Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон тарҳи бузургтарин нерӯгоҳи минтақавиро рӯи даст гирифт


Узбакистон - обанбори Чорвоқ
Узбакистон - обанбори Чорвоқ

Узбакистон тарҳи сохтмони яке аз бузургтарин неругоҳҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ - нерӯгоҳи Пскемро рӯи даст гирифт.

Ба гуфтаи расонаҳои маҳаллӣ, нерӯгоҳи нав даррӯдхонаи Пскеми ноҳияи Бустоналиқи вилояти Тошканд бунёд мешавад, ки баъди нерӯгоҳи Чорвоқ дувумин нерӯгоҳи пуриқтидори Узбакистон ва яке аз калонтарин нерӯгоҳҳои минтақа хоҳад буд. Иқтидориин нерӯҳгоҳ аз 400 МВт иборат буда, солона ба ҳисоби миёна то 900 миллион киловатт/соат барқ хоҳад дод.

Харҷи умумии лоиҳа, бино бар ҳисоби мутахассисон, то ба 800 миллион доллар мерасад, ки қисми зиёди онро Узбакистон худаш сармоягузорӣ мекунад. 240 миллион доллари дигарро бонки чинии Эксимбонк тахсис медиҳад.

"Нерӯгоҳи нав на танҳо вилояти Тошкандро бо барқ таъмин мекунад, балки барои кишвар об низ захира мекунад ва бахши кишоварзиро бо об таъмин менамояд", - хабар медиҳанд мақомоти Узбакистон.

Дар Узбакистон бештар аз 430 дарё мавҷуд аст. Ҳамасола ин кишвар 60 миллиард киловатт/соат нерӯи барқ истеҳсол мекунад, ки аз ин ҳисоб 6,5 миллиардашро нерӯгоҳҳои обӣ тавлид мекунанд.

XS
SM
MD
LG