Пайвандҳои дастрасӣ

Ахиран нозирони Бозрасии давлатии автомобилӣ (ГАИ) дар Душанбе ду ронандаи мусофирбарро боздошт кардаанд, ки яке таҳти таъсири шароб ва дигаре баъд аз истеъмоли маводи мухаддир бо мусофирон дар кӯчаҳои пойтахт ҳаракат мекарданд. Пулиси роҳ мегӯяд, ходимони БДА ҳамон вақт ба кори ронандаи троллейбус шубҳа карданд, ки дар хиёбони Айнӣ “чаппаву роста” ҳаракат мекард. Санҷиши тиббӣ мушаххас кардааст, ки ронанда зери таъсири машруботи спиртӣ қарор дошт ва эҳтимол то вуқӯи фоҷиа чанд лаҳзаи дигар монда буд.

Рӯзи 16-уми ноябри имсол ронандаи микроавтобусе боздошт шуд. Ташхис собит кард, ки ронанда зери таъсири маводи мухаддири ҳашиш қарор дорад.

Пулиси роҳи Тоҷикистон мегӯяд, бо инки дар ду моҳи ахир муҷозот барои вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ сангинтар шудааст, ҳодисаҳои нақзи қоидаҳои роҳ ҳамоно зиёд аст ва танҳо дар давоми ду моҳ дар саросари кишвар 1000 ронандаи сархуш аз шароб ва маводи мухаддир боздошт шудаанд. Аз ин ҳисоб 80 ҳодиса дар Душанбе рух додааст. Ба қавли Мирзо Саидов, сухангӯи БДА-и шаҳри Душанбе, ки рӯзи 21-уми ноябр бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кард, ин ронандаҳо боздошт ва ба мӯҳлати то 15 рӯз ҳабс шудаанд.

Мирзо Саидов мегӯяд, бо инки сархушӣ дар сари чанбараки мошин барои ҳама ронандаҳову роҳгузарон хатарбор аст, масъулияти соҳибони мусофирбарҳо шадидан бештар аст.

Ӯ гуфт, “дар миёни ин афрод як ронандаи троллейбус низ ҳаст, ки дар боздошти вай шахсан ширкат кардам. Ин ронандаи троллейбус дар хиёбони Айнӣ барои қоидавайронкунӣ боздошт шуда буд. Ба далели онки ронанда натавонист маблағи ҷаримаи 15 ҳазор сомониро пардохт кунад, бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ба 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд. Ҳамчунин, 16-уми ноябри соли ҷорӣ ронандаи микроавтобус ё ба истилоҳ "маршруткаи" хатсайри 16 боздошт шуд ва ташхис собит кард, ки ронанда зери таъсири маводи мухаддири ҳашиш қарор дорад. Ин ронанда низ мисли бархе аз ронандаҳои сархуш ба 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд”.

Ҳамакнун, ронандаҳои мусофирбарҳо бо ҳукми додгоҳ аз ҳаққи ронандагӣ дар 5 соли оянда маҳрум мешаванд.

Маҳдии Собир
Маҳдии Собир

Дар давоми чор соли охир дар Тоҷикистон тадбирҳои вижаи ташдиди назорат аз ҳаракат дар роҳ, шурӯъ аз насби дурбинҳои назоратии “Шаҳри бехатар” то сангинтар шудани муҷозоти вайронкунандаҳои қоидаи роҳ амалӣ шуд, вале бо ин вуҷуд, ҳодисаҳои фоҷеабори нақзи муқараррот кам намешавад. Таҳлилгари маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон Маҳдӣ Собир мегӯяд, муҷозоти сангинтари ҷоришуда эҳтимол бо мурури вақт шумори ҳодисаҳои нохуш дар роҳҳоро камтар мекунад. Вале ӯ ҷонибдори он аст, ки барои пешгирӣ аз сархушӣ сари чанбараки мошин дар муҷозоти сангинтар ҷорӣ шавад. Як далели вуҷуди мушкил бо ронандаҳои вайронкунандаи қоидаҳоро ӯ дар фасод ё роҳҳои ғайриқонунии дастрасии ронандаҳо ба муҷаввизи ронандагӣ медонад.

Ӯ гуфт, “ронандаҳои нақлиёти мусофирбар чандон камбағал нестанд, зеро барои интиқоли мусофирон пули зиёде мегиранд. Гузашта аз ин, ба хотири пулдор будан ин ронандаҳо асосан ҳуҷҷати ронандагиро ба истилоҳ “мехаранд”. Ба ин далел, муқаррароти қонун барои ронандаҳои сархуш бояд сангинтар шуда, чунин ронандаҳо ба мӯҳлати то 3 сол ба зиндон маҳкум шаванд. Зеро, чунин ронандаҳо ҳаёти мусофиронро зери хатар мегузоранд.”

Бархе аз ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, барои танзим ва бехатарии кори мусофиркашонҳо шояд ҷорӣ кардани меъёри вижаи иловагӣ зарур аст, то ки ронандаҳои касбиву ботаҷриба ба кор қабул шаванд.

Шеваи ҳаракати мошинҳо дар роҳҳои Тоҷикистон яке аз масоили доимии мавриди интиқод дар забони мардум, мақомот ва матбуот аст. Дар миёни маъмултарин қонуншиканиҳо – ҳаракат бо суръати баланд, риоя нашудани қоидаи ронандагӣ, мастӣ, надоштани ҳуҷҷати ронандагӣ номбар мешаванд. Танҳо дар шаш моҳи соли 2017 дар роҳҳои Тоҷикистон 724 садамаи нақлиётӣ рух додааст, ки дар натиҷаи он зиёда аз 230 нафар ҷони худро аз даст дода, зиёда аз 800 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG