Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши босуръати аҳолии Тоҷикистонро "бомбаи соатӣ" номиданд


Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши тозае вазъи иқтисоди Тоҷикистонро ташхис карда, гуфтаанд, афзоиши аҳолӣ ва бештар шудани сокинони ҷавон барои кишвар, ба истилоҳ, "шамшери дудама"-ро мемонад.

Айни замон Тоҷикистон ба соҳаи энергетика сармояҳои бузургеро равона мекунад, вале ин соҳа дар ниҳоят ҷойҳои кории зиёд эҷод намекунад ва имкониятҳо барои муҳоҷирати корӣ чандон рӯшан нест.
Гузориши Бонки Ҷаҳонӣ

Яъне, аз як сӯ нирӯи кории зиёд метавонад боис ба рушди кишвар шавад, аз тарафи дигар тӯдаи бекорон метавонанд "дарди сар" эҷод кунанд. Айни ҳол сеяки аҳолии Тоҷикистон наврасони то 14-сола ҳастанд.

Дар гузориши "Ҷумҳурии Тоҷикистон: ташхиси кулли кишвар" гуфта шудааст, ки Тоҷикистон бо истифода аз нирӯи кории ҷавон мисли баъзе аз кишварҳои шарқи Осиё дар солҳои 50-ум метавонад, рушди иқтисодашро такон дода, мизони камбизоатиро коҳиш бидиҳад. Аммо, ба навиштаи Бонки Ҷаҳонӣ, дар Тоҷикистон бахши хусусии бузургу рушдкардае вуҷуд надорад, ки тавонад аҳолиро бо ҷойи кори пурсамар таъмин намояд.

"Дар ояндаи наздик ҳам имкони эҷоди ҷойҳои кории зиёд баъид ба назар мерасад... Афзоиши шумораи бекорон ба амнияти Тоҷикистон хатар эҷод мекунад", - гуфтааст Бонки Ҷаҳонӣ.

Айни замон Тоҷикистон ба соҳаи энергетика сармояҳои бузургеро равона мекунад, аммо ин соҳа дар ниҳоят ҷойҳои кории зиёд эҷод намекунад ва имкониятҳо барои муҳоҷирати корӣ чандон рӯшан нестанд.

Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ гуфтаанд, "чун сатҳи баланди бекорӣ дар миёни ҷавонон, коррупсия ва шароити бади зиндагӣ ва набуди озодиҳои сиёсӣ дар чанде аз давлатҳои дигар дар даҳсолаи охир боиси сар задани беназмиҳои бузурги иҷтимоӣ дар даҳсолаи охир шудаанд."

Ин ҳушдори Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳолест, ки дар поёни моҳи майи имсол аҳолии Тоҷикистон ба 9 миллион нафар расид. Рӯзи 26-уми май дар яке аз таваллудхонаҳои Душанбе тифли 9-миллионуми Тоҷикистон таваллуд шуд ва мақомот ба волидони ин тифл дар Душанбе як хонаи сеҳуҷрагӣ доданд.

Лоиқ Миров
Лоиқ Миров

Лоиқ Миров, пажуҳишгари ҷавони тоҷик, ки вижагиҳои бозори корро дар Тоҷикистон таҳқиқ кардааст, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, иқтисоди кишвар ҳоло имкони бо кор таъмин кардани бекоронро надорад. Аз ин рӯ, муҳоҷирати нерӯи корӣ аз Тоҷикистон як раванди табиӣ аст, вале муҳоҷиратро “чун ҳалли муваққатӣ бояд қабул кард, зеро аз ин боигарии Тоҷикистон иқтисоди дигар кишварҳо истифода мебаранд”.

Ин пажуҳишгари тоҷик се арсаеро номбар кард, ки Тоҷикистон барои таҳияи ҷойҳои нави корӣ дар он шонси бештар дорад. Ӯ гуфт:

  • “Якум, соҳибкории хурд барои истеҳсоли молҳои гуногун бояд ривоҷ дода шавад, зеро ҳоло ҳам хеле аз маҳсулотро аз хориҷ ворид мекунем.
  • Дувум, рушди хоҷагии қишлоқ ва фермерӣ. Масалан, чорводорӣ, паррандапарварӣ ва парвариши парранда. Истифодаи роҳҳои нави парвариши растанӣ метавонад проблемаи нарасидани заминро камтар кунад.
  • Севум, соҳаи мухобирот. Дар сурати дуруст ба роҳ мондани кор садҳо ҷои кории нав барои барномарезон ва дизайнерҳо ба вуҷуд меояд. Фанновариҳои нав имкон медиҳанд, ки кормандон аз Тоҷикистон нишаста барои ширкатҳои хориҷӣ кор кунанд, ба истилоҳ аутсорсинг."

Мақомот дар Тоҷикистон ҳар сол аз эҷоде беш аз 100 ҳазор ҷойи кории нав гузориш медиҳанд, аммо ин ҷойҳои корӣ танҳо барои чаҳоряки аҳолии қобили меҳнате, ки ба тозагӣ вориди бозори кор мешаванд, кофӣ аст.

Шумораи коргарон ҳар сол 3 дарсад афзоиш меёбанд, аммо Тоҷикистон танҳо 0,7 дарсади онҳоро бо ҷойи кор фаро гирифта метавонад.

Як ҳамсуҳбати мо дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, барои “эҷоди як кори устувор бо маоши шоиста дар Тоҷикистон ҳудуди 50 ҳазор доллар сармоягузорӣ кардан зарур аст. Айни ҳол на давлат ва на бахши хусусӣ дар Тоҷикистон қудрати ин миқдор сармоягузорӣ кардан ва ташкили ҷойҳои кории басанда барои ҳамаро надоранд”.

Ин масъули вазорат гуфт, аз ин рӯ, муҳоҷирати нерӯи корӣ дар даҳсолаи оянда аз Тоҷикистон ногузир аст.

Ин аст, ки тақдири даҳҳо ҳазор ҷавони тоҷик бо бекорӣ ва муҳоҷирати ногузири корӣ ба хориҷа гиреҳ хӯрдааст. Мушкили муҳоҷират ва бекорӣ то ҳадде доғ аст, ки ҳатто дар таронаҳои репи ҷавонон бозтоб ёфтааст. Аксар ҷавонони репсаро як тароае вобаста ба ғарибӣ ва ё муҳоҷират сароидаанд. Шон МС, ки чанд тарона дар мавзӯи муҳоҷират сароидааст, дар поёни як сурудааш хитоб ба шунавандагонаш мегӯяд, “Тоҷикистон баргардон ӯ фарзандони ғарибта (манзур ғарибатро).”

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG