Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев: Осиёи Марказӣ барои ҳалли мушкилаш ба дахолати берунӣ ниёз надорад


Нурсултон Назарбоев (дар байн), раиси ҷумҳури Қазоқистон. Рӯзи 15-уми марти 2018, шаҳри Остона

Чаҳор раиси ҷумҳури кишварҳои Осиёи Марказӣ барои аввалин мулоқот дар даҳсолаи ахир ҷамъ омаданд, то робитаҳояшонро, ки баъди марги Ислом Каримов, президенти пешини Узбекистон, гардиши ҷиддиро имтиҳон мекунанд, густариш диҳанд. Мизбони нишаст, раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, дар остонаи мулоқот бо раисони ҷумҳури Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон рӯзи 15-уми март аз "рӯҳияи нав дар минтақа" сӯҳбат кард.

Аз баҳси захираи об то рушди тиҷорат

Иттиҳоди кишварҳои мо ба фоидаи ҳамаи бошандагони минтақа аст ва рушди тиҷорати минтақавӣ, амнияти минтақавиро мустаҳкам мекунад

"Раҳбарон барои дарёфти роҳи одилонаи истифодаи захираҳои об дар минтақа, рушди тиҷорат ва мулоқоти минбаъда дар остонаи Наврӯз қарор карданд", - гуфт Назарбоев баъди анҷоми мулоқот.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон низ гуфт, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15-уми март дар нишасти Остона эълон кардааст, ки тарафдори истифодаи дуруст аз захираҳои обу энержии минтақа аст ва таъкид намудааст, ба ҳайси кишвари болооб ягон ҳамсояашро ташна нахоҳад гузошт.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов худро аз ин самит канор кашид ва ба мулоқот раиси порлумонро фиристод.

"Мо ин тавонро дорем, ки..."

Нурсултон Назарбоев чанд соат пеш аз шурӯи нишасти Остона бо президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков мулоқот кард ва гуфт, панҷ кишвари Осиёи Марказӣ "ин тавонро доранд, ки тамоми масъалаҳои минтақавиро худашон ҳал кунанд".

Нурсултон Назарбоев ва Сооронбой Ҷеенбеков
Нурсултон Назарбоев ва Сооронбой Ҷеенбеков

"Ҳеҷ зарурат вуҷуд надорад, ки мо барои ҳалли масъалаҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ аз берун одам даъват кунем. Мо ин тавонро дорем, ки ҳамаи масъалаҳоро худамон ҳал кунем. Ҳадафи мулоқот ҳам ҳамин аст", - гуфт Нурсултон Назарбоев.

Президенти Қазоқистон як рӯз пеш аз нишаст дар алоҳидагӣ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ кард. Дар чаҳорчӯби ин мулоқот раисони ҷумҳури Тоҷикистону Қазоқистон созишномаеро имзо карданд, ки ба шаҳрвандони ду кишвар ҳақ медиҳад, дар қаламрави якдигар бидуни сабтином (регистратсия) 30 рӯз ва бо сабтином се моҳ ҳузур дошта бошанд. Дар гузашта муҳоҷирони тоҷик ҳақ доштанд, ки бо сабтиноми худ дар ягон хона ё меҳмонхонаву идора як моҳ дар ҳудуди Қазоқистон бимонанд.

"Рӯҳияи мо аз он чӣ дар гузашта буд, фарқ дорад"

Мулоқоти як ба яки Эмомалӣ Раҳмон ва Назарбоев рӯзи 14-уми март дар Остона сурат гирифт
Мулоқоти як ба яки Эмомалӣ Раҳмон ва Назарбоев рӯзи 14-уми март дар Остона сурат гирифт

Нурсултон Назарбоев дар мулоқот бо Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, аз ӯ ситоиш кард ва гуфт, дар тӯли як соли баъди ба қудрат расиданаш кори зиёд анҷом шуд ва масъалаҳое ҳал шуд, ки даҳсолаҳо роҳи ҳалли худро наёфта буданд. "Рӯҳияи мо аз он чӣ дар гузашта буд, фарқ дорад... Имрӯз мо бо ҳамтоҳо, бо бародаронамон мулоқот мекунем ва хушбахтам, ки Шумо омадед", - гуфт Назарбоев.

Дар тӯли 27 соли ҳукуматдории президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов, дар сернуфустарин кишвари Осиёи Марказӣ, робитаи он кишвар бо Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон бинобар баҳсҳо бар сари роҳҳои транзитӣ, амнияти марзҳо, захираҳои об ва масоили дигар бисёр печида буд.

Таърихи муштарак, фарҳанги муштарак, дарки муштарак

Шавкат Мирзиёев
Шавкат Мирзиёев

Раиси ҷумҳури Қазоқистон дар оғози самити Остона гуфт, ин ҷамъомад бо ибтикори раиси ҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор шуд, ки баъди марги Каримов, дар тирамоҳи соли 2016, ба қудрат расид ва аз он замон барои беҳбуди равобит бо ҳамсояҳо иқдом кард. "Қазоқистон ҳамеша аз равобити танготанги тиҷоратӣ бо давлатҳои ҳамсоя, махсусан Осиёи Марказӣ, ки бо ҳам таърихи муштарак, фарҳанги муштарак, дарки муштарак ва дидгоҳи мутарак ба ҷаҳон дорем, ҷонибдорӣ ҷонидорӣ кардааст", - афзуд Нурсултон Назарбоев.

Ӯ, инчунин, гуфт, "иттиҳоди кишварҳои мо ба фоидаи ҳамаи бошандагони минтақа аст ва рушди тиҷорати минтақавӣ, амнияти минтақавиро мустаҳкам мекунад."

Тошканд - ҷои вохӯрии оянда

Шаш мулоқоти қаблии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, баъд аз суқути Шӯравӣ, ба сурати умум ҳосили зиёд надоштанд ва гузашта аз ин тафовути дидгоҳҳои раҳбарон, махсусан равобити байни Каримов ва Назарбоевро намоиш медоданд.

Раисони ҷумҳур қарор карданд, ки ҳамасола дар остонаи Наврӯз мулоқот мекунанд. Мулоқоти навбатӣ соли оянда дар Тошканд баргузор хоҳад шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG