Пайвандҳои дастрасӣ

Деҳқонони суғдӣ имрӯзҳо дар саҳро ба ҷамъоварии ҳосили шолӣ машғуланд. Даҳҳо деҳқонону коргарон дар шолизорҳо ба таври дастӣ, шолӣ дарав мекунанд. Вале барои бархе деҳқонон ин мавсими дарави шолӣ бо мушкил ҳамроҳ аст. Сатҳи рӯди Сир боло хеста, қисмате аз заминҳои шолиро зери об кардааст. Ба гуфтаи деҳқонон, ҳудуди 100 гектар шолизор дар ноҳияҳои Ғафуров, Расулов ва Спитамен зери об монда, эҳтимол дорад ҳосилаш нобуд гардад.

Абдуҷаббор Ғафуров, раҳбари хоҷагии деҳқонии "Ҳаким саркор" дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Ғафуров имсол ба даромад гирифтани хоҷагияш хушбин нест. Зеро шолизорҳои хоҷагияш зери об монданд. Ӯ мегӯяд, ки "6 гектар замини шолиямон зери об монд. Мо аз ин замин 30 тонна шолӣ ва аз он 22 тонна биринҷ мегирифтем ва ба бозор мебаровардем. Имсол ҳосиламон талаф меёбад."

Шолӣ дар шимоли Тоҷикистон умдатан дар мавзеи Ёваи ноҳияи Ғафуров, канори рӯди Сир парвариш мешавад. Ҳамакнун ба хотири паст кардани сатҳи оби Сир аз обанбори Қайроқум пеши роҳи об соҳилбандӣ мешавад ва барои рафъи он дар ҳудуди 400 метр дамба нав боло мекунанд. Даврон, ронандаи трактор мегӯяд, ки "4 рӯз боз 1.5 метр дамба мебардорем. То ҷои харобшудаи дамбаи пештара расида омадем. Ҳозир пеши обро доштем”. Мусоҳибам мегӯяд, ин навбат онҳо пеши роҳи обхезиро гирифтанд ва дар оянда обхезӣ такрор мешавад ва ё на, ба сатҳи рӯди Сир бастагӣ дорад.

Биринҷ як ғизои асосии тоҷикон ва шоликорӣ як бахши аслии кишоварзӣ дар шимоли Тоҷикистон аст. Ҳарчанд тоҷикон аз биринҷ нон намепазанд, аммо аз он даҳҳо навъ таом омода мекунанд.

Абдуазиз Маҳмудзода, масъули бахши донапарварӣ дар раёсати кишоварзии Суғд гуфт, соли гузашта деҳқонони Суғд дар беш аз 8 ҳазор гектар замин шолӣ киштанд ва беш аз 37 ҳазор тонна ҳосил бардоштанд. "Деҳқонони шолипарвари мо асосан биринҷҳои навъи кенҷа ва девзира мегиранд. Асосан деҳқонони ноҳияҳои канори рӯди Сир -- Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Панҷакент парвариш мекунанд. Имсол боз зиёда аз 200 гектар замин зиёд шолӣ кишт кардем ва умед дорем 40 ҳазор тонна ҳосил бардорем",-афзуд ӯ.

Шолӣ ва биринҷи Суғд умдатан ба бозори худӣ ба фурӯш бароварда мешавад. Ва аз ангуштшумор маҳсулоти кишоварзист, ки дар чанд соли охир нархаш камобеш собит боқӣ мондааст. Ҳоло 1 кило биринҷи навъи кенҷа дар бозори Хуҷанд 6 -7 сомонӣ ва девзира баландтар арзиш дорад.

Мафтуна Маҳкамова, як ошпаз дар тарабхонаи "Субҳона" мегӯяд, таомҳои зиёди онҳо, мисли ширбиринҷ, шавла, биринҷоба ва палав аз биринҷ омода мешавад. "Мо ҳар рӯз як дег палав мепазем ва мизоҷони доимии худамонро дорем. Як табақ палав бо нону чойу салад 10-12 сомонӣ нарх дорад ва муштариёнамон розиянд. Мо биринҷро аз бозор, масалан 1-2 тонна мехарем ва агар нархи биринҷ боло равад, ночорем нархи таомро ҳам баландтар кунем. Хайрият, ки нарх зиёд баланд намешавад.”

Масъулони обанбори Қайроқум мегӯянд, аввалҳои ҳамин моҳ бар асари боришоти зиёд, ба ин обанбор 1500 метри мукааб об дар як сония ворид гардида, ба хотири ҷилавгирӣ аз пуршавии обанбор, 1200 метри мукааби он дар ҳар сония ба рӯди Сир сар дода мешуд. Вале боз ҳам ба хотири ҷилавгирӣ аз зери об намондани шолизорҳои канори Сир, сар додани обро боз 200 метри мукааб дар як сония коҳиш додаанд.

Ҳоло дамбаи харобгардида барқарор ва обхезӣ ба заминҳои шолии хоҷагии “Ҳаким саркор” қатъ шудааст. Вале раҳбари ин хоҷагӣ Абдуҷаббор Ғафуров мегӯяд, ҳосили шолии имсолаи онҳо талаф ёфта, намедонанд зиёни молии онҳо ҷуброн хоҳад шуд ё не.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG