Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Ароқчӣ ба кушта шудани як фармондеҳ дар Лубнон


Аббос Ароқчӣ
Аббос Ароқчӣ

Эрон рӯзи 21-уми сентябр кушта шудани як фармондеҳи гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнонро дар ҳамлаи ҳавоии Исроил дар ҷануби Бейрут ба шиддат маҳкум кард. Амрико гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ"-ро созмони террористӣ медонад.

Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, ҳампаймони "Ҳизбуллоҳ" гуфтааст, Ҷумҳурии Исломӣ нақшае барои мустақим ситондани интиқом надорад.

Ба гузориши ИСНО, дипломати баландпояи Эрон гуфтааст, ҳодиса марбут ба "Ҳизбуллоҳ" аст ва "қатъан дар замони муносиб вокуниши муносибе аз худ нишон хоҳад дод."

Артиши Исроил рӯзи 20-уми сентябр эълом кард, ки дар ҳамлаи ҳавоӣ дар Зоҳия, ҷануби пойтахти Лубнон, Иброҳим Ақил – шахси шумораи дуи “Ҳизбуллоҳ” – кушта шуд.

Ӯ яке аз ҳашт узви "Шӯрои ҷиҳод", ниҳоди олии низомии "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон; фармондеҳи амалиёти вижаи ин гурӯҳ ва сарпарасти дастаи “Ризвон” буд. Амрико ӯро дар рӯйхати шахсони таҳти ҷустуҷӯ ва террористҳо ҷой дода, барои ёфтани маконаш 7 миллион доллар ҷоиза таъйин карда буд.

Вазорати тандурустии Лубнон рӯзи 21-уми сентябр хабар дод, ки дар ҳамлаи ҳавоии Исроил ба ҷануби Бейрут 31 нафар, аз ҷумла ҳафт зан ва се кӯдак кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG