Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон: Осиёи Марказӣ дучори камобӣ шудааст. ВИДЕО


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки ба сабаби бориши ками борон кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дучори камобӣ шудаанд. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20-уми июн дар як нишасти байналмилалии бахшида ба об дар Душанбе гуфт, "ҳаҷми оби дарёҳо аз меъёрҳои миёнаи солона паст буда, дар мавсими обёрӣ ҳамагӣ дар ҳаҷми 60-70 дарсад пешгӯӣ мешавад".

Ӯ афзуд, азбаски муносибати кишварҳои минтақа тайи солҳои охир ба таври мусбат тағйир кардааст, онҳо дар тақсим ва истифодаи баробари захираҳои об забон хоҳанд ёфт.

  • Дар гузашта истифода аз захоири оби минтақа аз баҳси умдаи раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ буд. Узбекистону Қазоқистон пайваста аз Тоҷикистону Қирғизистон интиқод мекарданд, ки бо сохтмони нирӯгоҳҳои бузург мехоҳанд, кишварҳои поёнобро ташналаб гузоранд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, тайи 60 соли охир ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёнаи солона ба андозаи як дараҷа аз рӯйи Селтсия боло рафтааст. "Зери таъсири ин омилҳо дар Тоҷикистон офатҳои табиӣ дар шакли сел, аз маҷрои дарёҳо баромадани об, фаромадани тарма ва ярч ҳамасола ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар хисороти ҷиддӣ мерасонанд. Гузашта аз ин, тайи чанд даҳсолаи охир тақрибан як ҳазор пиряхи хурду миёнаро талаф додем", - гуфт ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон: Осиёи Марказӣ дучори камобӣ шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00

Президенти Тоҷикистон дар идома ба мушкили оби ошомиданӣ дар минтақа ҳам дахл кард. Ӯ гуфт, "истифодаи оқилонаи танҳо захираҳои нодири кӯли баландкӯҳи Сарез, ки 17 километри кубиро дар бар мегирад, имкони таъмини дарозмуддату устувори аҳолии минтақаи моро бо оби босифати нӯшокӣ хоҳад дод."

Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ яке аз гӯшаҳои гарму хушки курраи Замин ҷойгир аст, ки талаботи даҳҳо миллион аҳолии он ба як сарвати муҳими табиӣ, яъне об сол ба сол меафзояд. Тақрибан 60 дарсади оби ин минтақа аз Тоҷикистон сарчашма мегирад ва об як сарвати асосии кишвар ба ҳисоб меравад. Солона дар кишвар 13 миллиард метри мукааб об сарф мешавад ва бино ба гузоришҳо бештар як миллиард метри мукааби об талаф меёбад.

Нишасти бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор", солҳои 2018-2028, рӯзи 20-уми июн дар "Кохи Сомон"-и шаҳри Душанбе оғоз шуд. Ин нишасти байналмилалӣ аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон ва бо ҳимояти Созмони Милали Муттаҳид баргузор мешавад.

Тибқи иттилои расмӣ, дар ин ҳамоиш раҳбарони Покистон ва Туркманистон Мамнун Ҳусейн ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси иҷроия дар ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳузур доранд. Расонаҳои эронӣ хабар доданд, ки вазири энержӣ он кишвар Ризо Ардакониён барои иштирок дар ин нишаст ба Тоҷикистон сафар кардааст.

Дар ин ҳамоиш дар қатори намояндагони баландмақоми 110 кишвари ҷаҳон ва муассисаҳои молии байналмилалӣ, инчунин, муовини Дабири кулли СММ Луи Женмин, намояндаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо дар кишварҳои Осиёи Миёна Петер Буриан ва мудири минтақавии Маркази дипломатияи СММ дар Осиёи Марказӣ Наталя Герман ширкат доранд.

Ин нишаст то 22-юми июн идома хоҳад кард​

XS
SM
MD
LG