Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чархаи аввали "Роғун" 16 ноябр ба кор медарояд


Пиетро Салини ва Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз вебсайти раиси ҷумҳури Тоҷикистон

Пиетро Салини, раҳбари ширкати "Салини Импреҷило" (Salini Impregilo), гуфт, ки ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон ваъда додааст, чарха ё агретагти аввали нирӯгоҳи "Роғун"-ро рӯзи 16-уми ноябри имсол ба кор медароранд. Ин ширкати итолиёвӣ аз соли 2016 боз масъули сохтмони нирӯгоҳи “Роғун" аст.

  • Сохтмони сарбанди нирӯгоҳи "Роғун", ки мақомот онро ҳаёту мамоти Тоҷикистон медонанд, моҳи октябри соли 2016 шуруъ шуд.

Пиетро Салини рӯзи 31-уми январ бо президенти Тоҷикистон дар Душанбе мулоқот кард. Хадамоти матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар ин мулоқот "масъалаи ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати Салини Импреҷило" ва "таъмини иҷрои саривақтии нақшаи корҳои лоиҳавӣ" баррасӣ шудааст.

Маҳалли сохтмони нирӯгоҳи барқи обии "Роғун"
Маҳалли сохтмони нирӯгоҳи барқи обии "Роғун"

​Хабаргузории давлатии "Ховар" ҳам рӯзи 31-уми январ навишт, Пиетро Салини баъди дидор бо Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорон суҳбат карда, аз ҷумла гуфтааст, вай дар мавриди ба кор даровардани чархаи нахустини Роғун ваъда супурд. "Ховар" аз қавли ӯ навишт, "имрӯз ба маҳалли сохтмони нирӯгоҳи барқи обии “Роғун” рафтам ва дар бораи сафарам ба Эмомалӣ Раҳмон гузориш додам. Дар майдони сохтмон корҳо пеш мераванд ва дар қитъаҳои алоҳидаи он шумораи зиёди сохтмончиён фаъолият доранд. Аз пешрафти кор хеле хушҳол ҳам шудам ва ба Ҷаноби Олӣ ваъда додам, ки агрегати якуми “Роғун” 16-уми ноябри соли ҷорӣ ба кор дароварда хоҳад шуд."

Сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Роғун, ки онро Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳаёту мамоти Тоҷикистон номидааст, солҳои Шӯравӣ шурӯъ шудааст. Ба далели ҷанги шаҳрвандӣ, надоштани пул ва ҳам мухолифати кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ ҳукумати Тоҷикистон натавонист, онро такмил кунад ва танҳо соли 2016 ба сохтмони асосии он шурӯъ кард.

Кишварҳои поёноб мегуфтанд, ки дар сурати бастани маҷрои Вахш барои кишту кор оби кофӣ нахоҳанд ёфт. Вале мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, оби обанбори Роғун ба тадриҷ ва дар муддати беш аз як даҳсола ҷамъ мешавад ва ҳеч яке аз кишварҳои поёноб аз об танқисӣ нахоҳанд кашид, зеро маҷро бетағйир мемонад.

Ҳукумати Тоҷикистон барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун 1-уми июли соли 2016 бо ширкати итолиёвии "Салини Импреҷило С.п.А." (Salini Impregilo SpA) созишнома имзо кард. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, маблағи умумии ин созишнома 3,9 миллиард долларро ташкил медиҳад. Танҳо маблағи сохтмони садди асосии нерӯгоҳ ба 1 милларду 950 миллион доллар ҳисоб шудааст.

Давлати Тоҷикистон барои сармоягузории муҳимтарин тарҳаш – нерӯгоҳи Роғун соли гузашта тасмим гирифт, ки 1 миллиард доллар коғазҳои қиматнок ва ё вомбаргҳои давлатӣ нашр кунад. Дар даври нахустин 500 миллион доллари ин вомбаргҳо ба бозорҳои ҷаҳонӣ ба фурӯш гузошта шуд.

Маъракаи “роуд-шоу” ё муаррифии вомбаргҳои Тоҷикистон барои сохтмони Роғун
Маъракаи “роуд-шоу” ё муаррифии вомбаргҳои Тоҷикистон барои сохтмони Роғун

Мақомоти Бонки Миллӣ моҳи сентябри соли гузашта эълон карданд, ки 38 дарсади ин вомбаргҳоро сармоягузорони Амрико, 24 дарсад сармоядорони Бритониё ва 35 дарсади дигарро аз давлатҳои Иттиҳоди Аврупо харидорӣ карданд. Танҳо қисмати ками он – 3 дарсадро сармоягузорони кишварҳои Осиё гирифтаанд.

Садди нирӯгоҳи Роғун бо баландии 335 метр баландтарин дар ҷаҳон мешавад. Нерӯгоҳи Роғун шаш турбинаи 600 мегаватӣ хоҳад дошт ва бо тавоноии 3600 мегават қудратмандтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ мешавад.

Шарҳҳоро бинед (15)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG