Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саидмаъруф Саидов куҷо шуд?


Саидмаъруф Саидов ҳамроҳи вакили дифоъ
Саидмаъруф Саидов ҳамроҳи вакили дифоъ

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар истирдодашро аз Русия ба Тоҷикистон манъ карда буд, субҳи 26-уми май аз боздоштгоҳи “Сахарово” ба макони номаълум бурда шуд. Ҳомиёни ҳуқуқ ҳарос доранд, ки эҳтимол Саидмаъруф Саидовро ба таври пинҳонӣ ба Тоҷикистон истирдод мекунанд.

Агар ин шаҳрванди Тоҷикистон, воқеан, гунаҳкор мебуд ва далели кофӣ вуҷуд медошт, Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар ба ҳеҷ ваҷҳ тарафи ӯро намегирифт

Саидовро ҳомиёни ҳуқуқ як муҳоҷири оддӣ медонанд. Аммо мақомоти Русия гуфтаанд, ки ҷониби Тоҷикистон ӯро ба иттиҳоми ҷинояте таҳти пайгард қарор дода ва истирдодашро дархост кардааст. Худи Саидмаъруф Саидов дар моҳи апрели имсол ҳангоми дархости паноҳандагӣ аз Русия гуфтааст, дар сурати истирдод ба Тоҷикистон, мавриди шиканҷаву таҳқир қарор мегирад.

Роза Муҳаммадова, вакили дифои созмони “Мемориал”, гуфт, додситонии шаҳри Маскав бо дастури Додситонии кулл ва бо баҳонаи инки қарори Додгоҳи аврупоиро нагирифтааст, қасд дошт, Саидмаъруф Саидовро ба Тоҷикистон фиристад. Дар ҳоле ки, ба қавли ӯ, Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар истирдоди ин муҳоҷири тоҷикро ба Душанбе ғайри қобили қабул хондааст.

Светлана Ганнушкина
Светлана Ганнушкина

Светлана Ганнушкина – раиси созмони “Кумакҳои шаҳрвандӣ” – рӯзи 26-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, қарори Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар ду рӯзи қабл содир ва нусхааш ба дасти онҳо расидааст. Ӯ гуфт, нусхаи қарор ба Вазорати адлия ва аз тарафи ин ниҳод ба Додситонии кулли Русия ҳам фиристода шудааст. “Агар ин шаҳрванди Тоҷикистон, воқеан, гунаҳкор мебуд ва далели кофӣ вуҷуд медошт, Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар ба ҳеҷ ваҷҳ тарафи ӯро намегирифт”, - афзуд ӯ.

Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар охири соли 2015 давлати Русияро ба пардохти 25 500 евро товон ба шаҳрванди Тоҷикистон Наимҷон Ёқубов муваззаф карда буд.

Ганнушкина мегӯяд, Саидмаъруф Саидов солҳои тӯлонӣ дар Русия кору зиндагӣ карда, якбора масъалаи боздошту истирдодаш ба Тоҷикистон пеш омадааст: “Мо ба ин боварем, ки парвандаи ӯ сохта аст. Чун дар Тоҷикистон мисли кишвари мо мубориза алайҳи терроризм ҷараён дорад. Аммо ба вакилони дифои мо даст дод, ки дар Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар собит кунанд, ӯ гуноҳ надорад ва додгоҳ ҳам қарор кард, ки набояд истирдод шавад.”

Дар Додситонии кулли Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин хабар ва маълумот санҷида мешавад ва феълан дурустии онро рад ё тазкиб карда наметавонанд. Масъулони сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз ҳодиса изҳори бехабарӣ карданд.

Боздоштгоҳи "Сахарово"
Боздоштгоҳи "Сахарово"

Бо ин ҳол, санаи дақиқи боздошти Саидмаъруф Саидов ва иттиҳоми мақомоти Тоҷикистон алайҳи ӯ барои мо маълум нест. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, рӯзи 10 апрели имсол муддати нигаҳдории Саидов дар боздоштгоҳ ба поён расид ва ӯ бояд озод мешуд. Аммо ӯро аз СИЗО ба идораи корҳои дохилии "Якиманка" бурда ва дар онҷо ба иттиҳоми будубоши ғайриқонунӣ дар Русия муттаҳам карданд.

Саидов билофосила вакили дифоъ Роза Муҳаммадоваро аз қазия огоҳ кард ва бо вуҷуди далелҳои вакили мудофеъ, парвандаи Саидов ба додгоҳи “Замоскворетский” фиристода шуд. Дар онҷо дар чанд дақиқа ӯро ба нақзи муқаррароти будубош дар Русия муҷрим шинохта ва ба миқдори 5000 рубл ҷарима бастанд. Инчунин, бо қарори додгоҳ, ӯ аз ҳудуди Русия ихроҷ ва ба Тоҷикистон фиристода мешуд.

Додгоҳи олии Русия рӯзи 23-юми май шикояти Роза Муҳаммадоваро дар бораи манъи ихроҷи Саидмаъруф Саидов ба Тоҷикистон рад кард.

Саидмаъруф Саидов то иҷрои ин қарори додгоҳ дар маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Сахарово ҷойгир шуд ва ҳукми "истирдод" ба Тоҷикистон ба "ихроҷ" табдил ёфт. Додгоҳи олии Русия рӯзи 23-юми май шикояти Роза Муҳаммадоваро дар бораи манъи ихроҷи Саидмаъруф Саидов ба Тоҷикистон рад кард.

Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар охири соли 2015 давлати Русияро ба пардохти 25 500 евро товон ба шаҳрванди Тоҷикистон Наимҷон Ёқубов муваззаф карда буд.

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров
Муҳаммадрӯзӣ Искандаров

Қаблан Ҳабибуллоҳ Насруллоев, раиси собиқи “Тоҷикматлубот”, ки дар соли 2003 бо дархости Душанбе дар Маскав барои қариб ним сол боздошт шуд; Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси ҳизби демократ, ки дар соли 2004 аз Маскав ба таври асроромез ба Душанбе оварда шуд ва сокини Хуҷанд Абдураззоқ Ғаффоров, ки дар Маскав бо ҷурми узвият дар Ҳизб-ут-Таҳрир 20 моҳро дар боздошт ба сар бурд, тавонистанд тавассути додгоҳи Страссбург аз давлати Русия аз 15 000 то 50 000 евро товон рӯёнанд.

Вобаста

XS
SM
MD
LG