Пайвандҳои дастрасӣ

Навбат истодан барои об дар кӯҳистони Тоҷикистон ҳодисаи нодир аст, зеро минтақаҳои кӯҳӣ маъмулан серобанд ва бештари мардум барои ҳамин кӯҳистонро интихоб ва чорводориву зироатпарварӣ мекунанд.

Аммо ҳоло 24 аз 50 хонаводаи деҳаи Қавоқи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (собиқ Шӯрообод), маҷбуранд соатҳову рӯзҳои худро барои об сипарӣ кунанд. Тиллохон, як сокини ин деҳа мегӯяд, азбаски онҳо дар қисмати болои қишлоқ зиндагӣ мекунанд, аз об маҳруманд ва он афроде, ки дар поёнтари деҳа ба сар мебаранд, бидуни ҳеҷ мушкил ба чашмаи об дастрасӣ доранд.

Дар ин деҳа об ҳамагӣ аз як нуқта меояд ва ягонаи манбаи дастрасии сокинони ин деҳа низ ҳамин чашма аст. Чанд сол пеш барои об даъвоҳо зиёд буд ва бо ҷанҷолҳо поён меёфт. Машариф, як муаллим аз ин деҳа мегӯяд, барои сероб кардани киштзорҳои худ, оби кофӣ надоранд. Вай мегӯяд, дар деҳот ҷои кор нест ва талош мекунанд, ки барои таъмини рӯзгор кишоварзӣ кунанд, вале камбуди об онҳоро дасткӯтоҳ кардааст.

Ҳоло муаллим Машариф ва як гурӯҳи ҷавонон деҳа роҳеро пайдо карданд, ки аз моҷаро миёни сокинон бар сари об, ҷилавгирӣ мекунад. Аз ҳар сокини деҳа 317 сомонӣ ҷамъ оварданд ва захираи 5-тоннаи об сохтанд.

Мегӯяд, аз ҳамин захираи об (бушка) 24 хонавода об мегиранд. Дар ним соат ин захира аз об пур мешавад ва онҳо ба навбат эҳтиёҷоти худро бо об бароварда мекунанд. Ин сокинон аммо эҳтимоли ҷанҷол бар сари обро баъид намедонанд, чун киштзорҳо васеъ мешаванд ва ин манбаъ тамоми сол аз об пур нест. Сокинон мегӯянд, ки агар боришот зиёд шуд, захирагоҳи онҳо пур мешавад ва ҳар хонавода метавонад то ду соат аз ин об истифода барад.

Ҳоло мардуми ин деҳаи дурдаст мегӯянд, ки аҳолӣ барои таъмини об ба бушкаи калонтар ниёз доранд, аммо шароити маҳдуди молӣ ба онҳо имконият намедиҳад, ки ин орзуяшон амалӣ шавад. Моҳҳои камобӣ низ дар пеш аст ва барои овардани об аз саргаҳ, ки 10 километр масофа дорад, пул лозим доранд. Муаллим Машариф медонад, ки ҷанҷол дар оянда ҳатман сар мезанад ва ҳоло дар андешаи роҳи нави пешгирӣ аз он аст.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG