарфаҳм намераванд ва ҷавон, ки худаш аз ин истифода мебарад, метавонад баҳс кунад.”

Муштарӣ Сиддиқова, ки имсол баъди хатми донишгоҳ барои беҳбуд бахшидани ҳаёти ҳамсолони худ ба Душанбе омадааст, мегӯяд, ҳамсолонаш бояд новобаста ба шароит, ноумед набошанд ва аз ин фурсати хуб, яъне "Соли ҷавонон" эълон шудани 2017 барои амалсозии нақшаҳои худ истифода баранд.

Дар маҷмӯъ, бо вуҷуди баъзан ноумедиҳо, интизороти ин насл аз соли 2017 соли ҷавонон зиёд аст. Аммо орзуи аслӣ ва аз ҳама муҳими ҷавонон дар ин сол, рафъи бекорӣ ва таъмин онҳо бо кори муносиб аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG