Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Маскав даъвои Сулаймонро қонеъ накард (АКС)


Сулаймон Саидов, дар натиҷаи ҳамла аз як чашм маҳрум шуд

Додгоҳи шаҳри Маскав бо қабули қароре гуфтааст, ки омили ҳамлаи бераҳмона ба ҷавони тоҷик дар метрои Маскав “девона” аст ва аз ин сабаб набояд, ӯро ҳоло ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашанд.

Сергей Шишов, вакили дифои муҳоҷири тоҷик Сулаймон Саидов, рӯзи 26-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, дар муҳокимаи додгоҳии рӯзи 17-уми феврал, даъвои онҳо дар бораи ба зиндон кашидани Олег Тсарёвро қонеъ накард ва амр дод, ки ӯ дар шифохонаи бемориҳои рӯҳӣ монда, муолиҷа бигирад.

Соли гузашта додгоҳи ноҳиявии Маскав баъди муҳокимаи Олег Тсарев ба хулосае омад, ки ӯ “ҳушёр нест” ва наметавонад бо ин вазъият дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Сергей Шишов ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд худи ҷавобгару вакилонаш эътироф ақидаи баръаксро баён мекарданд.

“Коршиносон хулоса баровардаанд, ки ӯ ба иттиҳомот дуруст ҷавоб дода наметавонад, шаҳодат дода наметавонад, вале худаш даъвои расмӣ ба додгоҳ бурдааст, ки солим ва ҳушёр аст. “ – гуфт, Сергей Шишов ба Радиои Озодӣ.

Сулаймон қабл аз ҳамла
Сулаймон қабл аз ҳамла

Айни замон додгоҳ амр додааст, ки то замони муолиҷаи Олег Тсарев бояд таҳқиқи парвандаи ҷиноии ӯ қатъ карда шавад. Қарори додгоҳ ба гуфтаи вакили дифоъ Сулаймон Саидовро маъюс кардааст, ҳарчанд ба қавли Сергей Шишов маълум буд, ки додгоҳ ҳамингуна қарор қабул мекунад. Бо вуҷуди онки Олег Тсарев, ки ду аслиҳаи пневматикӣ доштааст ва бар асоси қонун дар Русия танҳо ба онҳое, иҷоза барои гирифтани аслиҳаи пневматикӣ медиҳанд, ки комилан солим ҳастанд. Дигар ин ки ҳар нафаре, ки аслиҳаи пневматикӣ дорад, бояд сари чанд вақт ташхиси тиббӣ гузарад ва назорат шавад.

Сулаймон Саидов ва вакили дифоаш қасд доранд, Олег Тсаревро ба додгоҳи шаҳрвандӣ кашида ва аз ӯ зарари моддиву маънавӣ ва хароҷоти муолиҷаи Сулаймонро талаб кунанд. Ҳаҷми ҷуброн мумкин аст, садҳо ҳазор рубли русиро ташкил намояд. Екатерина Попова, яке аз вакилони дифои Олег Тсарев ҳам рӯзи 26-уми феврал гуфт, ки додгоҳи Маскав, ҳукмро бетағйир гузошт. Ҳоло маълум нест, Олег Тсарев, ки дар шифохонаи бемориҳои равонӣ дар боздоштгоҳи "Бутирка"-и Маскав нигаҳ дошта мешавад, то кай дар онҷо мемонад. Ба гуфтаи Сергей Шишов, мумкин аст, муолиҷа то 10 сол ҳам идома кунад ва ё кӯтоҳтар аз он.

Сулаймон Саидов падари 5 фарзанд ҳоло мунтазири он аст, ки барои муолиҷаи косахонаи осебдидаи сараш тақрибан 200 ҳазор рубли русӣ пайдо кунад. Табибон ба ҷойи як чашми ӯ протез гузоштаанд.

Олег Тсарев рӯзи 8-уми апрели соли 2016 дар метрои шаҳри Маскав ба Сулаймон Саидов ва ҷияни ӯ дарафтода ва ба онҳо гуфтааст, ки дар Русия барои онҳо ҷой нест. Ба гуфтаи худи Сулаймон сипас дар дохили қатори метро аслиҳаи пневматикиашро кашида ва се дафъа ба сару рӯи ӯ тир андохтааст. Ба гуфтаи Сулаймон Олег Тсарев маст буд ва ба маҳзи ворид шудан ба вагон, бо ҷияни ӯ Муҳаммадҷон Ҳакимов вориди моҷаро шуд, ва таҳдид кард, ки "баъд аз се дақиқа кушта мешавед ".

Ҳарчанд ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ки ҳамла ба Сулаймон Саидов дар заминаи бегонаситезӣ ва нафрат ба миллати ғайр сурат гирифтааст, аммо ӯ танҳо “ба қасди куштор” муттаҳам мешавад. Ҳамла ба Сулаймон Саидов дар баҳори соли гузашта, дигарбора баҳсҳо дар бораи бегонаситезӣ дар Русияро барангехт.

Дар он замон Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз давлати Русия хост, ки гунаҳкорро пайдо карда ва ҷазои сазовор диҳад. Дар Русия беш аз як миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон кору иқомат мекунанд ва ҳамлаи миллатгароёну бегонаситезон ба онҳо кам нашудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG