Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакил: Ҳамлагари Сулаймон "ҳушёр" нест


Додгоҳи шаҳри Маскав муҳокимаи парвандаи пурсарусадои ҳамлаи хунсардона ба муҳоҷири кории тоҷикро идома медиҳад, ки дар пеши чашми мардум, дар метрои пойтахти Русия сурат гирифт. Сергей Шишов, вакили дифои Сулаймон Саидов, муҳоҷири осебдидаи тоҷик, ки дар ҳамла аз як чашмаш маҳрум шуд, рӯзи 7 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мурофиа фардо рӯзи 8 феврал баргузор мешавад.

Сулаймон Саидов гуфт, ки ҳарчанд ба ҷойи чашмаш протез гузоштанд ва дарди зиёд эҳсос намекунад, вале барои муолиҷаи косахонаи осебдидаи сараш тақрибан 200 ҳазор рубли русӣ лозим аст.

Зимни мурофиа даъвои Сулаймон Саидов барои ҷазо додани Олег Тсарёв баррасӣ мешавад, ки бо қарори додгоҳ ӯро моҳи декабри соли гузашта барои муолиҷа ба шифохонаи бемориҳои равонӣ фиристоданд. Соли гузашта вакили дифои шаҳрванди 59-солаи Русия дар додгоҳ гуфт, ки Олег Тсарёв, "бемории равонӣ" дорад ва набояд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шавад.

Додгоҳ даъвои Екатерина Поповаро қонеъ кард ва Олег Тсарёвро барои муолиҷаву ташхис ба шифохонаи бемориҳои равонӣ ба боздоштгоҳи "Бутирка"-и Маскав фиристод. Сергей Шишов мегӯяд, азбаски бо қарори додгоҳ розӣ набуданд, дигарбора шикоят карданд, чун Олег Тсарёв солим аст ва барқасдона ба Сулаймон Саидов ҳамла кардааст. "Ба назари мо, ӯ бемор нест, барои аслиҳа иҷоза дошт, борҳо ташхиси тиббӣ шудааст, рафтораш ҳушёрона аст", – гуфт Сергей Шишов.

Ба назари мо, ӯ бемор нест, барои аслиҳа иҷоза дошт.

Ҳоло додгоҳ мунтазири хулосаи дувуми коршиносони додгоҳӣ дар бораи сиҳатии равонии Олес Тсарев аст, вале мутахассисон пофишорӣ доштаанд, ки муттаҳам ба ҷиноят "бемории равонӣ" дорад. "Мутахассисон мегӯянд, ки ӯ намефаҳмад, дар гирду атрофаш чӣ мегузарад. Мурофиашро намефаҳмад. Рафтораш ҳушёрона нест, шаҳодат дода наметавонад. Ҳарчанд аз ҳамон аввал, ки дар мурофиа ширкат дошт, ба суолҳо дуруст ҷавоб медиҳад", – афзуд Олег Шишов.

"Тсарев равонӣ аст"

Додситонҳо низ мегӯянд, қарори додгоҳ дар бораи ба шифохонаи равонӣ фиристодани Олег Тсарев бояд аз эътибор соқит шавад, чун "шифохонаи равонӣ ҷойи ӯ нест" ва ӯ бояд барои “талоши куштани” муҳоҷири тоҷик ҷазо бигирад. Екатерина Попова, вакили дифои Олег Тсарев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба хулосаи коршиносон такя мекунад ва ба ин назар аст, ки Олег Тсарев ҳангоми тир задан ба сару рӯи муҳоҷири тоҷик "аз худ бехуд" будааст. "Агар ӯ муолиҷа мегирад, пас, ӯро бемор эътироф кардаанд", – гуфт Екатерина Попова ба Радиои Озодӣ.

Сулаймон Саидов ҳоло қувваи босираи заиф дорад.
Сулаймон Саидов ҳоло қувваи босираи заиф дорад.

Аммо Олег Тсарев, ки ду аслиҳаи пневматикӣ доштааст ва бар асоси қонун дар Русия танҳо ба онҳое, иҷоза барои гирифтани аслиҳаи пневматикӣ медиҳанд, ки комилан солим ҳастанд. Дигар ин ки ҳар сари чанд вақт ташхиси тиббӣ мегузаранд ва назорат мешаванд.

"Шумо кушта мешавед"

Олег Тсарев рӯзи 8-уми апрели соли 2016 дар метрои шаҳри Маскав ба Сулаймон Саидов ва ҷияни ӯ дарафтода ва ба онҳо гуфтааст, ки дар Русия барои онҳо ҷой нест. Ба гуфтаи худи Сулаймон сипас дар дохили қатори метро аслиҳаи пневматикиашро кашида ва се дафъа ба сару рӯи ӯ тир андохтааст. Ба гуфтаи Сулаймон Олег Тсарев маст буд ва ба маҳзи ворид шудан ба вагон, бо ҷияни ӯ Муҳаммадҷон Ҳакимов вориди моҷаро шуд, ва таҳдид кард, ки "баъд аз се дақиқа кушта мешавед ".

Ҳарчанд ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ки ҳамла ба Сулаймон Саидов дар заминаи бегонаситезӣ ва нафрат ба миллати ғайр сурат гирифтааст, аммо ӯ танҳо “ба қасди куштор” муттаҳам мешавад. Қарор аст, Олег Тсарев дар муҳокима аз тариқи иртиботи телевизионӣ ширкат кунад, Сулаймон ҳам дар мурофиа хоҳад буд.

"Мумкин аст, ки дар Тоҷикистон ҷарроҳӣ кунем"

Ӯ, ки падари 5 фарзанд аст, рӯзи 7 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳарчанд ба ҷойи чашмаш протез гузоштанд ва дарди зиёд эҳсос намекунад, вале барои муолиҷаи косахонаи осебдидаи сараш тақрибан 200 ҳазор рубли русӣ лозим аст, ки онро надорад. "Мумкин дар Тоҷикистон ҷарроҳӣ кунем, агар пул пайдо шавад", - гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ. Баъди балои ба сараш омада, Сулаймон то кунун ба Тоҷикистон нарафтааст.

Ҳамла ба Сулаймон Саидов дар баҳори соли гузашта, дигарбора баҳсҳо дар бораи бегонаситезӣ дар Русияро барангехт. Дар он замон Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз давлати Русия хост, ки гунаҳкорро пайдо карда ва ҷазои сазовор диҳад. Дар Русия беш аз як миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон кору иқомат мекунанд ва ҳамлаи миллатгароёну бегонаситезон ба онҳо кам нашудааст.

XS
SM
MD
LG