Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон ба баҳр роҳ надорад, чӣ кунад? 4 маслиҳати Ҳонг Вей


Тоҷикистон яке аз кишварҳоест, ки роҳҳои обӣ надорад. Наздиктарин бандари баҳрӣ ба Тоҷикистон Гвадари Покистон ваё Чобаҳори Эрон аст. Барои расидан ба ин бандарҳо низ нақлиёти Тоҷикистонро зарур аст, аз марзи ду кишвар гузарад ва ин мавқеияти ҷуғрофӣ боркашониро то ба Тоҷикистон ва аз он ба хориҷ гарон мекунад.

Ҳонг Вей, муовини раиси Бонки Осиёии Рушд дар умури Осиёи Марказӣ, дар як матлаб чаҳор омилеро зикр кардааст, ки метавонад боис ба рушди кишварҳое мисли Тоҷикистон шавад. Ва мухтасари матлабашро дар зер бихонед:

Бештари кишварҳои Осиёи Миёна, ки ба баҳр дастрасӣ надоранд, аҳолии саводнокиашон баланд ва бо таҳсил фарогирифта доранд.

"Аз 32 кишваре, ки дастрасӣ ба баҳрҳоро надоранд, 12-тои онҳо дар қораи дар ҳоли рушди Осиё ҷойгиранд. Ин кишварҳо асосан бо даромади каму миёна аз якдигар фарқ мекунанд, вале боз ҳам як зумра монандиҳо доранд.

Масалан, кишварҳои осиёӣ, ки ба баҳр дастрасӣ надоранд, хусусан 9 кишвари Осиёи Миёна ва шарқи Осиё, ё аз содироти ашёи хом сахт вобастаанд ваё аз пули муҳоҷирон, ки дар кишварҳои ҳамсоя кор мекунанд. Бинобар ин, онҳо аз тағйироти беруна сахт осебпазиранд. Ин заъфпазирӣ пас аз поин рафтани нархи нафт ва рукуди иқтисодӣ дар Осиёи Миёна дар нимаи соли 2014 бармало шуд.

Барои рушди иқтисоди чунин кишварҳо ҳамгироии онҳо бо иқтисоди ҷаҳон ниҳоят муҳим аст. Хусусан, тавассути тиҷорат ва сармоягузорӣ. Чанд омил вуҷуд дорад, аммо барои чунин таҳаввулот чаҳор омил бисёр муҳим аст.

Ҳонг Вей
Ҳонг Вей

Якум. Мо бояд иқтисоди ин кишварҳоро бо занҷираҳои ҷаҳонии тавлидот пайванд кунем, ҳам аз ҷиҳати физикӣ ва ҳам иқтисодӣ. Чун хароҷоти боркашонӣ то бандарҳои баҳрӣ, ки қисми зиёди тиҷорати ҷаҳон тавассути онҳо сурат мегирад, барои кишварҳое, ки роҳе ба баҳр надоранд, зиёд аст. Аммо монеаҳо дар роҳи тиҷорат танҳо бо интиқоли молу хадамот вобаста нест. Омилҳои ғайримустақим ба мисли расмиёти гумрукӣ, убури марзҳо, нозироти беҳдоштиву фитосанитарӣ рӯз аз рӯз дар рақобатпазирии тиҷоратии кишварҳо нақши муҳим мебозанд.

Кишварҳое, ки роҳи мустақим ба баҳрҳо надоранд, маҳз кори ҳамин соҳаҳоро аз дигар кишварҳо хубтар ба роҳ монанд. Барои пурсамар будан занҷираи робитаҳо дар сатҳи минтақавӣ бояд тарҳрезӣ, амалӣ ва назорат шаванд. Сармоягузориҳо низ бо назардошти гардиши асосии савдо сурат бигиранд.

Дуюм. Гуногунсозӣ (диверсификатсия) ҳамчун ҳадафи дарозмуддати рушди иқтисодӣ идома ёбад. Барои ин, қонунҳое заруранд, ки бахши хусусиро ҳамчун омили асосии гуногунсозии иқтисод ҳавасманд кунанд. Барои рушди муносиботи шарикии давлат ва бахши хусусӣ заминаҳои хуби ҳуқуқӣ хеле муҳим аст. Сармоягузориҳои давлатӣ бояд ба рушди гуногунсозии иқтисод муосидат кунанд.

Сеюм. Бахши молиявӣ дар рушди корхонаҳои хурду миёна нақши калидӣ дорад. Ин корхонаҳо дар навбати худ имконияти бештар барои кор меофаранд ва нерӯи кори изофиро аз соҳаҳои камдаромад бо кор таъмин месозанд.

Чаҳорум. Аҳамияти рушди нерӯи инсониро низ набояд нодида гирифт. Бори дигар таваҷҷуҳро бар сари маориф ва зерсохтори технологияҳои информатсиониву коммуникатсионӣ бояд ҷалб кард. Чун тиҷорат торафт ба интернет мекӯчад ва рақобат дар оянда ба эҳтимоли зиёд бештар миёни навгониҳо, ихтироъву идеяҳо ва дизайн сурат мегирад, на дар истеҳсолот. Ин соҳаҳо, албатта, ба нерӯи кории хуб омӯзишдида такя мекунанд, нисбат ба мошинолоти анъанавӣ.

Маҳз дар ҳамин соҳаҳо кишваре, ки ба баҳр дастрасӣ надорад, бо дигар кишварҳо метавонад рақобат кунад.

Бештари кишварҳои Осиёи Миёна, ки ба баҳр дастрасӣ надоранд, аҳолии саводнокиашон баланд ва бо таҳсил фарогирифта доранд. Бо ин вуҷуд, сифати таҳсил ниёз ба такмил дорад ва омӯзишгоҳҳои касбӣ бояд шогирдони ба талаботи имрӯзи бозори меҳнат ҷавобгӯро тарбия кунанд.

Бонки Осиёии Рушд дар бештари риштаҳо ба кишварҳое, ки дастрасӣ ба роҳҳои обӣ надоранд, дар масъалаи гуногунсозии иқтисод ва густариши робитаҳои иқтисодӣ дар сатҳи минтақа, ҷаҳон ва рушди сармояи инсонӣ кумак мерасонад.

Масалан, яке аз авлавиятҳои Бонки Осиёии Рушд дар Осиёи миёна ин сармоягузорӣ ба сохтмони инфрасохторҳо, аз ҷумла таҳияи 6 долони нақлиётӣ ва лоиҳаҳои энергетикии минтақавӣ мебошад. Ташаббуси сохтмони системаи энержии минтақа, ки аз сӯи Бонки Осиёии Рушд дастгирӣ мешавад, ҳадаф дорад бозори барқро дар минтақа рушд дода, изофии он ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ содирот шавад. Мо ҳамчунон барои боло бурдани сатҳи сифати таълим ва омодагии техникиву касбӣ кумак мекунем."

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG