Пайвандҳои дастрасӣ

"Соли ҷавонон барои як тоифа бисёр чиз дод, ба тоифаи дигар чизе надод". 2 ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ

Рӯзи 23-юми май ба Даврон Муродов ва даҳҳо ҳамсабақи дигари ӯ дар донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа гуфтаанд, ки ин рӯз ид аст. Дар тақвими Тоҷикистон ин рӯзи ҷавонон аст ва Даврон Муродов, сокини 20-солаи ноҳияи Балҷувон, мегӯяд, бо умеди инки фардо бо диплом донишгоҳро хатм карда, соҳиби ихтисос ва ҷойи кор шавад, таҳсил мекунад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Ин андеша, ки ҷавонон таҷрибаи кофӣ надоранд, иштибоҳ ҳаст. Ба онҳо бояд имкон дод, ки худро нишон диҳанд, нерӯи худро истифода баранд.

Ҷавони дигар Искандар, ки 31 сол дорад, ба фарқ аз Даврон чандон хушҳол нест. Ӯ мегӯяд, аз бекорӣ азият мекашад ва рӯзашро дар бозори марказии Қӯрғонтеппа ба умеди ҳаммолӣ пушти сар мекунад. Вай мегӯяд, ҳанӯз 10 сол пеш фикри ӯ ин буд, ки зиндагиаш бад нест. Он замон дар Русия муҳоҷири корӣ буд ва шаш сол аз ҳисоби кор дар сохтмонҳои онҷо пул меёфт ва даромадашро барои нигоҳубини ҳамсару ду фарзандаш дар Тоҷикистон сарф мекард.

Пурсиш аз мардум: Соли ҷавонон ба кӣ чӣ дод?

Ноомади кор, ба гуфтаи ӯ, замоне буд, ки Искандарро бо сабаби мушкили санадҳояш аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. Инак, се сол мешавад, ки баъди бозгашт ба ватан Искандар даромад ва кори собите надорад. “Аз бародаронам қарз мегирам. Дар ҷое кор намекунам. Ҷойи кор ҳам пайдо карда намешавад. Дар муҳоҷират будам, кори хубе доштам, ки ҳар моҳ ба хона пул мефиристодам ва кам-кам пасандоз мекардем”, - афзуд ӯ.

Искандари 31-сола мегӯяд, гоҳе телевизион тамошо мекунад ва медонад, ки соли 2017-ро ҳукумат соли ҷавонон эълон кардааст. Дар телевизион аз мушкили Искандар намегӯянд, онҷо ҷавонҳои муваффақ ва ҳам донишҷӯёни хушлибосу пешқадамро намоиш медиҳанд. Искандар имсол рафта, худро ба ҳайси як шахси бекор номанавис кунад. Вай мегӯяд, умед дорад, ки баъд аз ин барояш коре пешниҳод мешавад ва ӯ аз афсурдагиву ноумедӣ раҳо хоҳад шуд. Феълан даромади ӯ моҳе на бештар аз 400 сомонӣ аст ва ин маблағ, ба гуфтаи ӯ, барои ҳалли ҳеҷ як мушкили оилавиаш кифоят намекунад.

Дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бекорӣ шояд яке аз умдатарин масоили ҷавонони маҳаллӣ шудааст. Инро мақомот ҳам эътироф мекунанд ва ба гуфтаи Бахтиёр Давлатов, як масъули шуғли аҳолии вилояти Хатлон, аз миёни афроди бекор беш аз 50 дар садашро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ӯ гуфт, дар чаҳор моҳи соли ҷорӣ ба 10 ҳазору 360 нафар ҳамчун бекор ба қайд гирифта шудаанд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, имсол ҳам иди ҷавонон дар Тоҷикистон бошукӯҳ таҷлил шуд. Як барномаи кумитаи ҷавонон марбут ба даъвати гурӯҳи 23-нафараи фарзандони муҳоҷирони тоҷик аз Русия барои дидани ватани бобоиашон будааст. Мизбонони ин барнома мегӯянд, дар ғурбат ва дурӣ аз Тоҷикистон баъзан ҷавонҳои тоҷик асли худро фаромӯш мекунанд ва аз роҳи барномаи фарҳангии имсола онҳо талош доранд муҳоҷирбачаҳоро дар Тоҷикистон бо беҳтарин намунаи суннатҳои миллӣ ошно гардонанд.

Аслишоҳ Акимбеков
Аслишоҳ Акимбеков

Аслишоҳ Акимбеков, журналист ва ҷавони фаъоли тоҷик, ки солиёни охир дар Маскав кору зиндагӣ мекунад ва бо ин ҳайат ба Душанбе омадааст. Ӯ дар Русия истода консерту барномаҳои зиёди фарҳангии марбут ба тоҷикону тоҷикистониёнро барпо мекунад ва мегӯяд, бо онки аз ватан дуранд, аммо ҳамеша дар ёди Тоҷикистон мебошанд.

Имсол, инчунин, бо ташаббуси нашрияи «Вечёрка», маркази фарҳангии «Аржанг» ва Кумитаи ҷавонон барои панҷумин бор раҳпаймои миллии «Роҳи Ваҳдат-2017» баргузор мешавад. Ташаббускорон ҷавононро ба дидани минтақаҳои гуногуни кишвар – вилоятҳои Суғду Хатлон, Бадахшон, минтақаи Рашт ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебаранд ва бо ҳаёти ҳамсолонашон дар манотиқи мухталифи кишвар аз наздик шинос мешаванд.

Шервони Умриддин
Шервони Умриддин

Солҳои охир одат шудааст, ки маъракаҳои марбут ба рӯзҳои ҷавонон бо ширкати шумори зиёди мардум баргузор шавад, то ки рӯҳияи идонаи ин ҷашн дуруст инъикос шавад. Вале мунаққидон мегӯянд, дар кишваре, ки 70 дар сади аҳолиаш ҷавонҳои то 30-сола мебошанд, маъракаҳои идона ва тарғиботи сиёсии давлатӣ роҳҳали мушкили ҷавонон буда наметавонад. “Барои дилгарм кардани ҷавонон бояд нирӯи онҳоро дар рушди иқтисоду иҷтимои кишвар истифода кард”, - мегӯянд мунаққидон.

Шервони Умриддин, як ҷавони фаъол, ки тоза аз кор ронда шудааст, умед дорад, ки ваъдаи барои ҷавонҳо фароҳам овардани шароити бештари корӣ дар Тоҷикистон қисман иҷро мешавад. “Имсол аз кор ронда шудам, вале зиёд ғамгин нестам. Дар маҷмӯъ, соли ҷавонон барои як тоифа ҷавонон бисёр чиз дод, ба тоифаи дигар мутаассифона чизе надод”.

Арзёбиҳои расмӣ мегӯяд, ки аз миёни хизматчиёни давлатӣ ҳоло 44 дар сад кадри ҷавонанд.

Бархе аз ҷавонон мегӯянд, соли ҷавонон гурӯҳе аз ҳамсолони онҳоро то ба маснадҳои раҳбарӣ расонд, аммо дар миёни онҳо ҳама ҳисобшуда ва афроде ҳастанд, ки бесабаб ва ё танҳо ба хотири ҳунару дониш наомадаанд. Як ҷавони корҷӯи дигар гуфт, бовар дорад, дар миёни кадрҳои ҷавон ҳам “худиҳову бегона” вуҷуд дорад. Ин ҷавон, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, зери шиори “ҷавонгароӣ” мақомот боз ҳам наздикони худро ба мақому курсиҳо ҷой мекунанд ва фарзанди деҳқон аз ин барномаҳо бенасиб мемонад.

Вале Сӯҳроб Рауфзода, раҳбари телевизиони "Душанбе" аз сиёсати ҷавонгароии ҳукумат розӣ аст. Вай гуфт, баъд аз таъин шуданаш ба ин мақом дар моҳи феврал 15 ҷавонро ба ин шабака ба кор овард ва раҳбарии бахшҳои муҳимро ба уҳдаи онҳо гузошт. Ӯ мегӯяд, кор бо ҷавонон роҳату осон аст, чун онҳо навовар ва ҳамқадами замонанд.

Сӯҳроб Рауфзода
Сӯҳроб Рауфзода

“Давоми 4 моҳе, ки ба ҳайси раҳбари ин телевизион фаъолият дорам, саъй кардам, дар идораҳои ин муассиса эҷодкорони ҷавонро ба ҳайси роҳбар ҷалб кардам. Албатта, ин андеша, ки ҷавонон таҷрибаи кофӣ надоранд, иштибоҳ ҳаст. Ба онҳо бояд имкон дод, ки худро нишон диҳанд, нерӯи худро истифода баранд. Таҷрибаи ман собит кард, ки эътимод калиди ҳалли мушкилот аст", - афзуд ӯ.

Арзёбиҳои расмӣ мегӯяд, аз миёни хизматчиёни давлатӣ ҳоло 44 дар сад кадри ҷавон будааст. Бо эълони соли 2017, чун соли ҷавонон ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад, аз роҳи ҷалби истеъдодҳои тавонову замонавӣ, ба пешрафти кишвар мусоидат кунад.

Вале коршиносон мегӯянд, бештар бояд дар фикри рушди иқтисод ба хотири таъмини садҳо ҳазор ҷавони дигар бо кору даромад шуд, то ки баъдан масоили мисли ҷинояткориву ифротишавии ҷомеа пуршиддат нагардад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG