Пайвандҳои дастрасӣ

Лӯлаи бози об дар Душанбе, сард кардани тарбуз зери ҷумаки об дар тобистон, ду соат шустани як мошин саҳнаи оддиест, ки ҳар рӯз дар Тоҷикистон мебинед ва касеро ҳам ба ҳайрат намеорад. Аммо ин саҳнаҳои оддӣ оқибатҳои бади зиёде барои иқтисоди Тоҷикистон доштаанд.

Дар кишварҳои дигар орзу мекунанд

Аз қадимуалаём дар байни халқ мегуфтанд, ки об бисёр азиз аст ва нисбат ба об бисёр эҳтиёткорона рафтор мекарданд. Аммо солҳои ахир фарҳанги истифодаи об андаке коста шудааст

Як таҳқиқи Кумитаи омори Тоҷикистон нишон додааст, ки як сокини кишвар вобаста ба маҳалли зиндагиаш дар як рӯз аз 400 то 14 000 литр об истифода мебарад. Миқдори обе, ки дар кишварҳои дигар орзу мекунанд. Ба гуфтаи муаллифони таҳқиқот, "ин ду баробари меъёри ҷумҳуриявӣ ва якчанд баробар бештар аз меъёри аврупоист."

Ба гуфтаи мутахассисон, чунин шакли истифодаи об на истифода, балки талаф додани об ба ҳисоб меравад. Масалан, дар худи Душанбе истефодаи миёнаи об барои як нафар 570 литрро ташкил мекунад, аммо дар як шабонарӯз як нафар дар Душанбе 1200 литрро талаф медодааст. Барои як инсон кофист, бо ин оби талафшуда, 30 бор душ бигирад ва 13 бор дар мошини ҷомашӯӣ либос шӯяд.

Сабаби талафи об чист?

Муаллифони таҳқиқот, ки дар вебсайти Кумитаи омор нашр шуд, гуфтаанд, "сабаби асосии талафи об, фарсудашавии лӯлаҳои об, сатҳи пасти фарҳанги истеъмол ва ҳам набудани воситаҳои сабти истифодаи об дар Тоҷикистон аст".

Соатҳои тӯлонӣ, гилем шустан дар кӯча, шомгоҳон об задани саҳни ҳавлиҳо дар Душанбе, як кори оддӣ барои сокинони пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон аст. Раҳмонқул Раҳматуллоев, муҳаққиқи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, рӯзи 2-юми феврал гуфт, ҳарчанд об барои мардуми тоҷик, ки дар як минтақаи хушку гарми дунё зиндагӣ мекунанд, арзиши воло дошт, солҳои ахир фарҳанги истифодаи он коста шудааст.

"Аз қадимуалаём дар байни халқ мегуфтанд, ки об бисёр азиз аст ва нисбат ба об бисёр эҳтиёткорона рафтор мекарданд. Аммо солҳои ахир фарҳанги истифодаи об андаке коста шудааст ва қадри об саҳле паст шудааст, ки бо он бепарвоёна рафтор мекунанд", - гуфт, Раҳмонқул Раҳматуллоев.

"Дар хонаҳо талафи об бисёр аст"

Шаҳри Душанбе, то чанд сол пеш бадтарин системаи таъмини оби нӯшокӣ дар қаламрави кишварҳои муштаракулманофеъро дошт. Аммо бо тармими шабакаҳои обтақсимкунӣ ва ҳавзҳои тасфияи об, вазъи таъмини сокинони пойтахт бо оби пок беҳтар шуд.

Фарҳанги истифодаи об ба ғайр аз хонаҳое, ки дастгоҳи ҳисоб кардани ҳаҷми об надоранд, дар дигар ҳавливу хонаҳо тағйир накард. Раҳмонқул Раҳматуллоев, ки худаш ҳам дар хонааш ҳисобкунаки обро дорад, ба Радиои Озодӣ гуфт, “албатта самаранокии истифодабарии об он қадар баланд нест, чунки обченкунакҳо нест, дар хонаҳо талафи об бисёр аст. Ҳозир оҳиста-оҳиста обченкунак мемонанд, ки истифодаи об ба як реҷа дарояд.”

Таъминоти аҳолии шаҳрҳои Тоҷикистон бо облӯлаҳо ё водопровод беш аз 87 фоизро ташкил мекунад, дар деҳот 43 дарсади мардум бо обе таъмин мешаванд, ки бо лӯла ба хонаашон меояд. Аммо як таҳқиқи Бонки Ҷаҳонӣ нишон додааст, ки сокинони чунин деҳот, фақат 5 дарсади хароҷоти солонаи худро сарфи об мекунанд, ки бисёр кам аст. Мақомот пайваста шикоят мекунанд, ки мардум пули обро саривақт намепардозанд ва пул барои тармиму таҷдиди шабакаҳои обрасонӣ намерасад. Баъзан вақт ба сабаби онки насосҳои обкашонӣ аз кор мемонанд, мардуми зиёде аз об маҳрум мешавад, зироати зиёде ҳам аз байн меравад.

Қадри зар заргар бидонад...

Солона дар кишвар 13 миллиард метри мукааб об сарф мешавад ва бино ба гузоришҳо бештар як миллиард метри мукааби об талаф меёбад.

Ба гуфтаи Раҳмонқул Раҳматуллоев, қадри обро бахусус онҳое медонанд, ки аз ин сарвати гаронбаҳои табиӣ дуруст баҳраманд нестанд. “Дар Тоҷикистон мо минтақаҳое дорем, ки аз беобӣ бисёр азият мекашанд. Масалан ноҳияҳои Истаравшан, Деваштич, Шаҳристон, Ашт, Бобоҷон Ғафуров об надоранд”, - мегӯяд Раҳмонқул Раҳматуллоев.

Бахусус онҳое қадри обро медонанд, ки ҳар рӯз бо сатил ба хона об мекашанд. Тақрибан 250 ҳазор сокини Тоҷикистон обро ба хона кашида меоранд, ки мушкилоти зиёди сиҳатӣ барояшон дорад. Як пурсиши заноне, ки ҳар рӯз ба хона бо сатил об мекашанд, нишон додааст, ки 21 дар сади онҳо ба сабаби обкашии зиёд миёндард доранд ва 12 дар сади дигар аз бемориҳои аъзои ҳаракат шикоят кардаанд.

Тоҷикистон - ташнае дар саргаҳи об

Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ яке аз гӯшаҳои гарму хушки курраи Замин ҷойгир аст, ки талаботи даҳҳо миллион аҳолии он ба як сарвати муҳими табиӣ, яъне об сол ба сол меафзояд. Тақрибан 60 дарсади оби ин минтақа аз Тоҷикистон сарчашма мегирад ва об як сарвати асосии кишвар ба ҳисоб меравад.

Солона дар кишвар 13 миллиард метри мукааб об сарф мешавад ва бино ба гузоришҳо бештар як миллиард метри мукааби об талаф меёбад. Мутахассисони зиёде ҳушдорҳои тарснок ҳам медиҳанд, ки мумкин аст, дар инҷо бо тағйири иқлим ва гармтар шудани курраи Замин байни 5 кишвари минтақа Тоҷикистону Узбакистону, Қазоқистону Қирғизистон ва Туркманистон ҷанҷол сар занад. Раҳмонқул Раҳматуллоев мегӯяд, ташвиқу тарғибот дар байни мардум, нишон додани арзиши воқеии об, ки барои расонидани он то ба дари хона пули зиёде сарф мешавад, метавонад, дар истифодаи босамари об кӯмак кунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG