Пайвандҳои дастрасӣ

“Гуфтанд, ки акс мегирем, депортатсия мекунем, меравӣ Тоҷикистон” ВИДЕО


Аслонбек Ғафуров ҳоло бо ҳамсару се тифл, аз ҷумла кӯдаки навзод, дар боздоштгоҳе дар шаҳри Толятти мунтазири “депортатсия” ё ихроҷ ба Тоҷикистон аст.

Аслонбек Ғафуров, аз ноҳияи Қумсангир (ҳоло Ҷайҳун), ба ваъдаи мақомоти Русия барои афви муҳоҷирони ғайриқонунӣ бовар кард ва хост, бо истифода аз фурсати якмоҳа санадҳояшро қонунӣ кунад. Аммо баъди муроҷиат ба мақомоти муҳоҷирати Русия ба бало гирифтор шуд ва ҳоло бо ҳамсару се тифл, аз ҷумла кӯдаки навзод дар боздоштгоҳе дар шаҳри Толятти мунтазири “депортатсия” ё ихроҷ ба Тоҷикистон аст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Баъд аз эълони мақомоти Тоҷикистон дар аввали моҳи март, ки Русия ба муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷик барои дуруст кардани санадҳо як моҳ фурсат дод, Аслонбек ба шӯъбаи муҳоҷират дар раёсати умури дохилии шаҳри Толятти муроҷиат кард. Дар онҷо чунин ҷавоб шунид. “Гуфтанд, ки ин гуна фармон набаромадааст. Ба назди раҳбарашон рафтам, гуфтам, ки ҳамин гуна фармон аст, чӣ гуна санадҳоро дуруст кунем. Гуфт, ҳоло мебарем, акс мегирем, депортатсия мекунем, меравӣ Тоҷикистон”, - афзуд ӯ.

Дар интернет баромада буд, ки метавонед, ҳама санадҳоятонро дуруст кунед, мо ҳам мунтазир шудем, ки қонунӣ кунем. Аммо худаму кӯдаконамро дастгир карда ба шӯъбаи пулис оварданд ҳоло ҳаминҷо мунтазир ҳастем.

Афсари милиса аз шӯъбаи умури дохилии Чапаевск ҳамон рӯз қавлашро иҷро кард ва амр дод, ки Аслонбеки 32-солаву ҳамсару фарзандонашро ба додгоҳ баранд ва қарори ихроҷашонро бигиранд.

Дар ҳукми додгоҳи ноҳияи Марказии шаҳри Толятти аз рӯзи 6-уми апрел, ки Аслонбек дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт, омадааст, шаҳрванди Тоҷикистон бар хилофи қонун беш аз мӯҳлати муқарраршуда дар Русия мондааст ва “банди 5-уми Қонун дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русияро” помол кардааст.

Ба гуфтаи додгоҳ, Аслонбек Ғафуров, ҳақ надошт, муддати тӯлонӣ дар Русия бимонад ва бояд барои ин қонуншиканӣ аз 2 то 5 ҳазор рубл ҷарима супурда ва аз Русия ихроҷ карда шавад.

Кӯдаки хурдии Аслонбек дар боздоштгоҳ
Кӯдаки хурдии Аслонбек дар боздоштгоҳ

Аслонбек Ғафуров эътироф кард, ки дар воқеъ ду сол боз дар Русия бо хонаводааш ғайриқонунӣ кору иқомат мекард ва мехост, санадҳояшро дуруст кунад, то аз зиндагии бо тарсу ҳарос раҳо шаванд. “Дар интернет баромада буд, ки метавонед, ҳама санадҳоятонро дар ҳамин ҷо дуруст кунед, мо ҳам мунтазир шудем, ки қонунӣ кунем. Аммо худаму кӯдаконамро дастгир карда ба шӯъбаи пулис оварданд ҳоло ҳаминҷо мунтазир ҳастем”, - гуфт, Аслонбек ба Радиои Озодӣ.

Дар шӯъбаи умури дохилии Чапаевск дар шаҳри Толятти ба муроҷиати Радиои Озодӣ барои шарҳи қазияи боздошти Аслонбек Ғафуров, худдорӣ карданд ва гуфтанд, ки “ҳақ надоранд, аз тариқи телефон доир ба шаҳрвандони хориҷӣ маълумот бидиҳанд.”

То замони поёни мӯҳлати ба истилоҳ афви муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷик дар Русия 5 рӯзи дигар мондааст ва маълум ҳам нест, ки дар ин як моҳ чанд ҳазор аз шаҳрвандони Тоҷикистон тавонистанд, аз муҳоҷири ғайриқонунӣ ба муҳоҷири қонунӣ ва дорои ҳаққи иқомату кор дар Русия табдил шаванд.

Дар додгоҳи ноҳияи Марказии шаҳри Толятти, ки зоҳиран ҳукми каси дигар бо номи Казаковро бо ислоҳи номаш нисбат ба шаҳрванди Тоҷикистон содир кардаанд, гуфтанд, ки Аслонбек Ғафуров ҳақ дошт, дар муддати 10 рӯз ба зидди ҳукм шикоят барад, аммо агар шикоят накарда бошад, қарори додгоҳ ҳукми иҷро мегирад. Ба гуфтаи котиби додгоҳ, “хато дар қарори додгоҳ муҳим нест, зеро ҳукми дигаре содир мешавад, ки дар қарор хатои имлоӣ шудааст.”

Ҳоло Аслонбек Ғафуров, аз шароити бади боздоштгоҳ, ки барои нигоҳубини кӯдаки навзод мувофиқ нест, нигарон аст ва мегӯяд, метарсад, ки фарзандашро бинобар надоштани шаҳодатномаи таваллуд аз онҳо бигиранд: “Ман фурсат наёфтам ҳамаи санадҳои писари навзодамро дуруст кунам. Баъзеашро гирифтам. Ҳоло мумкин аст, ки кӯдакамро ҳам ба мо надиҳанд, бо ин гуфта, ки санад надорад. Метарсам, ки кӯдакамонро мегиранду худамонро хориҷ мекунанд.”

Вазорати умури дохилии Русия моҳи март гуфт, аз 25 март то 24 апрели соли 2017 дар тамоми қаламрави Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон як моҳ мӯҳлат медиҳанд, ки санадҳояшонро барои иқомату кори қонунӣ дуруст кунанд. Дар ин муддат агар муҳоҷир ғайриқонунӣ дар Русия ҳам бошад, барои риоят накардани қоидаҳои иқомат ва кор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешавад.

Яке аз фарзандони Аслонбек
Яке аз фарзандони Аслонбек

Аммо Аслонбек Ғафуров, аввалин касе нест, ки ба қавли худаш фирефтаи ваъдаи мақомоти Русия мешавад. Аз ӯ пеш даҳҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ба Радиои Озодӣ тамос гирифта гуфтанд, ки зимни муроҷиат ба мақомоти муҳоҷирати Русия барои қонунӣ кардани ҳаққи иқомату кор дар ҳамонҷо дастгир ва ба додгоҳ бурда шуданду қарори ихроҷашонро ҳам содир кардаанд.

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон гуфтааст, ҳастанд, мавридҳое, ки мақомоти пулиси Русия аз ноогоҳӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро зимни муроҷиат дастгир мекунанд ва барои гирифтани қарори ихроҷ ба додгоҳ мебаранд.

То поёни мӯҳлати ба истилоҳ афви муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷик дар Русия 5 рӯзи дигар мондааст ва маълум ҳам нест, ки дар ин як моҳ чанд ҳазор аз шаҳрвандони Тоҷикистон тавонистанд, аз муҳоҷири ғайриқонунӣ ба муҳоҷири қонунӣ ва дорои ҳаққи иқомату кор дар Русия табдил шаванд. Аммо Аслонбек дар миёни онҳо нест ва маълум ҳам нест, то кай бо се кӯдаки хурдсолаш дар боздоштгоҳе мемонад, ки ба гуфтаи Аслонбек тоб овардан дар он барои афроди калонсол ҳам сахт аст, чӣ расад ба кӯдакон.

Аслонбек Ғафуров, яке аз садҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷик аст, ки бинобар набудани ҷойи кор дар дохил ба Русия мераванд. Дар ин кишвар таври маълум на камтар аз 1 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон кору иқомат мекунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG