Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи ҷазо барои "Занги охир". Волидон – розӣ, хонандагон – норозӣ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон алайҳи баргузории ҷашни “Занги камолот” ҳушдор дода, гуфтааст, дар сурати баргузории ин маърака омӯзгорону мудирони мактабҳо муҷозот мешаванд. Дар пайи шикояти гурӯҳе аз волидон барои ҷамъоварии маблағ аз хатмкунандагон дар мактабҳо, вазорат ба таҳқиқи ин мавзӯъ пардохта, дар баробари “Занги камолот”, “Иди Алифбо” ва “Хайр, боғча”-ро низ расман манъ кардааст. Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм охири ҳафта содир шуд.

Хонандагон мегӯянд, беҳтар аст, роҳе пайдо шавад, ки ҳам хатмкунандаҳо аз як рӯзи хотирмону хуш маҳрум нашаванд ва ҳам пеши роҳи ҳодисаҳои нохуш миёни хонандагони ҷилавгирӣ шавад.

Тасмими манъи баргузории ҷашни “Занги камолот” соли гузашта ҳам расман эълон шуда буд. Мақомот баъди соли 2007 бо қабул шудани қонуни танзими ҷашну маросимҳо гуфтанд, ки ташкили ҷашнҳо дар муассисаҳои таълимӣ ҳам маҳдуд ва таҳти назорат гирифта мешавад.

Эҳсон Хушвақтов, сухангӯи Вазорати маориф ва илм, мегӯяд, ин қарор дар пайи муроҷиати сокинон гирифта шуд, ки бо зангҳои худ аз масъулини маориф мехостанд, дар баробари “Занги камолот” пеши роҳи хароҷоти маросимҳои дигаре мисли “Иди алифбо”-ву “Хайр боғча” ҳам гирифта шавад.

Ҳарчанд қисми зиёди волидон аз ин амри маориф, ки як ҳадафи дигараш ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш аст, тарафдорӣ мекунанд. Аммо худи ҷавонон ва хатмкунандаҳо аз он нороҳатанд, ки аз хушҳолӣ дар хотирмонтарин рӯзашон онҳоро маҳрум мекунанд.

Манижа, ҷавоне, ки соле пеш мактаби миёнаро хатм кардааст, рӯзи 6 май гуфт, дилаш ба хатмкунандагони имсола месӯзад. Ӯ ҳам соли гузашта маҳз барои маҳрум шудан аз хушҳолӣ дар “Занги камолот” ду рӯз гиря карда будааст. “Албатта, алам мекунад, ки 11 сол якҷоя мехонӣ, аммо дар охир наметавонӣ коре кунӣ. Ҳатто наметавонӣ либоси наве, ки бо орзу барои ин рӯз мегирӣ, ба бар кунӣ», - афзуд ӯ.

Бинои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон
Бинои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон

Сарвиноз, як мактабхони дигар мегӯяд, вақте албоми аксҳои хоҳарбузургу волидонашро аз ҷашни “Занги охир” мебинад, хеле нороҳат мешавад. Чун онҳо аз ин рӯз аксҳои хотирмону зебое доранд, вале онҳо аз маросими занги охир ба ҷуз як ҷамъомади хушку холӣ дигар хотирае нахоҳанд дошт. “Дуруст аст, ки аз ҳодисаҳои нохуш бояд ҷилавгирӣ шавад, аммо бояд бо ягон роҳи дигар шавад. Мо мехостем ин рӯз дар хотирҳоямон монад ва мо ҳам фардо ба фарзандонамон аксҳои зебое нишон диҳему нақл кунем аз рӯзи хатми мактаб”, - мегӯяд ӯ.

Қарори нави мақомот барои ба пуррагӣ хомӯш кардани садои занги охир ва пешбинии муҷозот барои омӯзгорону мудирони мактабҳо дар ҳолест, ки солҳои пештар ҳам чандин омӯзгор баъди пайдо шудани навори хонандагонашон дар занги охир бо либосҳои наву мошинҳо дар интернет ҷазо гирифта буданд. Барои мисол дар мактаби рақами 90 пойтахт баъди нашри як навор аз занги охир, муовинҳои мудир аз вазифа сабукдӯш шуданд. Омӯзгорон мегӯянд, онҳо наметавонанд дар рӯзҳои занги охир ба пуррагӣ ва тамоми рӯз хатмкунандаҳоро назорат кунанд, ба ҷуз соатҳое, ки дар мактабанд.

Бо мошинҳои гароннарх ба яке аз мактабҳои Душанбе ҳозир шудани хатмкунандагон. Моҳи июни соли 2014
Бо мошинҳои гароннарх ба яке аз мактабҳои Душанбе ҳозир шудани хатмкунандагон. Моҳи июни соли 2014

Бо вуҷуди талошҳои Вазорати маориф ва дарсҳои фаҳмондадиҳии омӯзгорон дар мактаб ҷиҳати манъи таҷлил аз занги охир, таҷрибаи солҳои гузашта нишон медиҳад, ки бархе аз хонандаҳо баъд аз хатми мактаб ва супурдани имтиҳонот шабнишиниҳои пинҳонӣ ташкил мекунанд.

Ҷавонон мегӯянд, ин роҳ баръакс метавонад боис шавад, то хатмкунандаҳо ҳатто пинҳонӣ аз волидон ҳам, рӯзи охири мактабии худро таҷлил кунанд, ки на ба манфиати на мактаб ва на хонанда хоҳад буд. Ба қавли онҳо, беҳтар аст роҳе пайдо шавад, ки ҳам хатмкунандаҳо аз як рӯзи хотирмону хуш маҳрум нашаванд ва ҳам пеши роҳи ҳодисаҳои нохуш миёни хонандагони ҷилавгирӣ шавад.

XS
SM
MD
LG