Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон: "Ҳеҷ гоҳ ҳамсояҳоро ташна намегузорем"


Раҳбарони Қирғизистону Қазоқистон ва Тоҷикистону Узбекистон. 15-уми марти 2018, шаҳри Остона
Раҳбарони Қирғизистону Қазоқистон ва Тоҷикистону Узбекистон. 15-уми марти 2018, шаҳри Остона

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон гуфт, ки тарафдори истифодаи дуруст аз захираҳои обу энержии минтақа аст. Ӯ рӯзи 15-уми март таъкид кард, ки Тоҷикистон ягон ҳамсояашро бе об нахоҳад гузошт.

“Тоҷикистон барои кишварҳои ҳамсояи худ дар масъалаи об ҳеҷ гоҳ мушкил эҷод накарда буд ва нахоҳад кард”, - афзуд ӯ.

Оқои Раҳмон гуфт, дар ин бора қаблан ҳам изҳорот дода буд ва ҳоло низ такрор мекунад: “Мо ҳамсояҳои худро ҳеҷ гоҳ бе об нахоҳем гузошт. Боварӣ дорам, ки муколамаи озод, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди ҳамкории созанда метавонад ба амалишавии ҳадафҳои мо дар ин самт мусоидат намояд.”

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти Остона ҳамкории минтақавиро яке аз зарурати бебаҳси замон номида, аз тағйири мусбат дар муносибати кишварҳои ҳамсоя изҳори қаноатмандӣ кардааст.

Дар гузашта истифода аз захоири оби минтақа аз баҳси умдаи раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ буд. Узбекистону Қазоқистон пайваста аз Тоҷикистону Қирғизистон интиқод мекарданд, ки бо сохтмони нирӯгоҳҳои бузург мехоҳанд, кишварҳои поёнобро ташналаб гузоранд.

Нишасти Остона бо ҳузури раҳбарони Тоҷикистону Қазоқистон ва Қирғизистону Узбекистон ва раиси порлумони Туркманистон рӯзи 15-уми март дар Остона баргузор шуд. Ин нахустин нишасти раҳбарони минтақа бе ҳузури Маскав буд.

XS
SM
MD
LG