Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ту аз Тоҷикистон ҳастӣ ва паспорти тоҷикистонӣ дорӣ" Ҳамла ба Латифи Пидром


Латифи Пидром

Нишасти рӯзи 27-уми июн дар порлумони Афғонистон бинобар даргирии лафзӣ ва ҷисмонӣ миёни вакилон нотамом монд.

Латифи Пидром дар тирамоҳи соли 2012 барои талошҳояш дар густариши равобити миёни ҳамзабонон ва форсигӯён, "шаҳрванди ифтихорӣ"-и шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон шудааст

Баҳс дар порлумони Афғонистон аз онҷо бархост, ки Комисcияи мустақили интихоботии он кишвар гуфта буд, вилояти Ғазнӣ ба се ҳавзаи интихоботӣ тақсим шавад. Тибқи ин тасмим вилояти Ғазнӣ ба се ҳавзаи интихоботӣ тақсим хоҳад шуд, то боварӣ ҳосил гардад, ки ҳатто аз минтақаҳои ноамн намояндае ба порлумон роҳ ёбад.

Дар интихоботи порлумонии соли 2010 ҳамаи 11 вакили ин вилоят аз қавми ҳазора ва шиа буданд ва ҳеҷ намояндае аз қавмҳои дигари вилоят, аз ҷумла паштунҳо, ба порлумон роҳ наёфтанд.

Латифи Пидром, намояндаи вилояти Бадахшон дар Маҷлиси Намояндагони Афғонистон ва раиси Ҳизби Кунгураи миллӣ, дар нишасти рӯзи 27-уми июн тасмими Комиссияи мустақили интихоботро як иқдоми "ғайриқонунӣ" ва онро як амали "фашистӣ" хонд. Пидром гуфт, баъзе ҳалқаҳо дар Комиссияи мустақили интихобот ғайриқонунӣ мудохила намуда, мехоҳанд ҳадафҳои худро аз ин роҳ ба даст биоваранд.

Порлумони Афғонистон
Порлумони Афғонистон

Ин суханони Латифи Пидром хашми шуморе аз аъзои порлумонро барангехт ва боиси он шуд, ки ба ӯ ҳамлаи лафзӣ ва ҷисмонӣ намоянд. Аз ҷумла, Камол Софӣ, намояндаи мардуми Кундуз дар Маҷлиси Намояндагон, Латифи Пидромро ба тавҳин ба як қавми хос муттаҳам кард ва гуфт: "Ту (Пидром) аз Тоҷикистон астӣ ва паспорти тоҷикистонӣ дорӣ".

Камол Носир Усулӣ, як вакили дигари порлумон дар вокуниш ба ин суханони Латифи Пидром гуфт, "оё 14 ноҳия дар Ғазнӣ ҳақ надоранд, ки дар интихобот иштирок намоянд? Дар ин 14 ноҳия ҳазораҳо, тоҷик ва паштун зиндагӣ мекунанд. Мо ва шумо бояд ба хотири татбиқи қонун талош намоем. Инҷо бархеҳо фарёд мекашанд ва ин доман задан ба оташи нифоқ дар кишвар аст."

Интихоботи порлумонӣ дар Афғонистон дар тирамоҳи соли ҷорӣ баргузор мешавад ва дар ҳоли ҳозир раванди пешбарии номзадҳо идома дорад. Дар низоми интихоботии ин кишвар, ҳар як вилоят як ҳавза ба ҳисоб меравад.

Вилояти Ғазнӣ дар маркази Афғонистон ҷойгир буда, аксари аҳолии онро ҳазораҳо ва тоҷикону паштунҳо ташкил медиҳад ва яке аз ҳавзаҳои доғи интихоботӣ ба шумор меравад.

Ин бори аввал нест, ки вакилони порлумони Афғонистон дар масоили гуногун вориди даргириҳои лафзӣ ва ҷисмонӣ шуда, бинобар ҳамин, чандин қонунҳо бинобар ин ихтилофот, ба тасвиб нарасиданд.

Латифи Пидром, раиси Ҳизби Кунгураи миллӣ ва намояндаи мардуми Бадахшон дар порлумони Афғонистон ва аз аъзои фаъоли раёсати ҷамъияити "Пайванд" буда, дар тирамоҳи соли 2012 барои талошҳояш дар густариши равобити миёни ҳамзабонон ва форсигӯён, "шаҳрванди ифтихорӣ"-и шаҳри Кӯлоби Тоҷикистонро касб карда буд.

Латифи Пидром ҳангоми муаррифии яке аз китобҳояш дар Душанбе. Моҳи ноябри соли 2013
Латифи Пидром ҳангоми муаррифии яке аз китобҳояш дар Душанбе. Моҳи ноябри соли 2013

Латифи Пидром дар ду даври интихоботи раёсати ҷумҳури ин кишвар номзад ба ин мақом буд. Ин шоир ва сиёсатмадори тоҷиктабори Афғонистон дар таҳкими робитаҳои миёни форсизабонон ва хусусан доираҳои адабии Тоҷикистон ва Афғонистонро саҳми бориз дорад ва дар ҳалқаҳои адабӣ ва сиёсии Тоҷикистон эътироф шудааст. Абдулатифи Пидром зодаи Дарвози Бадахшони Афғонистон мебошад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG