Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бадахшон чанд дӯкони шаробфурӯширо бастанд


Акс аз бойгонӣ

Сокинони деҳаи Рошорви ноҳияи Рӯшони Бадахшон тоҷирони деҳаро, ки шароб мефурӯхтанд, маҷбур карданд, дари дӯконҳои худро бибанданд. Ин тасмим дар ҳоле гирифта шуд, ки ҳам мақомот ва ҳам сокинонро афзоиши майзадаҳо дар ин минтақаи кӯҳдоман ба ташвиш овард.

"Дусад нафар аз пой афтоданд"

Ҷавонон шароб нӯшида, дар маъракаҳои хурсандӣ ҷангу ҷанҷол мекарданд. Талоши созмони мо, халифаҳо ва масъулони ҷамоат ин аст, ки ҷавононро аз майзадагӣ боздорем.

Соли гузашта беш аз дусад сокини ин вилоят майзадаи музмин шуданд ва таҳти табобат қарор гирифтаанд. Ҳоло фаъолони деҳаи Рошорв майзадаҳои эҳтимолиро аз иштирок дар тӯю маърака маҳрум кардаанд ва ба онҳо шарт гузоштаанд, ки танҳо баъди тарки одат метавонанд дубора ба ҷомеа ҳамроҳ шаванд. Онҳое, ки тарки одат намекунанд, мавриди муҳокимаи сокинон қарор мегиранд. Рошорв, деҳаи дурдасттарин дар водии Бартанг аст, ки 182 хонавода дорад.

"Маъракаи зидди майзадагӣ"

Зикруллоҳ Тоирбеков, як масъули созмони ҷавонони деҳаи Рошорв рӯзи 31-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ин тасмим дар пайи даъвати раиси вилоят барои коҳиши майзадагӣ гирифта шуд. Ӯ гуфт, талош доранд, ҷавононро ба варзиш ва ҳаёти солим ҷалб кунанд.

Қаблан дар баъзе аз деҳаҳои Қирғизистон низ сокинон нӯшокиҳои спиртиро аз дӯконҳо гирифта, нобуд карданд
Қаблан дар баъзе аз деҳаҳои Қирғизистон низ сокинон нӯшокиҳои спиртиро аз дӯконҳо гирифта, нобуд карданд

"Ҷавонон менӯшиданд ва дар маъракаҳои хурсандӣ ҷангу ҷанҷол мекарданд. Ба корҳои созанда машғул набуданд. Кӯшиши созмони мо, халифаҳо ва масъулони ҷамоат ин аст, ки ҷавононро аз майзадагӣ боздорем", - афзуд ӯ.

Мушкили майзадагӣ танҳо хоси деҳаи Рошорв нест. Даҳҳо сокини Вилояти Худмухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 31-уми январ дар як нома ба президенти Тоҷикистон хостори қатъи фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ дар вилоят шуданд. Ҳатто сокинон пешниҳод карданд, ки Бадахшон минтақаи озод ё пок аз шароб эълон шавад.

Мусодираи беш аз 5 ҳазор литр шароб дар се моҳ

Шодихони Ҷамшед, раиси вилоят, низ аз сокинон, кормандони милиса, халифаҳо ва фаъолони дигари ҷомеа хостааст, ки зидди майзадагӣ иқдом кунанд. Насрингул Некӯшоева, сардори Раёсати тандурустии вилояти Бадахшон, мегӯяд, соли гузашта беш аз дусад нафарро ҳамчун “майзадаи музмин” сабт кардаанд, ки аз 30 то 50-сола буданд. Инҳо афроде ҳастанд, ки ба гуфтаи Некӯшоева, баъди “аз по афтодан” пайвандонашон онҳоро барои табобат ба беморхона бурданд.

"Майзадаҳо аз ин бештар аст, вале мо онҳоеро сабт мекунем, ки барои табобат муроҷиат мекунанд. Онҳоеро, ки муроҷиат накардаанд, сабт намекунем", - гуфт ӯ.

Шодихони Ҷамшед
Шодихони Ҷамшед

Феълан, дар Бадахшон маъракаи мубориза бо майзадагӣ сар шудааст. Мақомот дар се моҳи ахир беш аз 5 ҳазор литр шаробро мусодира кардаанд, ки бисёри онҳо сифати паст доштанд ва қобили истифода набуданд. Дар Бадахшон, ба фарқ аз дигар минтақаҳои Тоҷикистон, машруботи спиртӣ арзон аст. Дар онҷо як шишаи нимлитрии арақро аз се то 15 сомонӣ метавон дарёфт кард. Аз ин рӯ, сокинон мегӯянд, зоҳиран Бадахшон ба як “партобгоҳи арақҳои худсохт ва бесифат” табдил ёфтааст.

"Ҳадаф манъи шароб нест, ҷилавгирӣ аз майзадагист"

Набот Додихудоева, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон мегӯяд, мушкили майзадагӣ дар ин минтақа аз замони Шӯравӣ вуҷуд дошт, вале солҳои ахир ба таври бесобиқа афзоиш ёфт. Ӯ мегӯяд, ҳукумати маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳадаф надоранд, шаробро комилан манъ кунанд. Ҳадаф танҳо ҷилавгирӣ аз майзадагӣ аст.

“Теъдоди майзадаҳо, воқеан, зиёд шудааст. Сабабҳои майзадагиро гуногун арзёбӣ мекунанд. Баъзе афрод бекорӣ мегӯянд, вале мо мебинем, ки на ҳама майзадаҳо бекор ҳастанд. Пештар ин мушкил буд, вале вақте бозорҳо пур аз арақҳои арзон шуд, шумораи майзадаҳо бештар шуд”, - гуфт Додихудоева.

Набот Додхудоева
Набот Додхудоева

Маъмулан дар минтақаҳои Тоҷикистон, ки сокинонаш ҷойи кор ва маконҳои дурусти дилхушӣ надоранд, дилбастагӣ ба шаробу маводи мухаддир ба назар мерасад. Ба унвони мисол, дар шаҳри Кӯлоб, ҷануби Тоҷикистон, беш аз 300 нафар ҳамчун мӯътоди маводи мухаддир сабт шудааст. Соли 2013 дар ин шаҳр беш аз 10 нафар бар асари истеъмоли маводи мухаддир ҷон дод. Коршиносон мегӯянд, ягона роҳи табобати майзадагӣ ва мӯътодӣ фароҳам кардани шуғли дуруст аст.

"Дар миёни ду кӯҳ дигар чӣ кор мекунӣ?"

Шӯҳрат Пайшанбиев, як омӯзгори ҷавон дар Бадахшон мегӯяд, омилҳои аслии рӯ овардани ҷавонон ба шаробхорӣ набуди маконҳои дилхушӣ ва бекорӣ аст. “Шароити зиндагӣ сахт аст. Дар миёни ду кӯҳ дигар чӣ кор мекунӣ? Ба ҷуз аз корҳои давлатӣ ва омӯзгорӣ кори дигар нест. Ҷойи дилхушӣ ва маконҳои фароғатӣ нест. Ҷавононе, ки имкон доранд, ба хориҷи кишвар ё пойтахт барои кор мераванд. Онҳое, ки инҷо бекор ҳастанд, шаробнӯширо ягона воситаи дилхушӣ медонанд”, - шарҳ дод ӯ.

Вилояти Бадахшон аз лиҳози масоҳат калонтарин, вале аз лиҳози шумораи аҳолӣ хурдтарин вилояти Тоҷикистон аст. Дар ин вилоят беш аз 200 ҳазор нафар зиндагӣ мекунад. Иқлими вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон сардтарин дар Тоҷикистон аст. Сардие, ки маъмулан шаробхорон барои “гарм шудан” нӯшокии спиртиро сипар мекунанд.

Шарҳҳоро бинед (20)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG