Пайвандҳои дастрасӣ

Дар роҳҳои Тоҷикистон 380 нафар ҷон додаанд. ВИДЕО


Садама дар роҳи Бадахшон

Имсол дар Тоҷикистон рӯзона аз як то ду нафар дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ ҳалок шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ аз аввали сол то моҳи ноябр дар кишвар 1115 садамаҳои нақлиётӣ рух додааст ва дар натиҷаи онҳо 380 нафар кушта ва 1151 нафари дигар маҷрӯҳу маъюб шудаанд.

Бо вуҷуди ин ба гуфтаи Наргисой Тӯйчиева, сухангӯи ин идора, шумораи садамаҳои нақлиётӣ имсол дар Тоҷикистон рӯ ба коҳиш овардаанд. Дар соли 2016 дар Тоҷикистон 422 нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон бохтаанд.

Ба гуфтаи мақомот, сабабҳои асосии садамаҳои нақлиётӣ суръати баланди ҳаракат, беэътиноӣ ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, баромадан ба самти муқобил ва идораи мошин дар ҳолати мастӣ мебошад.

Бозрасии давлатии автомоблӣ ин оморро ба муносибати Рӯзи гиромидошти хотираи қурбониёни садамаҳои нақлиётӣ нашр кардааст, ки Созмони Милал ҳар якшанбеи саввуми моҳи ноябр эълон кардааст.

Яке аз видеоҳои садамаи ваҳшатнок дар Тоҷикистонро инҷо бубинед:

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG